Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд

Кишоварзони шуҳратёри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода субҳи имрӯз “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“26 октябри соли 2021 дар натиҷаи меҳнати фидокорона ба деҳқонони ноҳия муяссар гардид, ки нақшаи истеҳсоли пахта барои соли 2021-ро иҷро намоянд. Ба хирмани Ватан 19250 тонна пахта супорида шуд, ки ин ба 100,1 фоизи нақша баробар аст».

Боиси зикр аст, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилоят аст ва бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ кишоварзони ноҳия тавонистанд дар вилоят аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намоянд.

Айни замон дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ҷамъоварии ҳосил идома дошта, тибқи маълумоти фаврӣ то 27 октябр 105170 тонна пахта чида шудааст, ки ба 80,4 фоизи нақша баробар мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh