Ҳалли саривақтии мушкилот ва рушди соҳа

Муҳити тинҷу созгори соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва алалхусус, комплекси агросаноатии кишвари офтобрӯямон мусоидат намуда, дар умум баҳри сарсабзу шукуфоии Ватани маҳбубамон раванди устувору пешрафти бонизомро такмилу таҳким бахшидааст. Ба андешаи банда азму суботи аҳли илм, мутахассисон ва ходимону кулли заҳматкашони филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар вилояти Суғд равшан собит мекунад, ки рафти замон бар уҳдаашон чӣ масъулият, вазифа ва иҷрои корҳои илмиву амалиро  вогузоштааст – боғпарварӣ, токпарварӣ ва сабзавоткорӣ аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатӣ буда, манбаи даромад, омили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, пешрафти иқтисодиёти кишвар будаву ҳаст. Дар масири ин ҳама дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди боғу токпарварӣ, истифодаи самараноки замин, бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ташкили ниҳолхонаҳо, парвариши ниҳолҳои серҳосили мевадиҳанда, самарабахшии киштзорони сабзавоту обчакориҳо аз ҳар корманду мутахассиси соҳаи комплекси агросаноатӣ таҷриба, маҳорат ва қобилияти кордониву неруи зеҳнӣ зарур ва хос аст. Ин аст, ки аҳли илму ходимони филиали мансуби фаъолияти бонизом дар замину об, илму истеҳсолот, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бобати иҷрои уҳдабароёнаи Барномаҳои ҳукуматии боғу токпарварӣ бо нигоҳи равшану дасту дили пок, дилгармона ба замин меҳр бастаанд. Эҳсос мегардад, ки дар ин мавзеъ, яъне дар филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар вилояти Суғд - бо истифода аз таҷрибаҳои бунёдии олимони соҳа тартибу низоми фаъолият ба роҳ монда шудааст.

Зимни суҳбат бо олимон аён гардид, ки аҳли маърифати филиал ба масъалаи интихоби навъҳои нави ояндадори дарахтони меваю ангури ба шароити тағйирёбии иқлим мувофиқ, такмилдиҳии технологияи парвариши пиёзу сабзӣ дар истеҳсолот, ба вуҷуд овардани ниҳолҳои қадпасту миёнақад барои бунёди боғҳои интенсивии мевагиҳо, оид ба ихтироъкориву навоварии қисмҳои кории мошинҳои кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳа аҳамияти хоса медиҳанд.

Бо мақсади таҳлили раванди илм ба истеҳсолот ва рушди иқтисодиёт бевосита бо директори филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мутахассиси ҷавону соҳибмаърифат Алишер Ҳобилов, ки унвони номзади илмҳои биологиро сазовор мебошад, маҳз ҳамин самтро пурсон шудам.

-Барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқот дар филиал ҳафт шуъба ва як озмоишгоҳ роҷеъ ба мевапарварӣ ва буттамевагиҳо, технологияҳои инноватсионии токпарвариву ниҳолпарварӣ, боғдории интенсивӣ, картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ, механиконии кишоварзӣ, агрокимиё, иттилоот, таълим, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ, озмоишгоҳи илмии коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, нуқтаҳои такягоҳии “Сомғор”, “Айнӣ” ва “Исфара” фаъолият мебаранд, -иброз дошт ӯ.

Дар замони ҳозира он мафҳуми таърихӣ - кадрҳо ба ҳама чиз қодиранд, моҳияти худро коста нагардонидаанд. Аз ин лиҳоз, дар шуъбаҳо ва озмоишгоҳи болозикр 31 нафар ходими илмӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 9 нафар номзади илм ва ду нафар доктори  илм мебошанд. Азму суботи ҳама ба раванди “илм ба истеҳсолот” нигаронида шуда, нақши бурду пешрафтро мукаммал менамоянд.

- Дар филиал корҳои илмию таҳқиқотӣ аз рӯи се мавзӯи илмӣ барои солҳои 2021-2025 тасдиқгардида гузаронида мешавад, - мегӯяд А.Ҳобилов.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ходимони илмии филиал барои тарҳрезӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ, токзорҳои сермева тавсияҳои худро дареғ намедоранд ва дар рафти бунёди боғу токзор бевосита иштирок ҳам мекунанд.

Тибқи иттилоъи масъулин моҳи марти соли равон аз майдони модарии тагпайвандҳои қадпаст наздик 17 ҳазор дона қаламча – аз 11 намуди тагпайванд – омода ва қисман дар гармхонаву боқимонда дар қитъаҳои ниҳолхонаи филиал барои решагиронӣ шинонида шуда,  ҳама сарсабзу дар нашъунамоянд.

Сипас аз масъулин пурсон шудам, ки оё дар фаъолияти филиал раванди тухмипарварӣ ҳам хос аст?

–Дар ҳақиқат ҳам, барои истеҳсоли тухмии хушсифат ва вусъатбахшии самти тухмипарварии ибтидоӣ дар қитъаи таҷрибавӣ кишти модартухмиҳои навъҳои сабзии “Мушаки сурх”, “Тиллоранг”, ”Нурлӣ” ва “Нантская-4” гузаронида, натиҷаҳои хуб ба даст оварда шудааст. Дар самти парвариши картошка бошад, филиал истиқболи дурахшон дорад. Картошкаи барвақтӣ аз рӯи нақшаи илмӣ сурат гирифтааст. Навъҳои “Невский”, “Пикассо”, “Жуковский”, “Алладин”, “Балла Роза” ва “Скарлет” кишту парвариш карда мешаванд.

Барои давом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ соли равон иловатан боғи комплексионии зардолу бо истифода аз 32 навъу намунаҳои хуб бунёд карда шудааст, нашъунамои ниҳолҳо дар зери мушоҳида қарор доранд, – афзуд А.Ҳобилов.

Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои илмию таҳқиқоти олимони худро бо Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур, Маркази миллии патенту иттилоот, Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон ҳамоҳанг сохта, баҳри дастовардҳои беҳтарин дар доираи барномаҳои мавҷуда ҷиддан корбарӣ менамояд.

Чунонки дар боло ишора рафт, филиал бобати тарбия ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ, ки асоси пешравии соҳаро таъмин менамояд, диққат ва эътибори алоҳида медиҳад.

Алҳол дар филиал  5 нафар магистрант рисолаи илмии худро дар арафаи ҳимоя омода кардаанд. Як нафар магистр таҳсили худро бомуваффақият идома медиҳад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 1 июни соли 2008 дар суханронии худ дар машварат бо кормандони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус таъкид намудаанд, ки шароит талаб мекунад дурнамои боғу токпарварӣ низоми пешрав дошта бошад. Ва бо мақсади суръати тоза пайдо кардани рушди иқтисодиву иҷтимоиёт боғу токпарварӣ ривоҷ дода шавад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, афзалияти боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ аз он иборат аст, ки дар мавриди риояи дурусти технологияи бунёди боғҳо, интихоби замин, ҷинси дарахтон ва навъҳо, сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникии нигоҳубин аз боғҳои интенсивӣ то 30-40 тонна ва аз боғҳои суперинтенсивӣ то 60-70 тонна аз як гектар ҳосил гирифтан имконпазир аст. Самарнокии боғҳои интенсивию суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои муқаррарӣ даҳҳо маротиба зиёд аст. Дар парвариши он гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, ба монанди шаклдиҳӣ, шохабурӣ, коркарди зидди зараррасонҳою касалиҳо, ҷамъоварии ҳосил сабук ва камхароҷот мебошад.

Воқеан, бахши боғу токпарии соҳаи кишоварзӣ басо даромаднок маҳсуб ёфта, барои фаровонии бозори истеъмолӣ ва дастархони мардум, таъмини сокинон бо ғизои солим, соҳаи саноат бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши калон дорад. Аз ин рӯ, дар асоси дастовардҳои илмӣ ва бо қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондани парвариши он ва ҳалли саривақтии мушкилоти боғпарварон ба рушд ва пешрафти соҳа мусоидат хоҳад намуд.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh