ҒАЛЛА - манбаи асосии рўзгор

Дар қаламрави вилоят сол то сол заминҳо ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, барои бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин кардан заминаи мусоид фароҳам меояд. Парвариши бештари ғалладонагиҳо дар замони гаронии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба манфиати сокинони кишвар ҳисобида мешавад. Аз ин ҷост, ки сокинон дар кишти такрорӣ ба заминҳои худ кишти ғалладонагиҳоро аз қабили мош, нахӯд, гандум ва ҷуворимакка ба роҳ мондаанд.

Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дастур оид ба захира намудани маводи хӯрокаи дусола дар ҳар оиларо таъкид месозанд, сокинон низ талош доранд, то дар анбори худ маводи озуқа захира созанд. Супоришҳо ва раҳнамоиҳои Роҳбари кишварро сокинони кишвар, аз ҷумла, вилояти Суғд сармашқи кори худ намуда, имрӯзҳо бо ҷамъоварии ғалладонагиҳои парваришнамудаи худ машғуланд. Дар як сол то се маротиба рӯёнидани ҳосил аз заминҳо ба деҳқонон албатта, манфиатовар гардид.

Дар ин замина деҳқонон ва зироаткорони миқёси вилоят бештар таваҷҷуҳ ба кишти такрории зироатҳо дода истодаанд. Тавре, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода дар суҳбат бо мо иброз дошт, соли равон дар ҳама намуди шаклҳои хоҷагидории вилоят дар масоҳати 279 ҳазору 767 гектар кишту парвариши зироатҳо ба роҳ монда шуда, то ин дам истеҳсоли ғалла ва ҷуворимакка 294 ҳазору 919 тонна ҷамъоварӣ гаштааст, ки нисбат ба соли гузашта 64 ҳазору 988 тонна зиёд аст.

Аз ҷумла гандум 168 ҳазору 960 тонна ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли рафта 38 ҳазору 793 тонна зиёд мебошад. Кишоварзони вилоят дар пешбурди сиёсати аграрии кишвар дар хусуси самаранок истифода бурдани замин ва аз як замин гирифтани се‐чор ҳосил аз маслиҳат ва тавсияҳои олимони соҳаи кишоварзӣ истифода бурда, ғалладонагиҳои намудҳои гуногунро кишт мекунанд.

Дар радифи кишоварзон сокинон низ имрӯзҳо баҳри зимистонгузаронӣ ба парвариши ғалладонагиҳо машғуланд. Ҳамсуҳбати мо аз ноҳияи Ашт Лолахон Ҷуманова мегӯяд, ки дар замини наздиҳавлигиаш кишти такрории ғалладонагиҳо, аз қабили лӯбиё, ҷуворимакка ва нахӯдро кишт карда, аллакай ҳосилашро ҷамъоварӣ намудааст, ки барои зимистонгузаронии хонаводааш кӯмак шавад. Ҳамсуҳбатамон иловатан гуфт, ки парвариши ҷуворимакка ва ҷав барои онҳо ҳамчун дон бисёр зарур мебошад, ки барои истеъмоли чорвояшон ҳар рӯз лозим мешавад. Назар ба нақли ҳамсуҳбати мо, дар деҳаи Хиштхонаи ноҳия сокинон дар кишти такрорӣ ба парвариши ғалладонагиҳо пайваста машғул мешаванд.

Парвариши ғалладонагиҳо дар ноҳияи Деваштич низ хуб ба роҳ монда шудааст. Кишоварзони ноҳия ҳар сол дар як замин чанд намуд зироатро парвариш мекунанд. Бино ба гуфти муовини сардори раёсати кишоварзии ноҳия Абдумалик Ҳодиев, як сол агар картошка парвариш кунанд, соли дигар дар ҷои он гандум кишт менамоянд, ки ин низ ба манфиати кори кишоварзон мебошад. Бо дарназардошти ин соли равон дар ноҳия аз заминҳои доманакӯҳ зиёда аз 50 сентнерӣ гандум рӯёнида шуд. Аз як гектар то 7 тонна гандум ба даст оварда шуд, ки ин барои фаровонии нон дар вилоят замина мегузорад. Соли ҷорӣ дар ноҳия дар маҷмуъ дар масоҳати 27206 гектар замин гандуми тирамоҳӣ ва баҳорӣ кишт шудааст.

Дар ҳоли ҳозир кишоварзон қисми бештари ҳосили гандумро ҷамъоварӣ намудаанд ва ин кор то ҳол идома дорад. Наздик дар 3 ҳазор гектар кишти гандум дар ин минтақаҳо парвариш ёфта истодааст, ки то моҳи ноябр ҷамъоварӣ карда мешаванд. Бо нақл аз ҳамсуҳбати мо онҳо соли ҷорӣ намуди гандуми ордаш сафеди хубро кишт карда, ҳосили нағз рӯёнидаанд. Солҳои охир кишти гандум, ҷав дар ноҳия, ки кишоварзӣ маҳсуб меёбад, хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин хотир, ба гуфти Абдумалик Ҳодиев дар ноҳиязахираи дусолаи ғалладонагиҳо дар анборҳо дилпурии сокинон аст. Мо хуб дарк мекунем, ки ҷуворимакка ва ҷав яке аз хӯроки асосии чорво маҳсуб мешавад. Дар деҳот дар ҳар хонадон чорвои хурд парвариш меёбад.

Аз ин хотир, талабот ба ин намуди ғалладонагиҳо дар кишвари мо зиёд аст. Инро ба инобат гирифта, кишти ин намуди зироат бештар ба роҳ монда мешавад, то тавонем, аз хориҷ харидорӣ накунем.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh