Спитамен: Се омили муваффақияти пахтакорон

Дар бистрӯзаи дуюми маъракаи ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» кишоварзони ноҳияи Спитамен байни ноҳияҳои пахтакори вилоят ҷойи якумро ишғол карданд.

Тавре дар баромади Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр гардид, ба санаи 20-уми октябри соли равон пунбакорони ноҳияи Спитамен ба хирмани вилоят 11 ҳазору 751 тонна дурри гаронбаҳо рехта нақшаи истеҳсоли пахтаро ба 83,9 фоиз ба иҷро расониданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси ноҳия Темур Нӯъмонзода вимпели ғолибият ва 17000 сомонӣ мукофти пулӣ тақдим кард.

Ба саволи «чӣ омилу сабабҳо мӯҷиби ғалабаи меҳнатии пахтакорони ноҳия шуданд?», раиси ноҳия Темур Нӯъмонзода чунин посух дод:

- Камина соли дуюм аст, ки ба ноҳияи пахтакор роҳбарӣ мекунам. Ҳарчанд то ин дам, роҳбарии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоятро ба уҳда доштаму таассуротам дар бораи пахтакорӣ ба таври умумӣ буд, аммо, баъди ба ноҳия омадан бо ин соҳа аз наздик шинос шудам ва маълумам гардид, ки пахтакорӣ ба худ мувофиқ талаботу меъёрҳо доштааст. Якум ин ки гап дар сари интихоби тухмӣ ва саривақт омода кардани замин барои пахта бо назардошти меъёрҳои агротехнологии он будааст. Дуюм, саривақт дар муҳлати муқарраршуда гузаронидани кишт ва ниҳоят риояи талаботҳои агротехнологии зироат мебошад. Ба ин албатта, коркарди саривақтӣ, додани ғизо ва обёрӣ дохил мешавад. Ба фикрам мо ин талаботро риоя кардем, ки ҳосили ҷамъовардаамон аз соли пешин анқариб нисф барзиёд ва ҳосили дар саҳро буда моро хотирҷамъ мекунонад, ки дастури Раиси вилоят - аз ҳар гектар рӯёнидани 30 сентнери ҳосили «тиллои сафед»-ро ба ҷо орем…

Зимни суҳбат бо раиси ноҳия ба мо маълум гардид, ки 9 Ассотсиатсияи истифодабарандагони (АИО) ноҳия амал мекунад, ки соли равон ба масоҳати 6 ҳазору 27 гектар пунбадона киштанд, ин аз порсола 12 гектар барзиёд аст. Апробатсияи пахтазор нишон дод, ки аз ин миқдор замин 14 ҳазор тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Бино ба маълумоти раёсати кишоварзии ноҳия ба рӯзи ҷамъбасти 20-рӯзаи дуюм АИО ба номи Аҳмадалиев ба хирмани пахтаи ноҳия 1351,1 тонна рехта, нақшаро 114,5 фоиз ба иҷро расонидаанд. Дуюмин дар миқёси ноҳия нақшаи истеҳсоли пахтаро АИО «Тоҷикистон» ба иҷро расонидаанд. Хирмани оростаи пахтакорони ин ассотсиатсия 799,5 тонна аст, ки дурнамои истеҳсоли дурри гаронбаҳо ба андозаи 104,6 фоиз ба иҷро расидааст.  АИО «Саидқӯрғон» бошад, 438,2 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, нақшаи истеҳсоли «тиллои сафед»-ро ба андозаи 106,2 фоиз иҷро кардаанд.

- Пахтакорони ноҳия аз ғалабаи имрӯза илҳоми тоза гирифта, ҷамъоварии ҳосили пахтаро вусъат бахшидаанд, - гуфт зимни суҳбат сардори раёсати кишоварзии ноҳия Муҳаммадҷон Обидзода, - Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи Т.Ӯлҷабоев, «Андарсой», ба номи Сатторов ва «Зарзамин» дар арафаи иҷрои дурнамо қарор доранд.Ҳамарӯза ба саҳро то 7500 нафар саҳмдорону чинакчиён ба ҷамъоварӣ машғул шуда ба ҳисбои миёна аз 300 то 350 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh