МАРДИ ДЕҲҚОН: МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ ВА ҲАВАСМАНДИВУ МЕҲНАТ

Мардуми меҳнатдўсти ноҳияи Ҷаббор Расулов чанд сол инҷониб заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, дар он барои парвариши сабзавоти барвақтӣ бунёди гармхонаҳои хурдро ба роҳ монда, ба ин васила дар баробари бозори дохилӣ дигар шаҳру манотиқи кишварро низ бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд.

Тибқи иттилои сардори идораи кишоварзии ноҳия Хайрулло Бобозода дар хоҷагиҳои шакли кишоварзӣ 28 гармхона мавҷуд аст, ки аз он 11 ададаш типи хитойӣ мебошад. То имрўз кишоварзон 23,7 тонна маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз он 3 тоннааш лимў, 5,6 тонна бодиринг, 7 тонна помидор ва 10,6 тонна дигар намуди сабзавот мебошад. Дар хоҷагиҳои аҳолӣ бошад, 103 гармхона дар майдони 5,5 гектар мавҷуд буда, дар он сабзавот аз қабили помидору бодиринг, лимў шалғамчаву кабудиҳо ва дигар намуди сабзавот кишту парвариш шуда истодааст.

То имрўз дар ин гармхонаҳо 45,4 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст, ки аз он лимӯ 10 тонна, помидор 9 тонна, бодиринг 13,2 тонна ва дигар сабзавот 13,2 тонна истеҳсол гардидааст. Дар суҳбат сокини Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия Ҳошим Раҳмонбердиев гуфт, ки дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ шаш гармхонаи хурд, ки ҳар кадомаш аз 1 то 6 сотихӣ мебошад, бунёд ва кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ мондааст. Тавре мо худ шоҳид гаштем, айни ҳол карам, кашничу укроб, сирпиёз ва дигар намуди сабзавот кишт шудааст. Ба гуфти хоҷагидор баъди ба фурўш баровардани сабзавот боз дигар зироат кишт мешавад. Соли гузашта ў дар ин гармхона сабзавот аз ҷумла карам, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва дигар намуди сабзавотро парвариш намуда, ҳосили хуб гирифт.

‐Маҳсулоти гармхонаро асосан ба бозори “Панҷшанбе” и маркази вилоят ба фурўш мебарорем, зеро он ҷо харидори зиёд дорад. Таъсиси гармхона боиси афзоиши даромад, фаровонии рўзгорамон гардид, ‐гуфт ҳини суҳбат Ҳ. Раҳмонбердиев.

Имсол низ ният дорем, майдони гармхонаро зиёд карда, кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, бозорҳои шаҳру навоҳиро таъмин намоем.

Ҳамчунин Абдурасул Ғаффорзода,‐корманди Ҷамоати деҳоти Деҳмой зикр дошт, ки сокинони маҳал заминҳои наздиҳавлигиашонро самаранок истифода бурда, аз ҳар як замин то се чор маротиба ҳосил ба даст меоранд. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳар сол баъди ҷамъоварии кабутиҳо дар майдони як гектар кишти картошкаи барвақтиро дар зери плёнка ба роҳ мемонад, ки ҳосили он то миёнаҳои моҳи май пухта мерасад. Заминҳои наздиҳавлигии аҳолии ҷамоат бештар аз 260 гектарро ташкил медиҳад ва имрўзҳо сокинони минтақа дар парвариши сабзавоти барвақтӣ шуҳратманд гардидаанд.

Дар ҷамоати мазкур 3 ҳазору 265 хоҷагӣ мавҷуд буда, аз он наздик як ҳазор хоҷагӣ бо чунин усул парвариши сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, даромади хуб ба даст меоранд. Абдуманнон Эгамов низ дар замини наз‐диҳавлигии худ гармхонаҳои хурд ташкил карда, дар он парвариши сабзавотро ба роҳ мондааст. Ў хурсанд аз он аст, ки маҳсулоти кишткардааш дар бозорҳои маҳаллӣ ба фурўш рафта, аксари фурўшандаҳо ўро мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ҳангоми суҳбат зикр намуд, ки имрўз аз ин ҳисоб зиндагиашро пеш бурда истодаасту бо ин васила саҳми худро дар таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ мегузорад.

‐Агар идораҳои масъул ба хоҷагиҳо баҳри таъмин бо навъҳои беҳтари тухмӣ ва кўчатҳо шароити мусоид фароҳам созанд, барои пешрафти соҳа қадами ҷиддие хоҳад буд. Имрўзҳо сабзавоти тару тоза аз ҳисоби маҳсулоти гармхонаҳо дар бозорҳои ноҳия фаровон аст. Тавассути сари вақт таъмин гардидани фурўшгоҳҳои ноҳия бо маҳсулоти гармхонаҳо нархи сабзавот муътадил аст. Айни замон дар фурўшгоҳҳои ноҳия нисбат ба минтақаҳои дигари вилоят сабзавот хеле арзон буда, сифаташ беҳтар аст, ‐мегўяд раиси Кумитаи маҳаллаи деҳаи Деҳмой Ҳомидҷон Эгамов.

Ҳамчунин, Эргашев Маҳмадҷон, сокини деҳаи Заркори ҷамоати мазкур дорои 18 садяк замини наздиҳавлигӣ буда, аз 0,5 садяки он гармхона ташкил намудааст, ки дар он сабзавоти барвақтӣ ба монанди помидору бодиринг кишту парвариш мекунад. Бояд гуфт, ки моҳи август дар ин гармхона бодиринг парвариш шуда ҳосили он имрўз ба бозорҳо бароварда шуда истодааст. Моҳи феврал бошад, помидор кишт намуда, моҳи май ҳосили онро ба фурўш мебарорем,‐гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки истифодаи босамари ҳар ваҷаб замин ва рўёнидани ҳосили дилхоҳ омили асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба ҳисоб меравад. Воқеан ҳам имкони соҳиби замин гардидану шароити мустақилона зироат кишт намудан ва фоида ба даст овардан барои кишоварзону сокинони мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ фароҳам омад.

Махсусан таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва қабули Барномаҳои рушди соҳа боиси пешрафти бахши кишоварзии мамлакат гардид. Деҳқонону кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, баҳри рўёнидани ду се ҳосил аз як замин аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода менамоянд. Чун деҳқонон дар фаъолияти хоҷагидорӣ мустақил мебошанд, аз ин лиҳоз бештар ҳамон зироатҳоеро кишту парвариш менамоянд, ки фоидаи хуб диҳад.

Роҳандозии фаъолияти гармхонаҳои хурд ва парвариши зироат дар зери плёнка дар фасли зимистон барои таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин дар мавриди гирифтани чанд намуд ҳосил аз як майдон ба рушди иқтисодиёти сокинон нақши муҳим дорад. Аз рўи мушоҳидаю таҳлилҳо маълум мегардад, ки дар гармхонаҳои хурди наздиҳавлигии дар ноҳия мавҷудбуда, ба бозори вилоят маҳсулоти тару тоза ворид карда мешавад.

Таҷрибаҳо собит сохтаанд, ки бо ташкили гармхонаҳои хурд ва оқилона ба роҳ мондани парвариши сабзавот метавон ҳам манфиати хуби иқтисодӣ бардошту ҳам ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ муваффақ шуд. Ин аз марди деҳқон масъулиятшиносӣ ва ҳавасмандиву меҳнатро тақозо дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh