БЕШ АЗ 400 ҲАЗОР ДАРАХТИ БИСЁРСОЛАЮ СОЯАФКАН ШИНОНИДА МЕШАВАД
- Details
- Published on Monday, 23 January 2023 14:54
Ҳамасола оғоз аз моҳи аввали фасли сармо дар баробари корҳои омодакунии майдонҳои кишоварзӣ, боғоту токзорҳо дар шаҳру навоҳии вилоят дар раванди корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳо бомаром ҷараён мегирад.
Аз ин лиҳоз барои татбиқу амалигардонии ин ҳадафҳои ояндасоз қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз санаи 13 декабри соли 2022, таҳти №454 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои соли 2023» ба тавсиб расида, маъракаи тирамоҳии кабудизоркунӣ дар шароити обу ҳавои мусоид қисман гузаронида шудааст.
Дар ин самт барои шинонидани ниҳолҳою буттаҳои бисёрсолаи ҳамешасабз ва ороишию сояафкан вобаста ба шароити маҳал барои ободонии кўчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот, номгўи ниҳолҳои ба талабот мувофиқ таҳия ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардидааст. Мувофиқи нақшаи имсола дар шаҳру навоҳии вилоят шинонидани 414 ҳазору 377, аз ин ниҳолони бисёрсолаи сояафкани паҳнбарг қариб 138 ҳазор, ҳамешасабзу ороишӣ беш аз 71 ҳазор бех дар назар аст.
Алҳол дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, тибқи маълумоти масъулин беш аз 2600 бех дарахти паҳнбарги сояафкан ва сӯзанбарги ороишӣ шинонида шудааст, ки ин ҳам бошад, шаҳрҳои Хуҷанд‐1014 бех, Гулистон‐250 бех, Бӯстон‐100 бех, ноҳияҳои Мастчоҳ‐750 бех, Ҷаббор Расулов‐178 бех, Бобоҷон Ғафуров‐100 бехро ташкил намуд. Боиси қайд аст, ки маҳз бо иштироки роҳбарияти вилоят ва масъулини дигар сохтору ташкилот моҳи декабри соли сипарӣ дар боғи дендрологӣ истироҳатии ба номи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ аксияи ниҳолшинонӣ ва ободонӣ тибқи барномаи «Мубориза бар зиди биёбоншавӣ» баргузор гардида, дар канори хиёбони маркази ва ҷойҳои холии дарахтшинонии боғи мазкур 8 намуд ниҳоли дарахтони пурарзиши дарозумр, ба монанди булут, саври аризонӣ, кастона, санавбар, павлония, каталпа ва сарви ҳамешасабз, дар маҷмўъ беш аз 800 бех шинонида шуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо, бо мақсади нигоҳ доштани вазъи муътадили муҳити зист ва баҳри тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ, кабудизоркуниву гулшинонӣ, таъмиру таҷдиди ҳар як бино ва маҳалли зист дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияҳои гуногуни экологии оммавӣ бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист гузаронида шудаст. Ҳамагӣ, дар миқёси вилояти Суғд давоми соли гузашта 8 аксия ва амалиёти экологӣ, аз он ҷумла «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил», «Тозагии шоҳроҳ», амалиёти «Ҳавои тоза» ва дигар чорабиниҳое, ки ба беҳбудии муҳити зист равона гардиданд, ҳар моҳ гузаронида, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Бино ба гуфти масъулин соли гузашта низ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дар амал татбиқ намудани бандҳои қарори мазкур нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд ва маъракаи гулу ниҳолшинонӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, кўчаю хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, аз ҷумла боғҳои фарҳангӣ роҳандозӣ гардида буд.
Дар асоси нақшаи корӣ аз тарафи мутахассисони кумита, сарраёсат ва зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ҳолати навниҳолҳои дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ шинонидашуда дар шаҳри Хуҷанд, Бўстон, Истиқлол, Конибодом, Исфара, Истаравшан ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод ва Ҷаббор Расулов санҷида шуд. Дар натиҷа оид ба камбудиҳои ҷойдошта нисбат ба шахсони масъул, ки ба хушкшавии ниҳолҳо роҳ додаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шуд.
Дар натиҷаи таҳлил, фоизи сабзиши ниҳолҳои дар мавсими ниҳолшинонии соли гузашта шинонидашуда 92 фоизро ташкил кард. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки дар як қатор қитъаҳои ниҳолшинонӣ аз бемасъулиятии шахсони масъул қисми ниҳолҳои шинонида хушк шуда, ба камбудиҳо дуруст интихоб накардани мавзеи ниҳолшинонӣ, дар баъзе маҳалҳо ба таври бояду шояд ба роҳ намондани нигоҳубин, риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ, нокифоя ҳифз кардани ниҳолҳои шинонидашуда аз чорвочаронӣ, танқисии оби полезӣ ва мунтазам обёрӣ накардани ниҳолҳои шинонида роҳ дода шудааст. Дар асоси санҷишҳои гузаронида аз тарафи мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ба шахсони масъул пешниҳодҳо дода шуд.
Бино ба гуфти масъулини соҳаи мазкур, бо мақсади иҷрои талаботи қарори мазкур ва банақшагирии шумораи навниҳолҳо барои мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 корбарӣ оғоз гардида, барои пешниҳоди ҷадвали алоҳида бо нишон додани масоҳати минтақа ва ҳудуди барои ниҳолшинонӣ интихобшуда (барои ҳар як ҷамоати шаҳрак ва деҳот) ба зерсохторҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст. Чуноне роҳбарияти вилоят дар ҳамаи баромадҳои худ таъкидан изҳор медоранд, ҳар шаҳрванд дар корҳои ободониву кабудизоркунии маҳалли хеш масъулият эҳсос намуда, дар ободониву хуррамгардонии ҳар гӯшаву маҳалл, шаҳру ноҳияи худ саҳми арзанда гузоранд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”