БИСТ СОЛИ ҲАМКОРӢ БАҲРИ РУШДИ СОҲА

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нексигол» соли 2002 ташкил ёфта, самти фаъолияташ пурра ба дастгирӣ ва рушди соҳаи хоҷагии кишоварзӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ равона гардидааст. Ҷамъияти мазкур давоми 20 сол инҷониб хизматрасониҳои гуногунро ба деҳқонон ва хоҷагиҳои кишоварзии маҳаллӣ мерасонад. Мақсади асосӣ кам кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани даромаднокии фермерон бо усули ташкили хизматрасониҳои дастрас ба деҳқонон мебошад.

Мақсади асосии маркази хизматрасонии техникӣ - кишоварзии ҷамъият, ки соли 2009 дар ноҳияи Спитамен бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, буд, ки самти ҳамкориро бо ташкилотҳои хориҷии тухмипарварӣ ва заҳрдоруҳои босифат вусъат дода, инчунин, дар ворид ва паҳн кардани тухмиҳои сабзавоти дорои сифат ва заҳрдоруҳои эмин аз сохтакорӣ дар ҳудуди кишвар ба роҳ монанд. Ҳамчунин, таъкид карда буданд, ки то қадри имкон дар ноҳияҳои дигар намояндагиҳо фаъолият баранд. Дар асоси дастур ва ҳидояти Пешвои миллат имрўз тухмиҳои сабзавот ва заҳрдоруҳои босифатро барои деҳқонони мамлакат дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба воситаи агромағозаҳои “Меъроҷ” пешниҳод карда истодаанд.

 Тибқи иттилои директори генералии ҶСК «Нексигол» Абдусаттор Ҳайдаров, ҷамъият имрўз ҳамкориро бо ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди Сингента (Швейтсария), Кортева (Амрико), Дюпонт (Фаронса), Басф (Олмон), Семинис, Сингента Сидз, Бейо (Ҳолланд), Агротип (Олмон), МТН, Аргетто ва Байрам Тухуми (Туркия), Зераим Гедера (Исроил) ва дигарон дар ҷодаи дастраскунии тухмиҳои сабзавот ва заҳрдоруҳои дорои сертификатро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Дар назди маркази хизматрасонии техникӣ - кишоварзии ҷамъият майдончаи тадқиқотӣ мавҷуд буда, сараввал ҳамаи тухмӣ ва заҳрдоруҳо аз санҷиш гузаронида мешаванд. То имрўз ҳазорҳо нафар деҳқон таҷрибаи моро омўхта, аз маслиҳатҳои мо баҳра мебаранд. Имрўз дар бахшҳо ва аъзоҳои гурӯҳи ширкатҳои ҶСК «Нексигол» 38 нафар фаъолият мебаранд.

-Тавре дар боло зикр намудем, мо бо давлатҳое, ки соҳаи кишоварзиашон пешрафта аст, ҳамкории хуб дорем. Имрўз маводи онҳоро, аз қабили тухмиҳои олисифату ҳосилнокиашон баланд, ба касалиҳо тобовар, навъҳои наву мавсимӣ, тухмии помидори барвақтӣ, гармхонагӣ ва дигар намуди онҳоро дастрас карда, бо дар назардошти хусусияти биологӣ, муҳлати пухта расидани маҳсулот, сабзиш, нашъунамо, бозоргир, оид ба ранги маҳсулот ва ба талабот ҷавобгўро оварда, ба деҳқонон пешниҳод менамоем, ки кадом тухмӣ беҳтару барои иқлими ин ё он минтақа мувофиқ, баъд тавсия медиҳем, - мегӯяд А. Ҳайдаров.

Ҷамъият имрўз тухмиҳои полезиҳо, юнучқа, сабзавот, маҳсулоти озуқаворӣ, хўроки чорворо дастрас менамояд, ки онҳо соҳиби сертификат буда, аз карантин гузаштаанд. Ҳамчунин, бо ширкатҳои аврупоӣ, аз қабили Сингента, бо давлатҳои Эрон, Олмон, Қазоқистон, Ўзбекистон оид ба дастраскунии заҳрдоруҳо ҳамкорӣ дорад. Имрўз он доруҳоеро ворид менамояд, ки асосан бар зидди касалиҳо ва фунгиситҳо, коркарди зироатҳо, боғҳо, сабзавоткорӣ, пахтакорӣ, озуқаи чорво, ҳашаротҳои касалиовар мубориза мебаранд. Бояд зикр кард, ки барои ҳосили хуб рўёнидан ҳоҷагидорон сари вақт ва давра ба давра корҳои агротехникиро бояд гузаронанд.

Имрўз ширкат иқдоми хубро ба роҳ мондааст. Яъне тариқи паёмак ба деҳқонон хабар мефиристад, ки дар кадом вақт кадом касалӣ хурӯҷ мекунад. Масалан, барои аз сардӣ эмин нигоҳ доштани дарахтони ҳосилдеҳ равғани 80 - фоизаи «Ариа» ҳамроҳи доруҳои «Косайт» тавсия намудем, ки коркард бо он ба зироатҳо кўмак мерасонад. Бояд ҳосили босифату аз ҷиҳати экологӣ тозаву бозоргирро барои содирот омода намоем. Ба хулоса омадем, ки танҳо бо дастрас намудани дору ё тухмӣ наметавонем, ҳосилнокии маҳсулотро баланд бардорем. Бинобар ин, барномаи наверо қабул кардем, ки аз оғози киштукор то фурўши маҳсулот ба деҳқонон ҳама намуди хизматрасониро пешниҳод намоем.

- Имрўз бояд боғдорону фермерон аз доруҳое, ки барои беҳтару бозоргир намудани маҳсулоти кишоварзӣ таъсир мерасонад, истифода баранд. Дар он сурат маҳсулоти содиротии мо афзун мешавад,-мегўяд дар идомаи суҳбат А.Ҳайдаров. Ҳама тухмиҳои номдоре, ки имрўз ба ҳоҷагиҳо дастрас менамоем, аз ширкати Бейои (Ҳолландия) тухмии помидори «Султан f1» мебошад. Бо ширкатҳои тухмипарварии «Олмон Агротип», «Сингента Сидз» (Ҳолланд) ва «Клаус» (Амрико) шартнома дорем, ки онҳо бештар тухмиҳои ҷуворимакка, тарбузу харбуза, сабзӣ, карами сурх ва намуди дигари тухмиҳоро ба деҳқонон пешниҳод карда истодаанд. Барои инкишофи тухмӣ ҳар гуна дорувориҳоро истифода бурдан лозим аст. Инчунин, барои нашъунамои хуб ва аз кирму ҳар гуна ҳашарот эмин доштан гузаронидани коркарди саривақтӣ тавсия дода мешавад.

-Яке аз муаммои асосие, ки сечор сол пеш деҳқононро ба ташвиш овард ин намуди паҳншудаи миттаи помидор буда, онро ба забони русӣ «томатная моль» мегўянд. Барои пешгирии ин ҳашароти зараррасон, мо ба мутахассисони ширкатҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштем, муроҷиат намудем. Онҳо дар ҷояш таърихи пайдоиши ин ҳашаротро омўхта, баҳри пешгирии он тавсияҳо доданд, - зикр дошт номбурда.

Дар деҳаи Нови Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен бо сарварии А. Ҳайдаров боғ ва гармхона бо номи “Меъроҷ” таъсис ёфтааст. Дар мавзеи номбурда дарахтони мевадиҳандаи шафтолую, себ шинонида, баробари ин парвариши қулфинай низ ба роҳ монда шудааст, ки тухмии он аз мамлакати Туркия дастрас гардидааст. Навъи қулфинай “Албион” буда, дар ҳолати пухта расиданаш намуди дилкаш ва таъми хуб дорад. Масоҳати умумии «Меъроҷ» 5 гектар буда, мақсади ташкили он гузарондани тадқиқоти навъи дарахтон мебошад, ки оянда деҳқонон кадоме аз он ба иқлим тобовар буданашро муайян карда метавонанд. Давоми фаъолият деҳқонон бо якчанд мушкилиҳо дучор мешаванд, аз он рў, то қадри имкон оид ба мубориза бурдан бо ҳашарот ва зараррасонҳо, ки намуди онҳо тағйир ёфта истодааст, доимо пурсон шуда, дорувориҳоро бо технологияҳои нав таъмин карда истодаанд.

-Мо самаранок ва мақсаднок фаъолият бурда, сатҳи хизматрасоние, ки «Нексигол» дар тӯли 20 сол ба мизоҷони худ мерасонад, танҳо ба хотири ободии соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии деҳқонон аст, - гуфт дар охир А.Ҳайдаров.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh