АФЗУНИИ ҲОСИЛИ КИШОВАРЗӢ - ФАРОВОНИИ ДАСТАРХОНИ СОКИНОН

Бо дарназардошти авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру ҳидоят додаанд, ки бояд ҳар оилаи кишвар имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва кишоварзон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулоти озуқавориро захира намоянд, аз як замин баҳри ду - се маротиба ҳосил ба даст овардан кӯшиш намоянд.

Ин ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сокинону кишоварзони Ҷамоати деҳоти Дашти Қозӣ, шаҳри Панҷакент низ сармашқи кору пайкори хеш қарор додаанд. Зеро бо тадбирандешии Ҳукумати мамлакат беш аз дусад гектар замини бекорхобидаи ҳудуди ин ҷамоат бо оби полезӣ таъмину обшор гардонида, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

Бо омадани оби полезӣ кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Панҷакент низ заминҳои аз кишт берунмондаи худро ба кор андохта истодаанд. Ҳамин тавр, боғпарварони Хоҷагии деҳқонии «Тавҳид» дар майдони 200 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд карданд, ки дар он бештар аз 48 ҳазор бех ниҳоли дарахтони чормағз, сияҳолу, зардолу, тут ва гелос шинонда шудааст. Нигоҳубини ниҳолҳо хуб ба роҳ монда шуда, бо сабаби фаровонии оби полезӣ ниҳолон дар нашъунамоанд.

Ҳини сафари кории ба қарибӣ дар шаҳри Панҷакент анҷомдодаи худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳқонону боғпарварон ва мутасаддиён ҷиҳати босамар истифода бурдани замин, дар байни қаторҳо кишт намудани маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ дастурҳо дод. Сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ Ҳакимҷон Қурбонов мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал карда, дар хоҷагии деҳқонии худ «Сомониён»дар 13 гектар боғи интенсивии себ бунёд намуд, ки аллакай ниҳолонаш ба ҳосил даромадааст. Дар байни қаторҳои дарахтон бошад, қаламфури булғорӣ, картошка, помидор, гулкарам, лӯбиёгиҳо кишт кардааст, яъне ягон ваҷаб заминаш аз кишт берун намондааст. Соҳибкор Ҳакимҷон Қурбонов ният дорад, боз заминҳои боқимондаи ҳудуди хоҷагиашро, ки талу теппа аст, бо оби полезӣ таъмин намуда, теъдоди аъзои хоҷагиашро аз ҳисоби сокинони ҷамоат ба бист‐сӣ нафар расонад. Ҳоло дар қисми поёни боғи худ дар 6 гектар ниҳолҳои дарахтони шафтолу, зардолу, сияҳолу шинонда, дар байни дарахтон полезӣ кишт намудааст. Роҳбари вилоят ҳини сафари кории худ ба ин минтақа ба соҳибкори муваффақ дастур дод, ки баҳри ноил гардидан ба амнияти озуқаворӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда саҳми бештар гузорад. Аҳли Кооперативи тиҷоратии ба номи Адҳам Полвони Ҷамоати деҳоти Сӯҷина 300 гектар заминҳои кишоварзӣ доранд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар порчаи онро босамар истифода баранд.

Бояд зикр намуд, ки замини хоҷагии мазкур чандин муддат аз гардиши кишоварзӣ бозмонда буданд ва бо иқдоми неки саҳмдорон дар муддати кӯтоҳ ин заминҳо аз нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуданд. Дар кишти аввал ҷуворимакка, картошка, гулкарам, карам, қаланфури булғорӣ, шолӣ кишт карда шуд, ки ҳамаи ин намуди зироатҳо ҳосили фаровон ба бор овард. Дар баробари ин аҳли меҳнати кооперативи тиҷоратӣ боғҳои интенсивӣ бунёд намуда, парвариши онро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд. Аз теъдоди умумии 300 гектар замин 120 гектари он замини президентӣ буда, 180 гектар инфиродӣ аст ва дар ин ҷо заҳматкашон баҳри саҳм гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Маҳсулоти боғоту киштзорони худро ба шаҳру навоҳии вилоят барои фурӯш мебароранд, ҳамчунин ба хориҷи кишвар содирот менамоянд.

Чунонки Обидҷон Юсуфов, соҳибкори деҳоти Сӯҷина изҳор менамояд, дар Ҷамоат беш аз шонздаҳ ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар бурда, ҳамаи онҳо заминҳои наздиҳавлигии худро босамар истифода мебаранд. Ҳосили ҷамъовардаашонро аввал барои зимистон баҳри оилаи худ захира мекунанд, сипас ба фурӯш мебароранд. Зулхумор Холиқова, сокини деҳа дар замини наздиҳавлигии худ помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, лаблабу, карам шинондааст. Аз анвои меваи дарахтони ҳавлиаш шарбат, афшура, мураббо захира кардааст. Маҳсулоти лӯбиёгӣ, гандум, мош, наск, нахӯд, биринҷро дар таҳхонааш барои ду соли оянда захира намудааст. Ҳанифа Шарифова, сокини деҳаи Озодагони Ҷамоати деҳоти Хурмӣ собиқадори касби омӯзгорӣ асту инчунин роҳбари муассисаи таҳсилоти умумӣ. Аз 23 садяк замини наздиҳавлигии худ маҳсулоти кишоварзӣ рӯёнида, ҳамчунин ниҳолони дарахтони мевадиҳандаву сояафканро аз донак парвариш карда, ба фурӯш мебарорад. Ба қавле, худ фарзандони мардумро таълиму тарбия, илму дониш дода, ҳамчунин ба мардум ҳазорон бех ниҳолони дарахтони мева пешкаш мекунад. Ба ҳисоби миёна дар мавсим аз фурӯши ниҳолҳо бештар аз 50 ҳазор сомонӣ даромад мегирад.

Ҳамин тавр, сокинони Панҷакенти бостон баҳри саҳми шоиста гузоштан дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, афзун гардонидани бозори дохилӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротивазкунанда бо ҷидду ҷаҳд заҳмат мекашанд ва ба комёбиҳо дастёб мегарданд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh