Миробҳои Спитаменро чӣ ташвиш медиҳад?!

Миробҳои ноҳияи Спитамен соли равон тибқи шартномаҳои баста бо хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд ба 10,5 ҳазор гектар об расонанд. Дар ин бора ба мо сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Шавкат Норалиев иттилоъ дод.

-Дар ноҳия 9 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об амал мекунад,- гуфт дар идомаи сўҳбат сарвари миробҳои ноҳия,- бо 7 адад пойгоҳи обкашӣ аз 2 то 3 зина обро кашида, ба кишоварзон медиҳем. Айни ҳол бошад, об ба деҳқонон тавассути сойи «Оқсу» тариқи худҷорӣ расонида мешавад. Аммо оби мавҷуда ҳамагӣ ба 2300 гектар басандагӣ мекунаду халос.

Воқеан ҳам, пойгоҳи «Меҳнат-1», ки дар минтақаи сарҳадӣ бо вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии ҳамсояи Ўзбекистон ҷойгир аст, аз пойгоҳи асосӣ маҳсуб ёфта, тавассути он ба ҷузъ заминҳои ноҳия, ҳамзамон ба заминҳои ноҳияҳои Деваштич Истаравшан ва Зафаробод, дар маҷмўъ ба масоҳати 2 ҳазору 189 гектар об дода мешавад.

Вазъи иқтисодии коргоҳ беҳбудӣ мехоҳад. Зеро, бинобар  пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонии миробҳо қарзи истифодабарандагони об ба санаи имрўз ба 1 млн. сомонӣ расидааст. Дар навбати худ Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия танҳо аз истифодаи қувваи барқ ба маблағи 1 млн. сомонӣ қарздор мебошанд.

Ба ин нигоҳ накарда, миробҳои ноҳия рўҳафтода нестанд ва тамоми кўшишу ғайрати хешро ба он равона кардаанд, то ки ба деҳқонон об саривақт расонида шавад.

Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh