Иштирок дар ҳашари пахтачинӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Details
- Published on Sunday, 06 October 2024 12:29
Рӯзи шанбеи 5 октябр кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ба ҳашари пахтачинӣ баромада, ба пахтакорон кӯмаки худро расониданд.
Гуруҳи калони ҳашарчиён дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштанд ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ барои иштирок дар ҳашари пахтачинӣ ба саҳро омада, дар ҷамъоварии ҳосил саҳми худро гузошт.
Раиси вилоят ҳамзамон ба роҳбарияти ноҳия барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ кардани пахта супоришҳо дода, ба як қатор чинакчиён туҳфаҳо супорид.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз калонтарин ноҳияҳо маҳсуб меёбад, соли равон истеҳсоли 18713 тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Бо оғози мавсмими пахтачинӣ саҳмдорону чинакчиён барои ҷамъоварии ҳосил сафарбар шуда, дар як рӯз аз 200 то 220 тонна пахтаро ба хирман месупоранд. Аз оғози мавсим дар ноҳия беш аз 6800 тонна пахта ҷамъоварӣ ва нақшаи истеҳсол 36 дарсад иҷро гардидааст.
Дар хоҷагиҳои пахтакор ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд