Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чун анъана дирӯз дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ маҳсулоти гуногун аз қабили орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, полезиҳо, сабзӣ, тухм, гӯшт ва дигар маводи зарурии рӯзғор ба фурӯш гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид намуда, қайд кард,  ки ин тадбири муҳим бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадаф аз ташкили ярмарка бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намудани маводи ғизоӣ мебошад.

Роҳбари вилоят ба масъулин ҷиҳати дар оянда низ гузаронидани чунин ярмаркаҳо супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh