АКСАРИ САБЗАВОТИ БАРВАҚТИИ БОЗОР ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОНОНИ МО - мегўянд масъулини ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев

Иқлими Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аҳолӣ тамоми фасли сол доим бо сабзавоти тару тоза таъмин бошаду аз ҳисоби содирот ба бозорҳои маҳаллӣ ва берун аз он манфиати хуби иқтисодӣ ба даст ояд. Ин аст, ки дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ теъдоди хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ зиёд гардиду замин имрўз дар дасти деҳқон аст ва кишоварз дар кишту кор ва парвариши зироатҳои гуногун ихтиёр ва мустақилият дорад. натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ ва соҳибихтиёр будани кишоварз дар интихоб ва кишти зироатҳо сабаб шуд, ки имрўз фаровонҳосилӣ дар бозорҳои вилоят таъмин ва нархи маҳсулот танзим гардад.

Баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии ҳарчи бештари маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳамаи фасли сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ зикр медоранд, ки ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда шавад. Барои тасдиқи гуфтаҳо ва ба хотири аз наздик шинос гардидан бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаев аз наздик шинос гардидем. Тибқи иттилои Азамат Қодиров, раиси ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мувозинаи хоҷагӣ наздик се ҳазор гектар замини кишт мавҷуд аст.

Айни ҳол дар хоҷагӣ дар майдони 250 гектар сабзавот, аз қабили помидору бодиринг, сабзӣ, картошка ва дигар намуди зироат кишт шудааст. Ҳангоми боздид аз заминҳои киштшуда аён гардид, ки ҳосили имсолаи помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот хуб буда, охири моҳ пухта мерасад ва онро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо ба фурўш мебароранд. Мушоҳида аз талошу тараддуди деҳқонони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи С.Ӯрунхоҷаев ҷиҳати парвариши зироату сабзавот, пахтаву мевагиҳо ва рӯёнидани ҳосили фаровон, бешубҳа, аз ғайрату сарҷамъии хоҷагидорон маншаъ гирифтааст. Хоҷагии мазкур дар миқёси вилоят аз калонтарин буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ баъди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ чун хоҷагии тухмипарварӣ шуҳрат ёфтааст. Деҳқонон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ҳар як ваҷаб қитъаи замин босамар баҳрабардорӣ шавад. Масалан, дар мавсими соли 2021 кишоварзони ин хоҷагӣ аз ҳар гектар 27 сентнерӣ пахта, 300 сентнерӣ помидор, 270 сентнерӣ картошка, зиёда аз 300 сентнерӣ пиёз ва аз ҳар гектар то 45 сентнерӣ ғалла рӯёнида дар амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузоштанд.

- Майдонҳои кишт дар уҳдаи 1700 иҷоракор вогузошта шудаанд, ки онҳо ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти худ - ҳарчи зиёд рӯёнидани маҳсулот ҳавасманд буда, бо риояи ҳатмии технологияи парвариш ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ мешаванд, - мегӯяд А.Қодиров.

Тибқи шартнома, иҷоракор ӯҳдадор ва вазифадор аст, ки дар ҳар мавсим афзуншавии маҳсулотро аз ҳамаи намуди зироату сабзавот ва боғҳо ноил шавад ва дар суръати иҷро нашудани ин самти шартнома дар мавсими дигар ҳамкорӣ қатъ мешавад. Ҳамин аст, ки солҳои охир теъдоди он нафароне, ки хоҳиши бо замин сару кор доштан доранд, дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ афзудааст. Иштибоҳ нахоҳад шуд, агар гӯем, ки 70 фоизи фаровонии бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд маҳсули кори иҷоракорони хоҷагии С.Ӯрунхоҷаев аст. Иҷоракор Аҳрор Ахмедов дар ихтиёри худ 0,62 гектар қитъаи замин дошта, нахуст парвариши сабзии барвақтиро ба роҳ мемонад ва ҳамасола ҳосили дилхоҳ мерӯёнад.

Мавсими имсола низ истисно нест, вақте бо роҳбаладии кишоварз (агроном)-и хоҷагӣ Ашӯрбой Тоҷиев бо ҷараёни кори аъзоёни ин иҷоракор аз наздик шинос шудем, воқеан ҳам ба талошу такопӯҳои деҳқонон ҷиҳати гирифтани самари хуб аз ҳар ваҷаб замин эътимод пайдо кардем. Сабзии барвақтӣ пухта расида, ҳашарчиён онро ба бозор тайёр мекарданд.

-Шукри ҳамин деҳқонист, ки осудагии рӯзгорамонро таъмин месозем, - мегӯяд Аҳрор Ахмедов.

- Ҳар қадар ба замин мутобиқ ба талаботҳои агротехникӣ муносибат кунед, ҳамон қадар ҳосили дилхоҳро ноил мешавед. Дастури Сарвари давлат оид ба он, ки аз ҳар қитъаи замин на кам аз се - чор номгӯй ҳосил бардорем, дар таҷрибаи кории мо амалӣ мешавад. Баъди сабзӣ парвариши ҷувориро ба роҳ монда, ҳамзамон аз ҳамин қитъаҳо лӯбиёву мош, шалғам мерӯёнем. Ҳамчунин, мушоҳидаҳо аз нашъунамои хуби помидор, картошка, пиёз ва ғаллаи дигар иҷоракорони хоҷагӣ аз азми қатъии эшон ҷиҳати гирифтани ҳосили дилхоҳ гувоҳӣ медиҳад. Ба хотири баҳрабардории хуб аз замину боло бардоштании ҳосилнокии маҳсулот бояд ба тухмии хушсифат таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки дар ин масъала хоҷагӣ мувофиқ ба талаботи рӯз қадам гузоштааст, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, ки заминҳои хоҷагӣ воқест 13 нуқтаи фурӯши тухмӣ ва заҳрхимикатҳо амал мекунанд, ки иҷоракорон бе мушкилӣ дар ҷараёни кишту парвариш аз онҳо хуб баҳрабардорӣ доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба вазъи мураккаби ҷаҳон, болоравии нархи маводи озуқа иброз доштанд, ки истифодаи самараноки замин ва ноил шудан ба ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, захираи на кам аз ду солаи маводи хӯрок дар мадди назари масъулин қарор дошта, дар ин самт бояд тадбирҳои муассирро роҳандозӣ кард.

Ҷиҳати татбиқи саривақтии дастури Сарвари давлат бино ба иттилои муовини сардори идораи кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, алҳол дар майдони зиёда аз 2539 гектар кишти сабзавот амалӣ шуда, фаъолияти самараноки 173 гармхонаи мавсимӣ зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh