Беҳсозии ҳолат – афзоиши маҳсулот
- Details
- Published on Monday, 15 July 2024 11:18
Дар баробари ин, тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, аз суръати афзоиши назаррас мебошад.
Дар ин бобат мутасаддии бахши кишоварзӣ арз медорад, ки бо мақсади истифодаи оқилонаи замин вориди тухмии аълосифат ва риояи қоидаҳои кишт, зиёд кардани кишти такрорӣ ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва содироти маҳсулоти он дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
Дар баробари истифодаи заминҳои саҳроӣ дар суханронӣ ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони сокинони кишвар фикру андешаи хешро баён дошта, таъкид сохтаанд, ки аз як замин ду-се маротиба ҳосил бигиранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо мақсади истифодаи дурусти заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагию сабзавот ва ҳамчунин дар ҳар як оила захираи маводи ғизоии дусола тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Соли равон дар майдони 6534 гектар ғаллагиҳои тирамоҳию баҳорӣ, дар масоҳати 220 гектар сабзавот, дар 14740 гектар пахта, 785 гектар зироатҳои техникӣ, 120 гектар картошка, 220 гектар сабзавот, 1200 гектар полезӣ ва 5424 гектар зироатҳои хӯроки чорво умуман, дар масоҳати 29053 гектар махсулоти кишоварзӣ кишт ва парвариш карда, бо ин роҳ истеҳсоли ғалладонагиҳоро афзун гардонида, маҳсулоти кишоварзиро зиёд ва бозорҳои сатҳи ҷумҳуриро бо маҳсулоти ватанӣ ғанӣ мегардонанд.
Алъон мувофиқи маълумоти оморӣ кишти ғаллагиҳои тирамоҳӣ иҷро гардида, кишти зироатҳои баҳорӣ бошад, ба монанди ғалладонагиҳо, зироатҳои пахта, сабзавот ва полезӣ дар 1336 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво дар майдони умумии 3752 гектар кишт карда, кор дар ин самт бомаром идома дорад.
- Дар масъалаи ҳолати мелиоративии замин низ чораҳои мушаххас андешида шудааст, - қайд кард сардори идораи кишоварзии ноҳия Раҳим Ашӯрзода, - бо ин мақсад соли равон 51 гектар замин ба нақша гирифта шуда, то ин дам ҳолати мелиоративии 12 гектар замин бо маблағи 9 ҳазор сомонӣ беҳтар карда шуд, ки ин 23,5 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад.
Дар ҳама ҳолат баҳри беҳгардонии корҳои саҳроӣ, хосатан ҳолати мелиоративии он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хоҷагиҳои ноҳияро ҷонибдорӣ намуда, баҳри барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ ва харидории маводи зарурӣ аз ҳисоби буҷети вилоят як миллион сомонӣ ва аз буҷети ноҳия 95 ҳазор сомонӣ равона гардид. Соли сипарӣ бо маблағи 16 миллион сомонӣ як адад муҳаррики нави обкашӣ дастрас гардида, дар пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл -2” корҳои насбкунӣ идома дорад.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои муззами миллат дар боби рушди соҳаи чорводорӣ, паррандапарварию моҳидорию занбӯри асалпарварӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ андешидани чораву тадбирҳои мушаххасро тавсия додаанд.
Аз ин рӯ, дар ноҳия соҳаи чорводорӣ яке аз соҳаи асосӣ ба шумор рафта, дар ин давра 38962 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 23974 сар модагов, 82262 сар моли майда, 105991 сар парранда, 1734 оилаи занбӯри асал ва 188 сар асп парвариш карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ саршумори моли калони шохдор 3710 сар, моли майда 9697 сар ва саршумори парранда 3666 сар зиёд гардидааст.
Сол аз сол истеҳсоли маҳсулоти чорво беҳтар гардида, дар ин давра 582,5 тонна гӯшт, аз ҷумла 257 тонна гӯшти парранда, 2955,7 тонна шир ва 435,7 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ гӯшт 25,1 тонна, шир 115,6 тонна ва тухм 87,7 ҳазор дона зиёд мебошад. Ва ба ин васила аксари маҳсулоти ба базор пешниҳодгардида маҳсулоти ватанӣ мебошад, ки инро Пешвои маҳбуби миллат дар Паёми навбатӣ чунин қайд кардаанд: “... Ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст”.
Дар ноҳияи Зафаробод ду фермаи парвариши моли калони шохдори хушзот “Анис – 2015” (роҳбараш В. Мирзоев), “Пурдил” (роҳбараш Н. Ҷумъаев) ва як фермаи парвариши моли майдаи шохдор (буз) ҶДММ “Ҷаҳида” (роҳбараш Н.Ғоибназаров) фаъолият менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи фермаҳои номбурда на танҳо дар марказҳои савдои ноҳия, балки дар саросари кишвар харидорони худро дорад.
Солҳои охир барои соҳибкорон тамоми шарот муҳайё буда, инчунин онон бо чанд имтиёзҳо бархурдоранд. Дар ноҳия панҷ нафар соҳибкорон – Р. Муродбоқӣ (ҶДММ “Мурғи Марҷон”), Ф. Нормаматов (ҶСК “Ҷасур”), О. Ҷумъаев (ҶСП “Зарнисор”), Х. Бобоев (ҶДММ “Паррандапарварии Зафаробод”) ва Х. Салимов (ҶДММ “Зарнишон 2020”) ба паррандапарварӣ машғул буда, гӯшт ва тухми истеҳсолнамудаашон дар марказҳои савдо ва бозорҳои кишвар дастрас мегардад. Дар ин давра ба миқдори 287,2 тонна гӯшт ва 435,7 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки он 100,2 фоиз ва 125,2 фоизро ташкил медиҳанд.
Бо тавсияи Пешвои маҳбуби миллат солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба соҳаи моҳипарварӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Дар бобати вусъат бахшидани соҳа дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ба соҳибкорон ва кишоварзон оиди хусусияти табобатӣ доштани моҳӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Айни ҳол соҳибкор Олим Саидов ба моҳипарварӣ машғул буда, ҷиҳати афзун гардонидани истеҳсоли он мақомоти маҳаллӣ ва масъулин чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Дар ноҳия баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои зиддиэпизоотикии беҳдошти байторӣ, пешгирии ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон, заҳролудшавии хӯрокворӣ ва пешгирии паҳн шудани касалиҳои зараррасон ва алафҳои бегона як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо баҳри беҳдошти байторӣ ва пешгирии касалиҳои сироятӣ ба 8352 сар моли калону майда ваксина гузаронида шуд, ки ин 88,5 фоизи нақша мебошад.
Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат оид ба тақвият додани корҳо ҷиҳати роҳандозии таҷрибаи муосир дар самти беҳтар намудани тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва механиконии соҳа эътибори ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Аз ин рӯ, баҳри таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо тухмиҳои хушсифат чораҳои зарурӣ андешида, бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳосили соли 2024 ба миқдори зиёда аз 57 тонна гандуми тухмӣ, 19 тонна картошкаи тухмӣ, 850 кило ҷуворимакка барои дон ва дигар тухмиҳои зироатҳо дастрас гардида, кишт шудаанд.
Вобаста ба ин бо дастгирии роҳбарони корхонаҳои коркарди пахта ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ зиёда аз 8 тонна чигити хушсифат кишт шудааст.
Воқеан, Пешвои муаззами миллат дар суханронии хеш оид ба махдуд кардани воридоти ашёи хом аз беруни кишвар ва истифодаи маҳсулои худӣ тавсия додаанд.
Алҳол дар ноҳияи Зафаробод 39 корхонаи хурду калон ва сехҳои истеҳсолие, ки ба истеҳсоли равған, коркарди пахтаю пӯсту пашм, маҳсулоти ширӣ, паррандапарварӣ, қаннодӣ, афшураҳои меваю сабзавот ва хушк намудани пиёз машғуланд, масъулини коргоҳ ашёи хомро аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас менамоянд.
Умуман, кишоварзони ноҳияи овозадори Зафаробод бо мақсади тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи замин, воридоти тухмии аълосифат ва риояи қоидаҳои кишт, зиёд намудани кишти такрорӣ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва содироти он ва таъмини амнияти озуқаворӣ чораву тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”