Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ идома дорад

14 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии «Холи Ашӯр» ва «Лангар» бо кишоварзон суҳбат намуда, барои пурраву беталаф ғунучин намудани ҳосил супоришҳо дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҷамъоварии «тиллои сафед» оғоз ёфта, саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии «Холи Ашӯр» ва «Лангар» барои иҷрои нақша аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Ба иттилои роҳбарияти ноҳия ситоди “Ҳосил - 2023” таъсис дода шуда, раисони ҷамоатҳои деҳоти пахтакор, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва корхонаҳои коркарди пахта барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, ҳавасманд намудани чинакчиён ва сари вақт пардохт кардани музди кори онҳо, қабули пахта дар корхонаҳои коркард вазифадор карда шудаанд.

Имсол дар ноҳияи Мастчоҳ дар майдони беш аз 11 хазору 456 гектар пахта кишт гардида, деҳқонон ҳосили фаровонро интизоранд.

Раиси вилоят ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, аъзо ва роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дастур дод, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ҳосили пахта беталаф ҷамъоварӣ карда шавад.

Бо оғози мавсими ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаҳои коркарди пахта ба қабули ҳосили имсола шуруъ намудаанд. Тибқи иттилои масъулин айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 10 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият мебаранд ва то кунун беш аз 1400 тонна пахта қабул намудаанд.

Раиси вилоят аснои боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шариф Асад» таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони онро ба масъалаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, дастгирӣ ва ҳамкории зич бо хоҷагиҳои пахтакор, таъмини кормандон бо либоси ягона ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ ҷалб намуд.

Маълумот дода шуд, ки роҳбарияти корхона соли равон барои пешбурди фаъолияти хоҷагиҳои пахтакори ноҳия тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, имрӯз аз ҳамкорӣ бо онҳо қаноатманд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh