ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД!

ё бунёди 2000 гектар боғи интенсивӣ дар вилоят

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин раванд таъмини амнияти озуқавории босифату сермаҳсул басо муҳим буда, омили асосии расидан ба яке аз ҳадафҳои миллии стратегии кишвар арзёбӣ мегардад, ки он ба таври доимӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳову баромадҳои хеш таъкид мегардад. Воқен бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити кунунӣ баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштамъу лазизи ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар самти боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат низ таккони ҷиддӣ мебахшад.

Дар ин замина роҳбарияти вилоят ҷиҳати самаранок истифодабарии обу заминҳои корам, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта, аз ҷумла баҳри бунёди боғҳои нави интенсивӣ ба масъулину кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят дар партави иҷрои Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат дар маҷлиси ҷамъбастии соли 2021 махсус истода гузошта, дар ин самт нақша - чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шудааст.

Бино ба иттилои сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Олимбек Йӯлдошзода баҳри иҷрои саривақту босифати дастуру ҳидоятҳои Раиси  вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  ҷиҳати бунёди 2000 гектар боғҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳбарону масъулини  сохторҳои дахлдори вилоят ва шаҳру ноҳияҳо,  инчунин олимону мутахассисони соҳаи боғу токпарварӣ корбарӣ намуда истодаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ бунёди боғу токзорҳои нав то соли 2021-ум ба 780 гектар баробар гардид, ки нисбат ба дурнамо 4,2 маротиба зиёд ва нисбат ба соли 2020- ум 142 гектар зиёд таъмин шудааст. Боиси қайд аст, ки   соли сипарӣ дар майдони 773,8 гектар боғи нав бунёд гардида, аз майдони умумии боғҳои бунёдгардида 85 гектари онро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна дар майдони 1386 гектар гузаронида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 172 гектар зиёд мебошад, аз ҷумла барқароркунии боғҳои кӯҳна дар майдони 1313 гектар ва токзорҳои кӯҳна 72 гектар амалӣ гашта, бештар навъҳои ба содирот нигаронидашуда шинонида шуданд.

Манфиати афзоиши боғҳои интенсивӣ дар чист?

- Мақсади асосии бунёди боғу токзорҳои нав ва таҷдиди боғу токзорҳои куҳна, пеш аз ҳама иваз намудани навъҳои камҳосилу пастсифат ба навъҳои серҳосилу хушсифати ба содирот нигаронидашуда мебошад. Ҳамзамон, дар асоси бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ҳосилнокии онҳо баланд бардошта шуда, бо роҳи ташкил намудани ниҳолхонаҳо дарёфт намудани тухмии барои парвариши ниҳолҳои хасак, такпайвандҳои нашвӣ ва қаламчаи ниҳоли дарахтон дар маҷмӯъ зиёд кардани истеҳсоли умумии меваю ангур манфиатовар мебошад.

Афзоиши аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни бозор, кам будани замини обӣ, тағйирёбии иқлими сайёра олимону мутахассисони соҳаро водор менамояд, ки ба рушди соҳаи мазкур эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Афзалияти боғҳои тариқи интенсивӣ бунёдгардида ниҳолҳои қадпаст мебошад, ки барои гузаронидани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосил мувофиқ буда, хароҷотро барои ҷамъоварии ҳосил паст намуда, сифати меваи онҳо нисбатан беҳтар аст.

Ҳалли ин масъала на бо роҳи зиёд намудани майдони боғу токзорҳо ва на бо истифодаи технологияи кӯҳна, балки бо роҳи бунёди боғҳои замонавӣ (интенсивӣ), бо истифода аз технологияҳои нави пешрафта бояд амалӣ шавад.

Дар чунин намуди боғҳо дар масоҳати як гектар аз 1,5 то 3,5 ҳазор бех ниҳол ҷойгир карда мешавад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 300 – 700 сентнериро ташкил медиҳад, ки ҳосили онҳо 8 – 10 маротиба нисбат ба боғҳои дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда баланд буда, усули обёрии қатрагии ин технология имконият медиҳад, ки оби полезӣ сарфакорона истифода шавад.

Рушди минбаъдаи боғу токпарварӣ дар асоси истифодаи стандартии ба талабот ҷавобгӯ имконият медиҳад, ки он натанҳо талаботи аҳолӣ, корхонаҳои коркарди ҷумҳуриро бо меваю ангур қонеъ гардонад, балки он ба як соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил дода шавад. Бо маҳсулоти аълосифат дар бозори беруна роҳ ёфта, ҷиҳати суратбахшии ҳалли маъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот ҳиссаи калони худро гузоранд, - иброз дошт Олимбек Йӯлдошзода. 

Заминҳои бекорхобидаи деҳаи Дашти Қозиро чӣ интизор аст?

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз соли 1930  инҷониб Деҳаи Қозӣ дар ҳайати Ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент қарор дошта, ба санаи 1 – уми январи соли равон дар деҳа 412 хонавода, яъне зиёда аз 2300 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамоянд.  

Бино ба маълумоти раиси ҷамоати мазкур Фаридун Алимов, пас аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ, яъне 30 сол инҷониб  зиёда аз 150 гектар замини ин минтақа бинобар аз кор мондани пойгоҳи обкашии Дашти Қозӣ бе об мондаву ба заминҳои бекорхобида табдил ёфтааст.

Алҳол бо дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба маблағи  3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷудо шуда, яъне масоили обрасонии он дастгирӣ ёфтаву ин заминҳо аз нав ба гардиши кишоварзӣ ҳамроҳ карда мешавад. Тибқи дастури Пешвои миллат бояд марҳала ба марҳала дар масоҳати 500 гектар замин боғоту токзори нав дар ҳудуди заминҳои шаҳри Панҷакент бунёд шавад. Дар ин замина дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, аз ҳисоби Хоҷагии инфиродии “Дашти Қозӣ” ба масоҳати беш аз 150 гектар бунёди боғ ба нақша гирифта шуда, аз он наздик 20 гектар себ, 27 гектар ангур, 58 гектар чормағз, 35 гектар  гелосу сиёҳолу, 16 гектар тут ва дарахтони сояафкан дар назар дошта шудааст.  

Хоҷагидорони калонтарин дар деҳаи Дашти Қозӣ хоҷагиҳои деҳқонии “Тавҳид”, “Ҷамоли Гулбой” ва “Некрӯз” мебошанд, ки дар онҳо беш аз 430 нафар саҳмдор фаъолият доранд. Дар сурати обод шудани ин мавзеъ, бунёди боғоти интенсивӣ мардум бо ҷойи корӣ таъмин гашта, зиндагии саҳмдорону деҳқонон беҳтар мегардад.

Бино ба маълумоти раиси Хоҷагии деҳқонии “Тавҳид” Холмурод Қурбонмуродов дар ҷамоати деҳоти мазкур ба санаи 10- уми январи соли равон зиёда аз 125 гектар замини “Дашти Қозӣ” барои бунёди боғ шудгор гардидаву ҷӯякҳо омода карда шудааст.

- Дар масоҳати 7 гектар замин ниҳолҳои чормағз аз давлати Ӯзбекистон, Туркиё харида, шинонида шудааст. Навъҳои ниҳолҳо пурра ба иқлими ин мавзеъ мувофиқ буда, ҳосили онҳо бештар ба содирот нигаронида шудааст. Алҳол шудгору ҷуфткунии заминҳо ба сомон расонида шуда, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва дигар корҳои ободониву бунёди боғу токзор мунтаззам ҷараён дорад,- афзуд Х.Қурбонмуродов.   

- Имрӯзҳо мардуми деҳа басо шукргузор аз давлату ҳукуматанд, ки муаммои обрасонии ин заминҳои солҳо инҷониб бекорхобида анқариб роҳи ҳалли худро дарёфтаву боз ҳам ин заминҳо шодоб гардонида мешаванд. Дар сурати баромадани об мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки заминҳоро самараноку оқилона истифода барем. Алҳол мардуми деҳа дастаҷамъона дар майдонҳои ин мавзеъ заҳмат кашида, заминҳои санглохро тоза карда, ниҳол шинонидаву обод намуда истодаанд, - мегӯяд раиси  маҳаллаи деҳаи Дашти Қозӣ Қамариддин Исмоилов.

Ҷоизи зикр аст, ки кишоварзони шаҳри Панҷакент бо меҳнати пурсамари хеш дар амал исбот кардаанд, ки меҳру садоқат ва муҳаббат ба замину обу дарахту ҳосилот аз меҳнати пурфайз буда, маданияти киштукорро баланд мебардорад.

Вазъи иҷрои бунёди токзору боғҳои интенсивӣ дар дигар минтақаҳои вилоят

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Тибқи маълумоти сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев, азхудкунии даштҳои бекорхобидаи Сомғору Мирзоработ дар чор мар-ҳала амалӣ мешавад. Ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обёрии заминҳои бекорхобида - омили асосии татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии оилаҳои эҳтиёҷманд ба қитъаҳои замини наз-диҳавлигӣ, бунёди боғҳо бо мақсади афзун намудани иқтидори истеҳсолию содиротии минтақа ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад. Дар марҳалаи аввал ба баландии зиёда аз 118 метр ва ба дарозии 4, 7 километр тавассути қубурҳои қутрашон 720 миллиметра аз дарёи Сир об бароварда шуд. Дар доираи азхудкунии дашти ташналаби

Сомғор ҳамчунин дар ин мавзеъ дар марҳалаи аввал дар масоҳати 1000 гектар бунёди боғҳои интенсивӣ ба назар гирифта шудааст. Майдони боғоти нав дар оянда ба 7000 гектар расонида мешавад. Боғҳои нав тавассути технологияи муосир бунёд ёфта, бо усули обёрии қатрагӣ нигоҳубин мешаванд. Ба андешаи мутахассисон, иқлими мавзеи Сомғор барои бунёди боғҳои нав мусоид буда, хусусан парвариши зардолую шафтолу ва сиёҳолу дар ин минтақа мувофиқ мебошад. Аз рӯи маълумоти коршиносон ҷорӣ намудани системаи обёрии қатрагӣ, ки имрӯз дар кишварҳои пешрафтаи дунё фаровон истифода мешавад, аз чанд ҷиҳат барои деҳқонон манфиатовар аст. Ин усул қабл аз ҳама ба сарфаи об ва нуриҳои минералӣ мусоидат мекунад, ки бевосита ба решаи ниҳолҳо ворид карда мешаванд.

Дар маҷмуъ дар қаламрави ноҳия 162 гектар боғи интенсивӣ мавҷуд буда, тибқи нақша, то охири соли равон зиёда аз 100 гектар чунин боғот ташкил мегардад. Аз ҷумла дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”- и ноҳия соли равон бунёди боғи интенсивӣ дар масоҳати 5 гектар ба нақша гирифта шуда, ниҳолшинониву дигар корҳо бомаром ҷараён дорад. 

АШТ. Боғдории боғбонҳои чирадасти вилоят ва меваҳои шаҳдбори боғоти он, аз ҷумла ин минтақаи кишвар  хуб эътироф гардидаву имрўз дар ҷаҳон шуҳрати хоса пайдо кардааст. Кишоварзону боғпарварон баҳри бунёди боғҳои нав, барқарор кардани боғҳои кўҳнаву ба ҷои дарахтони камҳосили пешина шинонидани ниҳолҳои навбари пайвандии серҳосил азму субот менамоянд. Ин буд, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, соли равон аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, чарогоҳ  ва талу теппаҳо дар майдони 391,1 гектар боғи нав бунёд карда шудаанд, ки аз онҳо 7 гектар боғи интенсивии қатрагӣ буда, дар он ниҳоли бодоми аз хориҷи кишвар воридшуда, шинонида шудааст.

Бино ба иттилои сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ашт Рафтор Тӯйчиев имсол дар ҷамоатҳои Ошоба ва Понғози ноҳия бунёди 50 гектар боғи интенсивӣ, дар назар аст. Токзор ва боғи интенсивӣ дар ноҳия аз ҷониби бародарони  соҳибкор — Зайнулобиддин, Толибҷон ва Бахтиёр Мақсудҷоновҳо дар доираи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи мақсадноку пурсамари замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида соли 2019 бунёд карда шуда буд. Масоҳати боғи навбунёд дар маҷмӯъ 15 гектарро дар бар мегирад ва дар се гектари он 1500 ниҳоли бодоми навъи аъло шинонида шудааст. Дар умум теъдоди ниҳолҳои боғи нав 21 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Зимни суҳбат раиси Хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” Зайнулобиддин Мақсудҷонов иброз дошт, ки хоҷагии мазкур аз 13 саҳмдор иборат буда, дар мавсим зиёда аз 50 нафар ба кор ҷалб мешаванд. Аз масоҳати умумии хоҷагӣ, 12 гектараш токзор буда, дар он 74 намуди ангур парвариш  мешавад ва алалкай соли сипарӣ зиёда аз 60 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст.  Аз рӯи гуфти мавсуф ниҳоли ток аз хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Амрико, Аврупо, Россия, Украина, Туркия ва Чин дар асоси тавсияи мутахассисони соҳа ворид карда шудааст.

Соҳибкор Зайнулободдин Мақсудҷонов дар нақша дорад, ки соли равон низ дар масоҳати 20 гектар боғи интенсивӣ, аз он 18 гектараш гелос ва 2 гектар себи навъи қадпаст (карликовое) дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳия бунёд созад ва дар ин раванд корҳои шудгору омодагӣ ба ниҳолшинонӣ идома дорад.  

Ҳамчунин, боғи интенсивии Хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” аз 7 гектар замин иборат буда, дар он соли гузашта ниҳоли бодом шинонида шудааст. Обёрии боғи навбунёд ва ҳам токзор бо усули қатрагӣ сурат мегирад ва бо ин мақсад чоҳи амудӣ кофта шудааст.

Бино ба гуфти ӯ бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити имрӯза барои сарфаи об ва боло бурдани сифату ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидати фаъол мекунад.

- Ташкили боғоти интенсивӣ тариқи обрасонии қатрагӣ басо муфид буда, барои як гектар агар дар замини анъанавӣ 200 литр об сарф шавад, дар ин навъи замонавӣ 10 литр об истифода мешавад, яъне 20 маротиба об камтар масраф мешавад, ин ҳам аз ҷиҳати сарфаву сариштакории неруи барқ ва расонидани нуриҳои минералӣ басо муфид аст.  

СПИТАМЕН. Зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Муҳаммадҷон Обидзода иброз дошт, ки соли равон дар қаламрави ноҳия ташкили 100 гектар боғи интенсивӣ дар назар аст. Алҳол дар майдони беш аз 40 гектар корҳои омодасозии майдони боғот, аз ҷумла решаканкунии дарахтони боғҳои кӯҳна ҷараён дорад. Инчунин, боз дар масоҳати 60 гектар дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои кишоварзӣ то охири сол нақшаро пурра ба иҷро мерасонем. Ба иқлими ноҳия асосан ниҳолҳои себ, гелос, шафтолу, сиёҳолу, бодом мувофиқ буда, қисман обрасонии он қатравӣ сурат хоҳад гирифт.

Тибқи иттилои масъулин, дар минтақа 1600 гектар боғи анъанавӣ мавҷуд буда, бинобар кӯҳна шудани дарахтон ва паст шудани сифату ҳосилнокиашон давра ба давра ба ҷойи он боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ташкил мешавад.

- Агар солҳои пеш хоҷагидорон   манфиатҳои ин навъи боғот маълумоти кофиву шавқу рағбат надошта бошанд, алъон худи кишоварзону деҳқонон аз натоиҷи босамари он воқиф гаштаву ҳавасмандиву талабот бештар гаштааст. Ниҳолҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон харидорӣ, гардида   ҳосили онҳо бештар ба содирот нигаронида шудааст. Инчунин дар нақша дорем, ки аз ҳамон навъҳои ниҳоли харидоришаванда, дар намоиш-ярмаркаи вилоятии фурӯши ниҳолҳо дар оғози моҳи феврал ширкат варзида ба кишоварзони вилоят низ дастрас намоем, - зикр дошт М.Обидзода.

Мутахассисони соҳа бар он ақидаанд, ки боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ ҳисоб ёфта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат мавқеъи муайянро ишғол менамояд.

Ҳадафи дигари  асосӣ аз обёрӣ кардани заминҳои бекорхобида, инчунин таъсиси ҷойҳои корӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти бахши кишоварзӣ, коркарди он, баланд бардоштани имконоти содиротии маҳсулот, хосатан меваи тару хушк, маҳсулоти консерваи он ба хориҷи кишвар ва ба ин васила таккон бахшидан ба нерӯмандии иқтисодиёти вилояту ҷумҳурист.

Маъмурахон САМАДОВА

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh