Бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ
- Details
- Published on Monday, 24 June 2024 09:20
Таъмини амнияти озуқаворӣ, яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ин васила деҳқонони шарафманди кишвар мекӯшанд, кишти картошкаро хуб ба роҳ монда, ҳосили фаровон ба даст оранд. Таҳлилҳо нишон дод, ки ҳамасола майдони кишти картошка афзоиш меёбад. Ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, обёрии саривақтӣ ва меҳнати пайваста дар таъмини маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои дохилӣ мусоидат мекунад. Дар ин радиф мавриди таъкид аст, ки деҳқонони меҳнатқарини вилояти Суғд мекӯшанд, дар ин ҷода муваффақ бошанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ дар сафарҳои кории хеш ба шаҳру навоҳии вилоят дар кишт ва ҷамъоварии картошка бевосита иштирок карда, ба масъулин ҷиҳати пешбурди соҳа супоришҳои мушаххас медиҳад.
Вобаста ба иқлим кишти картошка дар ҳар минтақаи вилоят дар вақтҳои гуногун сурат мегирад. Вақте ба бозорҳои кишвар менигарем, аллакай картошкаи барвақтии ватанӣ ба харидорон пешниҳод шудааст.
Тавре дар шумораҳои гузаштаи нашрия иттилоъ дода будем, имсол тибқи нақша дар майдони 18 ҳазору 500 гектар кишти картошка гузаронида мешавад. Ҳоло дар ноҳияҳои дурдасти вилоят мавсими киштукор бомаром идома дорад. Инчунин тибқи дурнамо бояд дар 1205 гектар замин, кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида мешуд ва нақша ба пуррагӣ иҷро гардид. Тибқи гуфтаи масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят ҳоло ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ ҷараён дорад.
Чун зикр шуд, кишти картошкаи барвақтӣ дар маҳалҳое сурат мегирад, ки иқлими гарм доранд. Қисман заминҳои шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Аштро метавон ба гуфтаҳои болоӣ мисол овард.
Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Назир Давронов бобати масоили болозикр гуфт, ки зиёда аз бист сол инҷониб ба картошкапарварӣ машғул аст ва ҳар сол кӯшиш мекунад аз пештара ҳосили хуб ба даст орад. Заминҳояшро дуруст истифода мебарад ва ба фонди оилавӣ даромади хуб зам мекунад.
- Мардуми мо аз қадим асрори кишоварзиро медонистанд. Банда низ ин пешаро аз падарам омӯхтаам ва кӯшиш мекунам ҳосили фаровон ба даст орам. Шахсе ба кишоварзӣ даст мезанад, ки меҳнатро дӯст медорад. Албатта меҳнати хуб кафили ҳосили дилхоҳ буда, барои вусъати корҳои минбаъда ёрӣ мерасонад.
Дар замини худ, имсол низ картошкаи барвақтӣ кишт намудам ва хуб афзоиш ёфт. Боварӣ дорам, ки натиҷаи меҳнатҳои пайваста самараи хуб меорад. Имрӯз аллакай метавон мавсими ҷамъоварии ҳосилро оғоз кард. Нақша дорем, картошкаро ба бозорҳои вилоят ба фурӯш гузорем,- иброз дошт, мавсуф.
Мутахассиси соҳаи кишоварзии вилоят Ҳумоюн Алибоев гуфт, ки бо иқдоми бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳар рӯзи шанбе ярмарка баргузор мегардад, ки дар он деҳқонони вилоят маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба фурӯш мегузоранд.
Мардум низ хурсанданд, зеро назар ба бозор нарх бисёр арзон аст.
- Деҳқонон мекӯшанд, ҳамасола ҳосили хубу беҳтарро ба даст оранду дар беҳтар намудани шароити оилавӣ муваффақ ва ҳам дар дар рушди иқтисодии кишвар саҳмгузор бошанд. Боварӣ дорам, ҳамасола майдонҳои кишт ва ҳосили арзанда бомаром афзоиш меёбад,- мегӯяд, номбурда.
Бо итминон метавон гуфт, ки деҳқонони шарафманди вилоят, мекӯшанд, бо меҳнати арзанда дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши бориз гузоранд.
Сӯҳроб ОТАЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”