МАНБАИ ТАЪМИНОТ БО ҶОЙИ КОРӢ ВА ДАРОМАДИ ХУБ

Дар соҳаи пахтакорӣ, ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук корбарӣ гардида, барои ҳосили соли 2022 масоҳати кишти пахта дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят тибқи маълумоти оморӣ ба 57159 гектар расонида шуд, ки он нисбати соли гузашта 7481 гектар зиёд мебошад.

Аз ҷумла, васеъ намудани масоҳати кишти пахта нисбат ба соли сипаригашта дар шаҳру ноҳияҳои Ашт - 140 гектар, Бобоҷон Ғафуров - 287 гектар, Ҷаббор Расулов - 782 гектар, Зафаробод - 2786 гектар, Истаравшан - 24 гектар, Спитамен - 4 гектар ва Мастчоҳ - 3649 гектар таъмин гардид.

Дар аснои суҳбат муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода иброз дошт, ки имсол бо назардошти иқлими мусоиди вилоят дар шаҳру навоҳии пахтакор, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Зафаробод, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Мастчоҳ тухмии навъҳои аълосифати «Хуҷанд ‐67», «Ориёӣ», «Ирам ‐1», «Эдесса», «Синзиян», «Тиннян», «Флеш» ва «Глория» кишт шудааст.

Барои баланд бардоштани ҳосили зироати пахта ва эмин нигоҳ доштан аз ҳашароти зараррасон касалиҳои он, саривақт гузаронидани коркарди байниқаторӣ, озуқадиҳӣ аз ҷониби мутахассисону олимони соҳа дар шаҳру навоҳии вилоят гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, семинару вохӯриҳо доир ба мавзӯъи марбути соҳа гузаронида шуд. Мутахассисону кишоварзони шаҳру навоҳии пахтакори вилоят имсол тибқи дурнамо тасмим гирифтаанд, ки 133 ҳазору 800 тонна ашёи пурқиммати саноатӣ пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Алҳол дар ин самт ҳамаи қувваҳои кориву техникӣ равона карда шуда, пахтачинону ҳашарчиён дар саҳро саргарми ғунучини ҳосили дастранҷи марди деҳқонанд. Бино ба маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят ба санаи 19–уми сентябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор 2 ҳазору 955 тонна ва аз аввали мавсим 19 ҳазору 147 тонна дури гаронбаҳо ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ин радиф барои беҳтару бештар оростани хирмани пахтаи вилоят роҳбарону масъулини хоҷагиҳои кишоварзии вилоят азми қавӣ дошта, то ба санаи болозикр дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров дурнамо 18 ҳазору 500 тонна, дар як рӯз 700 тонна аз аввали мавсим 4 ҳазору 547 тонна пахта, Спитамен дурнамо 13 ҳазору 960 тонна, дар як рӯз 668 тонна аз аввали мавсим 4 ҳазору 16 тонна, Мастчоҳ дурнамо 28 ҳазору 980 тонна, дар як рӯз 430 тонна аз аввали мавсим 2 ҳазору 951 тонна, Ҷаббор Расулов дурнамо 11 ҳазору 400 тонна, дар як рӯз 386 тонна аз аввали мавсим 2 ҳазору 374 тонна, Зафаробод дурнамо 30 ҳазору 560 тонна, дар як рӯз 320 тонна аз аввали мавсим 1 ҳазору 820 тонна, Конибодом дурнамо 13 ҳазору 100 тонна, дар як рӯз 301,5 тонна аз аввали мавсим 2 ҳазору 351,9 тонна ва Ашт дурнамо 17 ҳазору 300 тонна, дар як рӯз 150 тонна аз аввали мавсим 1 ҳазору 87 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид.

Ҳамарӯза ба майдонҳои пахтазор дар маҷмӯъ наздик 68 ҳазор чинакчиёну ҳашарчиён баромада барои ғунучини саривақтии ҳосили бо меҳнати ҷабин ба дастоварди деҳқон кӯмак мерасонанд. Чунончӣ зимни суҳбат сарвари Хоҷагии деҳқонии «Суҷда» ‐и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳия Ашт Фаррух Муфтоев баён дошт, соли равон дар майдони 400 гектар пунбадона кишт намуда, алҳол ҳосили хуб низ ҷамъоварӣ менамоем.

Ҳамарӯза зиёда аз 200 нафар саҳмдорону ҳашарчиён ба майдони пахтазор баромада, аз 100 то 180 килограммӣ «тиллои сафед» мечинанд ва бо ин баҳри ғанӣ гардонидани хирмани ноҳия саҳми басо назаррас доранд. Яке аз занони чобукдасти пахтачини ин минтақа Муқаддас Ҳошимова дар суҳбат иброз дошт, ки ҳамасола дар мавсими корҳои саҳроӣ, алалхусус мавсими пахтачинӣ бо аҳли хонавода баромада пахта мечинанд, ки ин барои болоравии шароити иқтисодиашон басо муфид аст.

‐Ҳамасола бо баробари оғози мавсими пахтачинӣ мо, бо аҳли хонавода ба кӯмаки пахтакорон мебароем ва ҳамзамон бо ин шароити иқтисодии рӯзгорамонро пеш мебарем. Дар як рӯз беш аз 300‐350 килограмм пахта ҷамъоварӣ намуда, маблағи чинишро ба таври нақдӣ, ҳар бегоҳ ба даст мегирем. Ҳар сол меҳнати дастаҷамъонаамон имкон медиҳад, ки барои мавсими сармо маҳсулоти хӯрокаро захира намоем, иброз дошт ин пахтачини чобукдаст.

Лозим ба ёдоварист, ки оғоз аз аввали мавсим Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дод, ки маблағи чиниши пахта зиёд карда шавад. Алҳол вобаста ба шароити иқтисодии хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсоливу ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ба ҳар килограмми пахта 1 сомонӣ маблағ пардохта шуда истодааст.

Албатта, ин иқдом боз ҳам чинакчиёну ҳашарчиёнро руҳбаланд гардонида, барои бештару беҳтар намудани рафти чиниши ҳосили пахта ҳавасманд менамояд. Воқеан, пешрафти соҳаи пахтакорӣ аз ҳар ҷиҳат муфид буда, ба рушди иқтисодиёти кишвар, алалхусус саноати сабук таъсири мусбат мерасонад. Ҳамзамон, рушди соҳаи пахтакорӣ имконият медиҳад, ки мардум бо ҷойи корӣ таъмин гашта, даромади хуб низ ба даст оранд.

Бо дарназардошти омилҳои зерин масъулину хоҷагидоронро зарур аст, ки аз кӯмаки чинакчиёну ҳашарчиён ва ҳамзамон рӯзҳои офтобии тирамоҳӣ самаранок истифода бурда, ҷиҳати саривақт ва босифат ҷамъоварии ҳосили дастранҷи марди деҳқон бештар ҷидду ҷаҳд намоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh