Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва захираи маҳсулот

Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва раванди захираи маҳсулот дар сардхонаҳо шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла рафти корҳои саҳроӣ, ниҳолпарварӣ ва бунёди боғу токзорро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз ноҳияҳои калонтарини вилоят аст, бунёди боғу токзор ҷараён дошта, барои таъмини боғпарварон бо ниҳол хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ фаъолият доранд.

Хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳия яке аз чунин хоҷагиҳо буда, дорои 70 гектар замин аст, ки ҳар порчаи он самаранок истифода бурда мешавад. Дар хоҷагӣ ниҳолҳои себи сурх, семеренка, шафтолу, зардолу, бодом, нок ва олу парвариш карда шуда, тибқи дархост ба боғпарварон дастрас мегардад. Айни замон дар ин хоҷагӣ 150 ҳазор ниҳолҳои гуногун барои истифода омода карда шудааст.

Дар филиали Академияи илмҳои кишоварзӣ дар вилоят низ парвариши ниҳолҳои гуногун ва ток ба роҳ монда шуда, филиал барои боғдорони шаҳру навоҳӣ тибқи шартнома ниҳолҳоро омода менамояд.

Раиси вилоят зимни боздид ба масъулин барои истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти ниҳолпарварӣ, аз ҷумла таҷрибаи боғпарварони Ӯзбекистону Туркия тавсияҳо дода, ташкили боғҳои интенсивиро ба манфиати кор арзёбӣ кард.

Дар идома роҳбари вилоят дар мавзеи Сомғори ноҳия боздид намуда, барои ташкили боғу токзор дар ин минтақа ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки дар Сомғор бунёди чоҳҳои амудӣ ба нақша гирифта шуда, дар 20 гектар токзори нав бунёд мегардад.

Сипас, Раиси вилоят аз сардхонаи соҳибкор Мирзо Қозиев дидан карда, барои захираи бештари маҳсулот тавсияҳо дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар сардхона то имрӯз 120 тонна себ, 15 тонна ангур, 4 тонна лимӯ, 15 тонна хурмо захира гардида, барои таъмини аҳолӣ бо меваҷот дар фасли зимистон истифода бурда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh