Дар Истаравшан мавсими кирмакпарварӣ оғоз ёфт

Дар шаҳри Истаравшан мавсими кирмакпарварӣ оғоз ёфта, дар нақша аст, ки имсол 7 тонна пилла истеҳсол карда шавад. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои кирмакпарварӣ дар оилаи Қаюм Шодиев иттилоъ дода шуд.

Ба иттилои масъулин дар мавсими имсола ба 200 оилае, ки таҷрибаи кирмакпарварӣ доранд, 280 қуттӣ кирмак тақсим гардида, айни замон парвариши кирмак ҷараён дорад.

Дар шаҳри Истаравшан 442 гектар тутзор мавҷуд буда,  он барои кирмакпарварӣ истифода мешавад. Бояд гуфт, ки кирмакпарварӣ ҷиҳати бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук ва истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза аз соҳаҳои зарурӣ маҳсуб меёбад.

Раиси вилоят ба оилаи Шодиевҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида, ба онҳо барори кору комёбиҳо таманно кард.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода собиқдори меҳнат Мунаввар Мунимоваро аёдат намуда, ба ин зани рӯзгордида саломативу хотири ҷамъро орзу намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh