Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари ниҳолшинонӣ

Дар ҳудуди Маҷмааи варзишии "20 - солагии Истиқлолият"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода беш аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабзи сарви аризонӣ шинонида шуд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту идораҳо ва масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, саҳми худро дар кабудизоркунии муҳит гузоштанд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулин зарурати тақвияти корҳои ободониву созандагиро таъкид намуда, дастур дод, ки макони мазкур, ки ҳамчун ҷойи истироҳат, тафреҳ ва машқу тамрин хизмат мекунад, бо дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ҳарчӣ бештар сабзу хуррам гардонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh