Дар Суғд то имрӯз 40 ҳазору 504 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид

Дар навоҳии пахтакори вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дошта, кишоварзон то имрӯз 40 ҳазору 504 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ карданд.

Кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ чун анъана дар рӯзҳои истироҳатӣ барои саҳмгузорӣ дар ҷамъоварии ҳосил ва расонидани ёрӣ ба пахтакорон ба саҳро баромаданд.

Аз ҷумла, бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ рӯзи якшанбеи 26 сентябр ба Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, давоми рӯз беш аз 20 тонна пахта чиданд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят ҷиҳати пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил тавсияҳо дода, қайд кард,  ки рӯзҳои офтобиро самаранок истифода баранд.

Боиси зикр аст, ки тибқи маълумоти фаврӣ дар вилоят ҳамарӯза наздик 4000 тонна пахта чида шуда, аз аввали мавсим 40504 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh