ҲОСИЛИ САБЗАВОТРО ЭМИН ДОРЕМ

Алҳол мавсими тобистон идома дошта, дар аксари минтақаҳои шаҳру навоҳии вилоят пухта расидани сабзавоту меваҷот ба назар мерасад. Албатта, ин омил ҳам аз ҷиҳати ғизонокиву ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ба мардум манфиатбор мебошад. Аз ҷумла, нашъунамои помидори маҳаллӣ соли равон хуб ҷараён дошта, имрӯз дар бозорҳо фаровон гашта, арзиши он ба маротиб поён рафтааст.

Ҳамагон хуб дарк намудаанд, ки сабзавоткорӣ низ соҳаи муҳими кишоварзӣ маҳсуб ёфта, маҳсулоти хоҷагидорон ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам дар шакли коркарди консервагӣ мавқеи назаррас дорад. Бо мақсади аз бемориҳои гуногун эмин нигоҳ доштани ҳосили помидор бо директори Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар вилоят Рустам Каримзода суҳбат намудем.

Мавсуф иброз дошт, ки куя ё тутаи помидор (томатная моль) зараррасони хавфноки зироати сабзавотӣ дар гармхона ва заминҳои кишти кушод ба ҳисоб меравад. Ин зараррасон дар Амрикои лотинӣ пайдо шуда, аз соли 1980 инҷониб босуръат дар дигар мамлакатҳо паҳн мешавад. Соли 2010 дар Тоҷикистон ба мушоҳида расида, паҳншавии зараррасон тайи чанд соли охир ҷойд дорад, вале дар натиҷаи мубориза бар зидди он нисбат ба солҳои пеш кам шудааст. Барои он, ки чунин бемориҳо пайдо нашаванд, ба хоҷагидорон тавсия дода мешавад, ки қабл аз ҳама коркарди дурусти заминро пеш аз кишти зироати помидор ба роҳ монанд.

Маҳлулҳои Фтор, Стерния‐12, Форсро пеш аз кишт дар замини холӣ истифода бурда, ниҳолакҳои помидор низ бояд бо маҳлулҳои Караген, Энҷо коркард шуда, дар майдонҳо кишт карда шавад. Куя ё тутаи помидор суръати афзоиши баланд дошта, вақте ки ба зироатҳо ҳамла мекунад, он ба осонӣ паҳн мешавад. Як кирмина қодир аст, то 240 адад тухм гузорад. Куя ғайр аз помидор ба зироатҳои дигар, аз ҷумла ба боимҷон, қаламфури булғорӣ ва картошка низ зарари калон мерасонад. Осеби зараррасон дар ҳамаи давраҳои рушду нумӯи зироат – аз сабзиши тухмӣ то пурра пухта расидани ҳосил мушоҳида мегардад. Зараррасон 40 – 70 дарсади ҳосилро ҳам дар гармхона ва ҳам дар замини кушод нобуд месозад. Шабпаракҳои зараррасон тарзи ҳаёти шомгоҳӣ дошта, пас аз фурӯ рафтани офтоб ва пеш аз дамидани субҳ фаъол мегарданд. Онҳо рӯзона дар баргҳо пинҳон шуда, ҳангоми такондани ниҳол парвоз мекунанд. Ранги шабпарак хокистарранги нуқратоб, дар болои болҳояш доғҳои сиёҳ мавҷуд буда, андозаи танаш 5 – 7 мм ва дарозии болҳояш то 10 мм мебошад. Кирминаҳо дар чор давра инкишоф меёбанд ва даври инкишофёбии кирмакҳо ба ҳисоби миёна 9 – 12 рӯзро ташкил медиҳад. Кирмакҳои давраи якум бештар ба баргҳо, кирмакҳои давраҳои минбаъд ба бех, думчаи мева, меваи сабз ва пухтарасида осеб мерасонанд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки як кирмак метавонад, ба 5 – 7 барги рустанӣ зарар расонад. Кирмакҳо дар рустаниҳо ва хок ба зоча мубаддал мегарданд. Ба ҳисоби миёна баъд аз 14 – 16 рӯз шабпаракҳои насли нав аз зоча мебароянд. Зараррасон зимистонро ҳамчун тухм, кирмак ё ҳашароти болиғ (шабпарак) аз сар мегузаронад. Давраи инкишофи куяи помидор, вобаста аз ҳарорати боду ҳаво, 26 – 40 рӯз давом мекунад. Дар давоми як сол, вобаста аз шароити муҳит, зараррасон метавонад, то 10 – 12 маротиба насл диҳад. Ҳамзамон номзади илмҳои кишоварзӣ Рустам Каримзода чораҳои муборизаро шарҳ дода, иброз дошт, ки дар шароити саҳроӣ истифодаи пеститсидҳои (заҳрхимикатҳо) и ҳозиразамон (Актеллик, Аваунт, Амплиго, Кораген ва Вертимек), энтомофагҳо (габробракон, трихограмма, тиллочашмак), домҳои феромонӣ (ширешӣ, чароғӣ) ва решакан кардану сӯзондани рустаниҳои зарардида мебошанд.

Дар шароити гармхонаҳо тадбирҳои кимиёии безараргардонӣ пеш аз кишт ё дар вақти кӯчатшинонӣ бо заҳрхимикатҳои Форс, Актеллик, Аваунт, Амплиго, Караген ва Вертимек таъсирбахшанд. Ҷойҳои ҳаводароии гармхона бояд бо тӯрҳои полиэтиленӣ пӯшонида шаванд. Гузоштани домҳои феромонӣ (ширешӣ, чароғӣ) истифодаи энтомофагҳо, решакан кардану сӯзондани растаниҳои зарардида баъд аз ҷамъоварии ҳосил низ ба нестсозии ин ҳашарот мусоидат менамоянд, иброз дошт номбурда. Боиси қайд аст, ки ҳар як заҳрдору таъсиррасонии ба худ хос дошта, яъне бар зидди тухм, кирмина ва шабпарак дар алоҳидагӣ бояд истифода бурда шавад. Дар бист рӯз як маротиба барои профилактика коркард бо заҳрдоруҳои Караген, Аваунт мувофиқи мақсад буда, аз пайдошавии бемориҳо эмин медоранд.

Муҳлати коркарди охирин бо пеститсидҳо (заҳрхимикатҳо) 20 – 25 рӯз пеш аз пухтани ҳосил мебошад. Бино ба маълумоти омории масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят, имсол дар майдони беш аз 1500 гектар кишти зироати помидор гузаронида шуда, ба санаи 1 – уми июни соли равон наздик 360 тонна ҳосили помидор ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 тонна афзудааст.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh