МУСОИДАТ БАРОИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ПЕШРАВИИ КОРИ ХОҶАГИҲОИ ОБ
- Details
- Published on Thursday, 22 September 2022 16:47
Дар маҷлисгоҳи Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон мизи мудаввар дар мавзӯъи “Ҳамгироии идоракуниҳои захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим дар минтақаи ҳавзаи Сирдарёи Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи Сирдарё, лоиҳаи миллии захираҳои об “Hеlvеtеs” ва “GIZ” шарикони рушд ва сохтору ташкилотҳои мухталифи марбути соҳаи таъминоти оби полезӣ иштирок доштанд.
Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ ба кори мизи мудаввар оғоз бахшида, меҳмонону иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Маърӯзаҳои масъулин оид ба мавзӯъҳои раванди иҷрои “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2015‐2025”, “Нақшаи идоракунии минтақаи ҳавзаи Сирдарё барои солҳои 2021‐2025”, “Дастур оид ба ҳамгироии идоракунии захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим”, “Ворид намудани нақшаи ҳавзаи идоракунии захираҳои оби минтақаи Сирдарёи Тоҷикистон”, шунида шуда инчунин дигар нақшаҳову барномаҳои рушди маҳаллӣ баррасиву муаррифӣ гардиданд.
Сардори Раёсати идоракунии амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов зимни баромади хеш иброз дошт, ки моҳи сентябри соли 2021‐ум ҳамаи 23 лоиҳае, ки дар самти обтаъминкунӣ мебошанд, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ёфта, алҳол ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корбарӣ ҷараён дорад. Бо мақсади татбиқ намудан лоиҳаҳои мазкур, ки маблағи умумии онҳо беш аз 300 миллион долларро ташкил менамоянд, ба самъи шарикони рушди кишвар расонида шуда, он давра ба давра амалӣ мегардад.
Дар ҷараёни мизи мудаввар ҳамчунин муаррифии ҳамкорони рушд пешниҳод гардиданд. Мариан Шиманович менеҷери лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об оид ба кӯмаки Ҳукумати Шветсария дар бобати татбиқи “Барномаи ислоҳоти бахши об дар минтақаи ҳавзаи Сирдарё” баромад намуда, дар бобати ҳадаф, вазифаҳо ва чорабиниҳои асосии баргузории ниҳоии лоиҳа маълумот дод.
Мавриди қайд аст, ки лоиҳаи идоракунии захираҳои об “Hӯlvӯtӯs” дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияти хешро аз соли 2009‐ум шурӯъ намуда, алҳол дар вилоят аз рӯи 3 лоиҳа корбарӣ менамояд. Ба вуҷуд омадани Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи Сирдарё аз натиҷаҳои татбиқи ин лоиҳа ба шумор меравад. Дар қисмати дуюми вохӯрӣ масоили баланд бардоштани самаранокии истифодаи об аз ҳисоби азнавсозии обёрӣ дар минтақаи ҳавзаи Сирдарёи Тоҷикистон, масъалаҳои беҳтар намудани сифати об, дастрасии ҳамаҷониба ва одилона ба оби нӯшокии аз ҷиҳати санитарию гигиенӣ бехатар мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”