Интихоби тухмии сара ва босифат–гарави ҳосили фаровон

Маъракаи кишти баҳорӣ фаро расид. Деҳқонони вилоят аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, барои кишти зироатҳои баҳориро саривақт анҷом додан азму иродаи қавӣ доранд. Дар хусуси интихоби тухмиҳои серҳосил мухбирамон бо сардори шӯъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудов ҳамсӯҳбат шуд. ӯ доир ба ин масъала фикру андешаҳои худро чунин изҳор намуд:

Манфиати иқтисодии чигити луч

- Дар ҷараёни киштукор интихоби тухмиҳои аълосифату серҳосилро роҳбарияти вилоят борҳо дар машварату ҷаласаҳо бо кормандони соҳаи кишоварзӣ таъкид намудаанд.

Боиси хурсандӣ аст, ки имсол дар оғози кишти баҳорӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят сафари корӣ доштанд ва дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пунбадона расман оғоз бахшиданд. Сарвари давлат ба таҷрибаи деҳқонони ин хоҷагӣ, ки пунбадонаи лучшударо истифода мебаранд, баҳои арзанда дода, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур доданд, ки дар дигар хоҷагиҳои пахтакори кишвар низ аз ҳамин усули хубтару беҳтар истифода баранд.

Кишоварзони хоҷагӣ гуфтанд, ки қаблан дар як гектар беш аз 100 килограмм чигит кишт мекарданд. Акнун баъди луч кардани тухмӣ, имкон ҳаст, 30 килограмм тухмӣ истифода шавад. Ин, пеш аз ҳама, боиси сарфаи маблағ ва як роҳи даромади иқтисодии хоҷагиҳо мегардад.

Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ худ мутахассиси ботаҷрибаи ин соҳа ҳастанду аз рӯзи таъин шуданашон ба ҳайси Раиси вилоят ба рушди кишоварзӣ эътибори алоҳида медиҳанд. Дар ду соли охир маслиҳатҳои неки он кас самараи хуб дода, соҳаи кишоварзии вилоят рӯ ба пешравӣ дорад.  Алалхусус, гузарондани ислоҳот дар соҳа, бо таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии инфиродиву оилавӣ ва соҳиби замин гардидани деҳқонон имконият дод, ки заминҳо самаранок истифода бурда шаванд ва аз онҳо ҳосили фаровон рӯёнида, бозорҳои дохилӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ фаровону нархҳо барои сокинон дастрас бошад.

Дар ин самт Раиси вилоят, пеш аз ҳама, ба роҳбарони хоҷагиҳо ва соҳибони замин дастуру супориш доданд, ки акнун вақти он расидааст, ба интихоби тухмиҳои серҳосили ҳам ватаниву ҳам хориҷӣ аҳамият дода, ҳосилнокиро баланд бардоранд. Дар ҳақиқат, деҳқонон дар ду соли охир бо тавсияи Раиси вилоят аз тухмиҳои босифату серҳосил истифода бурда, манфиати зиёд диданд.

Соли 2016, тибқи дурнамо дар  вилоят ба майдони 62800 гектар кишти пунбадона пешбинӣ шудааст. Баҳри амалӣ шудани ин тадбир имрӯзҳо кишоварзони вилоят ҷаҳди бештаре менамоянд.

Имсол низ кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки  ба шароити маҳал, иқлиму таркиби хок эътибор дода, навъҳои тухмии хосу ба маҳал мутобиқро  интихоб ва кишт намоянд.

Натиҷаи ҷамъбасти соли 2015-ум нишон дод, ки дар хоҷагиҳои алоҳидаи деҳқонию кооперативҳои кишоварзӣ ба риояи қоидаҳои агротехникии парвариши пахта эътибори ҷиддӣ дода, ҳосили фаровон рӯёниданд. Ин, пеш аз ҳама, самараи саривақт киштан, ягонакунӣ, аз алафҳои бегона тоза кардан, гузарондани коркарди байни қаторҳо, озуқадиҳӣ бо риояи таносуби нуриҳои азотӣ, фосфордор, обёрии саривақтӣ, сарчинкунӣ, инчунин ҳимояи ниҳоли пахта аз касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон мебошад.

Бояд гуфт, ки соли 2014 бо ташаббуси Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба вилоят навъҳои чигити серҳосил аз  хориҷи кишвар, ба монанди «ДП – 5111», «ДП – 388», «СД – 406» ворид гардида, дар хоҷагиҳо кишт карда шуданд.

Моҳи августи ҳамон сол дар семинар – машварати вилоятӣ, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба натиҷабардории навъҳои номбурда баргузор гардид, маълум шуд, ки ин чигитҳои киштшуда дар хоҷагиҳо нисбат ба дигар навъҳо бартарӣ дошта, ҳосилнокиашон хеле баланд аст. Ҳамзамон, вобаста ба иқлим ва заминҳои  хокдору санглох дар хоҷагиҳои вилоят  навъҳои босифати маҳаллии «Неъмат», «Сорбон», «Ориёӣ», «Хуҷанд-67» кишт намуда, ҳосили фаровон гирифтанд.

Аз ҷумла, соли сипарӣ бригадаҳои Анвар Ваҳҳобов аз Ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов (шаҳри Конибодом) аз чигити маҳаллии навъи «Хуҷанд-67» - 52,4 сентнерӣ, Абдувалӣ Рӯзиев аз Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулов (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) аз чигити навъи «ДП-5111»-52 сентнерӣ, Хуррам Қурбонов аз Хоҷагии деҳқонии ба номи Рӯзиев (ноҳияи Зафаробод) аз чигити навъи «СД – 406» - 49 сентнерӣ, Нурмат Аҳмадов аз Хоҷагии деҳқонии «Рамз» (ноҳияи Ашт) аз чигити навъи «Синҳюйӣза-39» - 43,6 сентнерӣ пахта гирифтанд. 

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 май соли 2014 дар вилоят Кооперативи истеҳсолии «Иттифоқ» (ноҳияи Ашт), ҶС ба номи Энаҷон Бойматова, Хоҷагии деҳқонии ба номи «Деҳқонбой Исоев» (шаҳри Конибодом), Кооперативи истеҳсолии ба номи Саидхоҷа ӯрунхоҷаев, ҶС ба номи Абдураҳим Ҷумъаев, Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии ба номи Раҳмон Набиев (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), Хоҷагии деҳқонии «Яккатут», Кооперативи истеҳсолии «Тухмипарварии пахта», Хоҷагии деҳқонии «Қаландар-ота» (ноҳияи Ҷаббор Расулов),  ҶС «Гулистон» ва Хоҷагии деҳқонии «Саидқӯрғон» (ноҳияи Спитамен) ҳамчун хоҷагиҳои тухмипарвари пахта вобаста шудаанд. Ҳаминро бояд ёдрас намуд, ки аз ҷумла тухмии навъи маҳаллии «Неъмат» дар ҶС ба номи Абдураҳим Ҷумъаев, Хоҷагии деҳқонии «Қаландар-ота», чигити навъи «Хуҷанд-67» дар ҶС ба номи С.ӯрунхӯҷаев, ҶС «Гулистон», тухмии навъи «Сорбон» дар Кооперативи истеҳсолии «Тухмипарварии пахта», «Ориёӣ» дар ҶС ба номи Энаҷон Бойматова парвариш карда мешаванд.

Хоҷагиҳои зикршуда вазифадор шудаанд, ки баҳри рӯёнидани ҳосили фаровони пахта мутобиқ ба маҳалҳо тухмии навъҳои серҳосилу босифатро коркард намуда, ба хоҷагиҳои пахтакор пешкаш гардонанд.

Дар ин раванд хоҷагиҳои пахтакорро зарур аст, ки пеш аз кишти пунбадона ба мутахассисони соҳа муроҷиат намуда, бо тавсияи онҳо аз ин хоҷагиҳо тухмии навъҳои мутобиқро интихоб намуда, манфиати корро афзун гардонанд.

Инчунин, деҳқонони вилоят аз иштироки Пешвои миллат дар оғози кишти чигит дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯҳу илҳом гирифта, азми қавӣ доранд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки ба кишоварзон доданд, аз ҷумла истифода аз тухмии чигити лучкардашуда кӯшиш менамоянд.

Картошкаи навъҳои маҳаллӣ серҳосиласт

Картошкаро нони дуюм меҳисобанд. Истеҳсоли он дар вилоят сол ба сол зиёд шуда истодааст. Ин фаровониҳо маҳз аз истифодаи навъҳои нави серҳосили картошкаи тухмӣ мебошад.

 Бояд ёдовар шуд, ки то солҳои навадуми асри гузашта барои кишти картошка аз Федератсияи Россия навъҳои  «Лорх», «Невский», «Ҷуковский» ва дигар намуди навъҳоро оварда мекоштанд, ки дар натиҷаи дурудароз истифода бурдан ҳосилнокиашон сол ба сол паст рафта, ба касалиҳо, ба ҳашароти зараррасон тобовар намегардиданд.

Баъд аз соҳибистиқлолии кишвар аз солҳои 2000-ум бо дастуру супориши Ҳукумати кишвар навъҳои «Суперэлита», «Элита», репродуксияи 1-уми навъҳои «Романо», «Аладдин», «Кардинал», «Кондор», «Диоманд» ва «Пикассо» ворид карда шуд .

Инчунин, баҳри рушди соҳаи картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  3 апрели соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ба тасвиб расида буд.

Ҷиҳати таъмин ва иҷроиши ин қарор кишоварзони вилоят соле ба зиёда аз 8000 гектар кишти картошка гузаронида, истеҳсоли онро то ба 230 ҳазор тонна расониданд. 

Ҳамзамон, дар бобати истеҳсоли картошкаи тухмӣ дар вилоят хоҷагиҳои деҳқонии «Овчӣ», «Хоҷаҳо», ба номи Ҳ.Қурбонов (ноҳияи Деваштич) ва «Ғилониён» (шаҳри Панҷакент) фаъолият доранд. Имрӯз ин хоҷагиҳоро низ зарур аст, навъҳои нави тухмии серҳосили мутобиқ ба иқлими вилоятро истеҳсол кардаву ба хоҷагиҳо пешниҳод намоянд.

Имрӯзҳо дар заминҳои шаҳру навоҳии Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Ғончӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ асосан навъҳои серҳосили «Сантэ», «Кондор», « Кардинал», «Ред-фантазия» ва навъҳои маҳаллии  «Ғончӣ», «Овчӣ», «Шукрона», «Нуринисо», «Каримӣ»-ро, ки ба шароити маҳалҳо мутобиқ ва ҳосилнокиашон баланду ба касалиҳо тоб-оваранд, кишт карда истодаанд. Соли гузашта хоҷагиҳои деҳқонии картошкапарварии вилоят аз ҳар гектар аз 350 то 500 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Аз ҷумла, бригадаҳои Мақсуд Норов аз Кооперативи истеҳсолии «Овчии Ғончӣ» (ноҳияи Деваштич) аз тухмии навъи «Пикассо» аз ҳар гектар 500 сентнерӣ, Мансур Шарифов аз Хоҷагии деҳқонии «Миршарофиён» (ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) – 385 сентнерӣ, Рӯзибой Олимов аз Хоҷагии деҳқонии «Деҳаи Поён» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) аз навъи «Алладин» ва Ш.Қобилов аз Кооперативи истеҳсолии «Шоҳон» (ноҳияи Деваштич) аз навъи «Кондор» - 350 сентнерӣ картошка рӯёниданд. Картошкапарварон хуб эҳсос кардаанд, ки аз тухмии навъҳои санҷидашудаи хушсифат ҳосили фаровон ба даст оварда, иқтисодиёти оилавиро таҳким мебахшанд.

Fаллакорӣ: эътибор ба қоидаҳои агротехникӣ

Тибқи дастуру супориши Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони ҷумҳурӣ бояд аз ҳар гектар заминҳои обӣ на кам аз 50 сентнерӣ ҳосили гандум рӯёнанд. Баҳри амалӣ шудани ин дастур Сарраёсати кишоварзии вилоят дар ҳамбастагӣ бо масъулини соҳа тадбирҳои амалӣ меандешад.

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен оид ба истифодаи тухмиҳои босифати ватанию хориҷӣ бо иштироки намояндагони Сарраёсати кишоварзии вилоят, раёсатҳои кишоварзии шаҳру навоҳӣ, шӯъбаи бозрасии назорати давлатии вилоят ва муовинони раисони шаҳру навоҳӣ ва мутахассисони соҳа семинар –машаварат доир гардида буд.

Дар он иштирокчиён истифодаи тухмии навъҳои босифату сараи ватаниву хориҷиро, ки ҳосилнокиашон баланду ба касалиҳо тобоваранд, ба хоҷагиҳои ғаллакор тавсия доданд.

Кооперативи истеҳсолии «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара яке аз хоҷагиҳои ғаллакори таҷрибавӣ ва тухмипарвар дар вилоят маҳсуб меёбад. Ғаллакорони кооператив соли 2015 дар заминҳояшон навъҳои «Краснодар - 99», «Ҷемчуҷина», «Поволҷе», «Одесса», «Иришка», «Старшина» ва «Московская»-ро кошта, ҳосили баланд гирифтанд. Ҳосилнокии баланд дар бригадаҳои Барохон Солиева ва Муслима Халлоқова ба мушоҳида расид, ки онҳо аз навъи «Крас-нодар-99» - 98,5 сентнерӣ гандум рӯёниданд. Ҳамзамон,  кооперативи истеҳсолӣ соли сипарӣ дар 95 гектар барои тухмӣ гандум кошт, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар 81,2 сентнерӣ буда, ба хоҷагиҳои ғаллакори вилоят 200 тонна тухмии босифат фурӯхт. Ҳаминро бояд зикр намуд, ки ҳарчанд тухмӣ босифат бошад ҳам, деҳқононро зарур аст,  ба пар-вариши он эътибори ҷиддӣ дода, қоидаҳои агротехникиро саривақт риоя карда, дар ҳолати ба ҳар гектар 500-550 килогӣ озуқа додан, интизори ҳосили баланд шаванд.

Ба ғайр аз кишоварзони Исфара дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, шаҳрҳои Конибодому Панҷакент низ дар заминҳои обӣ чунин навъҳои тухмии гандумро кошта, аз ҳар гектар 50-60 сентнерӣ ҳосил гирифта истодаанд.   

Имсол бо қадами мубораки Пешвои миллат ва фотеҳаи некашон кишоварзони вилоят кишти зироатҳои баҳориро оғоз намуданд. Онҳо бо рӯҳбаландӣ азм доранд, ки дар соли ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маданияти заминдорӣ ва зироаткориро баланд бардошта, ҳосили фаровон мерӯёнанд ва баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи муносиб мегузоранд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh