Ҳашарчиён - мададгори деҳқонон

Баробари фаро расидани фасли тирамоҳ дар вилоят маъракаи ғунучини дастранҷи деҳқон оғоз меёбад. Бозору мағозаҳо аз анвои ширину шаҳдбори кишоварзону деҳқонон пур гардида, мардум бо шукргузорӣ аз он харидорӣ мекунанд. Баробари чидани меваю сабзавот чиниши «тиллои сафед», яъне ҷамъоварии пахта низ оғоз мешавад. Ҳамасола ба ин маъракаи муҳим ҳазорон нафар кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҷалб мешаванд.

Дар вилоят аз моҳи сентябр ғунучини пахта оғоз гардид. Тавре иттилоъ дорем, аз санаи 11 уми сентябр ҳашарчиён ба шаҳру навоҳии пахтакор барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани дастранҷи деҳқон қувва ва неруи худро сафарбар кардаанд. Тавре сардори шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуҳаким Қаландаров иттилоъ дод, дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз ҷониби Сарраёсат оид ба беталаф ва сари вақт чидани пахтаи имсола ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфтааст. Соли равон дар вилоят дар майдони 52 ҳазору 782 гектар кишти пахта ба роҳ монда шуда, аллакай дар як рӯз 3321 тонна ва аз аввали мавсим 29 ҳазору 548 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 10 ҳазору 401 тонна зиёд мебошад.

Алҳол дар минтақаҳои пахтакори вилоят барои чиниши пахта 58 ҳазору 25 нафар чинакчӣ ҷалб гардидаанд, гуфт номбурда. Барои аз вазъи кунунии заминҳои пахтакор огаҳӣ пайдо кардан ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар шудем. Дар заминҳои пахтакори ноҳия пахта шукуфон асту ҳашарчиён бо азм онро мечинанд. Бино ба гуфти масъулини соҳаи кишоварзӣ, дар ноҳия 7 ҳазору 740 гектар замини пахта мавҷуд буда, бештар навъҳои маҳаллии «Хуҷанд 67», «Неъмат» ва «Ориёӣ» кишт шудааст. Дар ноҳия дар як рӯз 240 тонна ва аз аввали мавсим 605 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 330 тонна зиёд аст. Дар бригадаи рақами 15 – и ҶСК “Абдураҳим Ҷумъаев” ҳашарчиён бо истифода аз обу ҳавои мусоид мекӯшанд, дастранҷи деҳқононро зудтар чида, ба охир расонанд.

Аз аввали моҳи сентябр чиниши пахта дар ин мавзеъ оғоз ёфтааст. Бино ба гуфти бригадир Аҳмадалӣ Маҳмудов, имрӯз беш аз 100 чинакчӣ аз Беморхонаи марказии ноҳия барои ғунучини «тиллои сафед» сафарбар шудаанд. Дар бригадаи мо 60 гектар замини кишти пахта мавҷуд аст ва дар ин ҷо асосан ду навъи пахта «Дӯстӣ» ва «Хуҷанд 67» кишт шудааст. Ин намуд тухмӣ дар иқлими ҷамоат хуб нашъунамо меёбад. Соли сипаришуда аз як гектар 25 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд. Имсол азм дорем, то 40 сентнер ҳосил ба даст орем, зеро нисбат ба соли гузашта ҳосилнокӣ зиёдтар гардидааст. Ҳоло чинакчиён барои чиниши пахта ҷалб шуда, дар як рӯз наздик 9 – 10 тонна пахта чида истодаанд, гуфт Аҳмадалӣ Маҳмудов. Бино ба гуфти масъулин, пахтаи чидашуда асосан ба ҶДММ «Зафариён» ва ҶДММ «Юсуф Саркор» супорида мешавад ва коргоҳҳои мазкур барои ҳавасмандкунии чинакчиён тасмим гирифтанд, маблағро пешпардохт кунанд. Амали онҳо ба ҷалби бештари ҳашарчиён мусоидат хоҳад кард.

Боиси таъкид аст, ки барои чиниши пахта бештар кормандони соҳаҳои буҷавӣ ҷалб шудаанд. Маблағи чиниш бо назардошти андоз як сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамшираи шафқати Беморхонаи марказии ноҳия Гулчеҳра Каримова чанд сол инҷониб дар вақти мавсим бо чиниши пахта ризқу рӯзии худро ба даст меорад. Дар як рӯз то 100 – 110 кило пахта чида, маблағи бадастовардаашро барои рӯзгор истифода мебарад. Фарзандам донишҷӯ асту шавҳарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Аз ин лиҳоз, барои кӯмак ба оилаи худ ҳамасола дар вақти мавсими пахта қатори дигар занон заҳмат мекашам. Мавсими ғунучини пахта имконият медиҳад, зиндагиамро пеш бурда, ғизои зимистонаро захира кунам. Дар мавсим то чаҳор ҳазор сомонӣ маблағ ба даст меорам.

Ҳамчунин, баробари маблағ боз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мо кӯмаки моддӣ мерасонанд, яъне амсоли равған, биринҷ ва ҳезум бо нархи арзон дастрас мекунанд, гуфт Гулчеҳра Каримова. Ҳоло кормандони соҳаи тандурустии ноҳия давоми 15 шабонарӯз дар ин мавзеъ меҳнат мекунанд ва аз тарафи хоҷагӣ барои чинакчиён ҷойи хоб ва хӯроки гарм ба пуррагӣ таъмин гардидааст. Онҳо мегӯянд, ки ҳамасола барои ғундоштани ҳосили кишти деҳқонон кӯмак расонида, баробари он имконияти хуби ба даст овардани маблағро пайдо мекунанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh