ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ – ОМИЛИ МУВАФФАҚИЯТ

Субҳи 21 - уми октябри соли равон дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»- и маркази вилоят маросими ҷамъбасти даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят доир гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва пешқадамони соҳаи кишоварзии вилоят иштирок доштанд.

Тибқи қарори Раиси вилоят аз санаи 20 - уми августи соли ҷорӣ «Дар бораи тадбир-ҳои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2021» ҷиҳати баланд бардоштани ҳавасмандии моддии пахтакорон ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта аз тарафи Cарраёсати кишоварзӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ мувофиқи шаҳру ноҳияҳои пахтакор ҷамъбаст шуда, оид ба натиҷаҳои он муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода маълумот дод.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаи пахтакорӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои нави корӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

Дар соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, соли 2021 масоҳати кишти пунбадона дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ба 52,8 ҳазор гектар расонида шуд. Дар ин замина, пахтакорони вилоят азм доранд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик 134 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.

Зикр гардид, ки санаи 1 - уми октябри соли равон бистрўзаи якуми мусобиқа байни шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ гардида, кишоварзон 53 ҳазору 436 тонна ё 39,9 фоизи дурри гаронбаҳо ҷамъ оварда буданд. Бояд гуфт, ки бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ собит кард, ки мусобиқаи меҳнатӣ барои пешқадамӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пуршиддат ҷараён гирифт.

То санаи 21 - уми октябр ба хирман 101 ҳазору 739 тонна «тиллои сафед» рехта шуд, ки баробари 76 фоизи дурнамо мебошад.  Дар баракати хирмани вилоятӣ кишоварзони ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Спитамен саҳми бештар гузоштанд. Онҳо ҳар рўз ба ҳисоби миёна баробари 2,5 – 3 фоизи дурнамои солона пахта ҷамъ оварда, ба ҳосилғундорӣ суръат зам намуданд ва пешқадамони мусобиқа гардиданд.

Тибқи натиҷаи ҷамъбасти даври дуюми мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Спитамен, Зафаробод, инчунин Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби мусобиқа дониста шуданд. Ҳамчунин, Муродбой Мирзоев - механизатор аз Хоҷагии деҳқонии “Фарҳоди Дарё - 1” - и деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод, ки дар мавсими имсола беш аз 250 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ намудааст, ғолиби мусобиқа ва “Механизатори беҳтарин” дониста шуд.

Деҳқонони ботаҷрибаи ҷамоатҳои деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом, Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ашт ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, Кооперативи тиҷоратии ба номи “Турсунбой Қўшатов” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Нури Рарз»-и ноҳияи Зафаробод, “Ҳоҷидеҳқонбой”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Мунаввариён» - и ноҳияи Мастчоҳ, “Зарбдор” - и шаҳри Конибодом ва «Бош булоқ»-и ноҳияи Спитамен ва дар маҷмўъ дар миқёси вилоят 11 ҳазору 143 адад хоҷагӣ дар ин давра ба марраи мурод расида, собит намуданд, ки ташкили дурусти кор, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳо гарави муваффақиятҳо гардид. Дар ин маврид номи пахтачинони моҳир Рухсора Рўзиматова аз ноҳияи Ашт, Онаҷон Зоидова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Зӯҳро Ваҳҳобова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Райҳона Норматова аз ноҳияи Зафаробод, Ҳабиба Норматова аз шаҳри Конибодом, Садоқат Юлчиева аз ноҳияи Мастчоҳ, Муҳайё Бойҷигитова аз ноҳияи Спитамен ва ҳазорҳо нафарони дигарро бо ифтихор ба забон овардан месазад, ки бо заҳматҳои шабонарўзии хеш хоҷагиҳоро ба марраи мурод наздик карданд. Комёбиҳои ноилшудаи заркорони хоҷагиҳои мазкур аз истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда гувоҳӣ медиҳанд ва дигаронро низ ба пешравӣ ҳидоят менамоянд.

Тибқи маълумоти обу ҳавосанҷӣ даҳаи сеюми моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр ҳарорати ҳаво барои суръат бахшидан ба корҳои ҳосилғундорӣ хеле мусоид мешавад. Аз ин рў зарур аст, ки деҳқонони шарафманди вилоят вақтро ғанимат дониста, барои ҳарчӣ тезтар ҷамъ овардани ҳосил кўшиш ба харҷ диҳанд.

Ҳамзамон, ба раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор супориш дода шуд, ки барои тезонидани суръати чиниши пахта ва таъмини саривақтии дурнамои истеҳсоли пахта тадбирҳои иловагиро амалӣ намоянд.

Тибқи маълумоти фаврӣ ҳамарўза дар ҷамъоварии пахта беш аз 60 ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён иштирок ва наздик 2600 тонна пахта ҷамъ оварда истодаанд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як чинакчӣ 44 - килограммӣ рост меояд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳашарчиён дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта фаъолона ширкат варзида, кўшиш ба харҷ диҳанд, ки ҳосили расида то пағаи охирин ҷамъ оварда шавад.

Ҳамчунин, кишоварзони ноҳияи Спитамен бо гирифтани 8060 тонна ҳосили пахта, ки 57,6 фоизи дурнамои солона аст, ғолиби мусобиқа дониста шуда, бо «Вимпели сайёр» ва мукофоти пулӣ ба маблағи 17 ҳазор сомонӣ мушарраф шуданд. Деҳқонони ноҳияи Зафаробод сазовори ҷойи дуюм ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 8500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд, ки дар ин давра 13628 тонна, ё баробари 45,8 фоизи дурнамои солона пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд байни ҷамоатҳои пахтакори вилоят Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар ин давра 573 тонна пахта истеҳсол ва дурнамои солонаро 89,5 фоиз таъмин намудааст, ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ ҳисобида шуда, бо «Вимпели сайёр» ва мукофоти пулӣ ба маблағи 4500 сомонӣ  сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, ба хоҷагиҳои ҶДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт, Кооперативи  тиҷоратии ба номи «Турсунбой Қўшатов»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Нури Рарз»-и ноҳияи Зафаробод, «Мунаввариён»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Зарбдор»-и шаҳри Конибодом, «Ҳоҷидеҳқонбой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва «Бош булоқ»-и ноҳияи Спитамен ва чинакчиён туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супорида шуд.

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нўъмонзода миннатдории мардуми заҳматкаши ноҳияро барои таваҷҷуҳи доимӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят расонида, гуфт ки деҳқонони ноҳия бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво, таъмини муназзами оби полезӣ соли равон  тавонистанд ба гирифтани ҳосили баланд муваффақ шаванд. Минбаъд низ пешравиро аз даст надода, дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ заҳмат хоҳем кашид.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ғолибонро табрик гуфта, аз мардуми шарафманди вилоят даъват ба амал овард, ки дар ин рўзҳои долу зарби кор паҳлӯи марди деҳқон бошад, рӯзҳои офтобиро ғанимат дониста, ба маъракаи ғунучин суръат бахшанд, то дастархони мардум пуру арзонӣ бошад.

Аминҷон ШАРИФЗОДА,

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh