Азхудкунии заминҳо ва рушди моҳипарварӣ дар Панҷакент

Панҷакент аз минтақаҳои кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, аз тарафи мақомоти маҳалӣ ҷаҳати рушди соҳа, татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург, ҷалби сармояи мутсақим, истифодаи мақсадноку оқилонаи заминҳо тадбирҳои зарурӣ мешавад.

Зимни сафари корӣ ба шаҳру деҳоти Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди ҳавзи моҳипарварии ҶДММ «Хайру сафо» дар деҳаи Ғусари Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ баробари анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва фароҳам овардани имконият 10 адад ҳавзи моҳпарварӣ бунёд мегардад. Бо ин мақсад 1,6 км сади муҳофизатӣ сохта шуда, 180 гектар замин самаранок истифода мегардад. 

Дар ин мавзеъ даҳ адад ҳавзи моҳипарварии андозааш 15 бар 25 бунёд меёбад ва дар он асосан гулмоҳӣ, сазан, карп, амури сафед парвариш меёбад.

Ҳамчунин соҳибкорон нақша доранд дар ин мавзеъ тарабхона бунёд намуда, хизматрасонии босифатро ба шаҳрвандон пешниҳод намоянд. Тарабхона бо лоиҳаи хосаи меъмории миллӣ сохта шуда, дар он асосан хӯрокҳои аз моҳӣ тайёргашта ба мизоҷон пешкаш карда мешавад. Бунёди ҳавзҳои нави моҳипарварӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» сурат гирифта, барои таъмини ҳадафи стратегӣ-амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ мусоидат мекунад.

Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон маншаъ гирифта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати умумии ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ 685 гектарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин мавзеъ роҳбари вилоят бо лоиҳаи обёрии 200 гектар заминҳои деҳоти Ғусар шинос гардид. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади дубора ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳо хати нави обрасонӣ кашида мешавад.

Барои ин аз пойгоҳи обкашии “Дупула” ба масофаи беш аз 4 км бо қубурҳои қутраш 325 ва 425 мм об бароварда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки зиёда аз 200 гектар заминҳои хоҷагидорон, ки солиёни зиёд бинобар сабаби норасоии оби полезӣ самаранок истифода намегашт дубора ба кишт ворид карда шавад. Дар ин заминҳо метавон тамоми намуди сабзавоту полезиҳоро кишту парвариш намуда, боғҳои интенсивӣ бунёд кард.

Дар Ҷамоати деҳоти Саразм Раиси вилоят бо лоиҳаи обёрии заминҳои хоҷагии деҳқонии “Шабнам” низ шинос гардид. Ин мавзеъ аз тарафи ҶДММ «Хайру сафо» обёрӣ гардида, аз масофаи 5 км об бароварда мешавад. Соҳибкорон нақша доранд, ки бо баровардани об 550 гектар заминҳоро ба гардиши кишоварзӣ дароранд ва минбаъд марҳила ба марҳила заминҳои обёришаванда то ба 1000 гектар расонида хоҳад шуд.

Дар ин майдон асосан боғи меваҳои себ, шафтолу, зардолу, гелос ва монанади инҳо, ки ба иқлими минтақа мутобиқ аст, бунёд карда мешавад. Истифодаи оқилонаву самараноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва бадин тартиб афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, аз татбиқи ҳадафи стратегӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат шаҳодат медиҳад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh