БАРАКАТИ ҲОСИЛ ДАР МЕҲНАТИ БОСАМАР

Кишоварзони меҳнаткаши Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом аз хоҷагиҳои калону шӯҳратманд дар қаламрави вилоят маҳсуб ёфта, дар ҳамаи мусобиқоти меҳнативу кишоварзӣ доимо пешқадамӣ нишон медоданд. Алҳол вобаста аз иқлими маҳал мавсими пилласупорӣ дар минтақаҳо фаро расидааст.

Кирмакпарварони хоҷагӣ имсол низ чун ҳамасола нисбат ба дигар шаҳру навоҳии вилоят фаъолу пешсафӣ нишон доданд. Бино ба маълумоти сармутахассиси хоҷагӣ оид ба кирмакпарварӣ Аскаралӣ Султонов, дар ҳудуди хоҷагӣ ба 840 оила 350 қуттии кирмак тақсим шуда буд.

Аз ҷониби масъулини соҳа дар мавсими имсола низ мунтазам маслиҳату тавсияҳо дода шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба кирмакпарварон, аз ҷумла сари вақт дастрас намудани барг ва ба даст овардани ҳосили хушсифати пилла дар хоҷагӣ заҳмат кашиданд. Чуноне масъулин изҳор доштанд, имсол барои кирмакпарварон барои як киллограмм пиллаи хушсифат ба маблағи 15 сомонӣ пардохта шуд. Дар хоҷагиҳои Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳр кирмакпарварон алҳол пиллаҳои хушсифатро ба нуқтаҳои қабул месупоранд.

Бино ба маълумоти фаврӣ, то ба санаи 12 – уми майи соли равон пиллапарварони шаҳри Конибодом 9 тонна пилла ҷамъоварӣ намуда, нақшаи мавсимро 23,7 фисад ба иҷро расонидаанд. Тибқи иттилои cардори намояндагии ҶСК “Пиллаи Тоҷик” дар вилоят Парвиз Бегматов, мувофиқи дурнамо аз оғози сол барои мавсими кирмакпарварии имсола ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 10860 қуттӣ тухми кирмак тақсим гардида, истеҳсоли 340 тонна пилла ба нақша гирифта шудааст.

Вазъи кунунии ҷараёни пилласупории кишоварзонро шарҳ дода, Парвиз Бегматов афзуд, ки бо назардошти дастуру супоришоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳри дастгирии кирмакпарварон, шароити нигоҳубини кирмак чораҷӯиҳои хоса андешида шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки агар дар мавсими кирмакпарварии соли 2021-ум бо кори мавсимӣ 10420 оила ҷалб шуда бошад, дар мавсими имсола бошад, наздик 13 ҳазор нафар бо кори мавсимӣ, аз ҷумла занони хонашин фаро гирифта шуданд.

Кирмакпарварони шаҳри Конибодом чун ҳамасола маъракаи пилласупориро аввалин шуда оғоз намуда, аз санаи 12-уми майи соли равон заҳматкашони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба нуқтаҳои қабул беш аз як тонна ҳосили дастранҷи хешро супориданд.

Алҳол, тибқи маълумоти масъулини соҳа парвариши кирмак, мувофиқи синҳо дар шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, кирмак дар синни III, Ашт, Деваштич, Исфара дар синни IV, Спитамен, Ҷаббор Расулов синни V қарор доранд. Чуноне қаблан гуфта шуда буд, имсол барои ҳавасмандгардонии бештари кирмакпарварон ҶСК “Пиллаи Тоҷик” ҳар килограмми пиллаи тарро дар сари тарозу аз кирмакпарварон ба маблағи 15 сомонӣ харидорӣ намуда, ҳамаи маводи харҷшаванда, аз ҷумла тухми кирмак низ ройгон дода шудаст.

Бояд қайд кард, ки аз санаи 12 -уми майи соли равон корхонаи муштараки “ВТ - Силк” ба фаъолияти мавсими навбатӣ шурӯъ намуд.

Зимни суҳбат муовин оид ба истеҳсолоти корхонаи мазкур Абдушариф Ҳоҷибоев иброз дошт, ки давоми чанд рӯз дар коргоҳ пилла захира шуда, имрӯз сехи коркарди пиллахушккунӣ ба кор оғоз кард. алҳол дар сехи мазкур 25 нафар корманд бо кор фарогирифта шуда, барояшон ҳамаи шароити корӣ муҳайё шудааст.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh