АЗ КИШТ ТО ИСТЕҲСОЛ ВА ЗАХИРА БО УСУЛИ АНЪАНАВӢ

Дар соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ин картошкапарварӣ маҳсуб меёбад. Зеро сокинони мамлакат онро нони дувум меҳисобанд. Аз ин лиҳоз ба ин бахши муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат диққати махсус равона гардидааст. Ҳамасола бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар дар мамлакат майдони кишти картошка афзун мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид, қайд намуданд, ки дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ истеҳсоли картошка дар мамлакат даҳ баробар зиёд гардидааст. Ин рақам бозгӯи он аст, ки имрӯз деҳқонон дар самти истифодаи самараноки замин ва гирифтани ду ва зиёда ҳосили баланд корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Ҳамчунин, далели дигари зиёдшавии истеҳсоли картошка он аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ замин ба дасти деҳқонон расид ва кишоварзон бо дасту дили гарм меҳнат намуда, аз он ҳосили дилхоҳ гирифта истодаанд.

Имрӯз ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли картошкаи хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар миқёси вилояти Суғд корҳои назаррас иҷро гардида, деҳқонон дар ин самт аз тамоми имкониятҳои лозима истифода намуда истодаанд. Дар миқёси вилоят картошкаҳои хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза бештар дар ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент парвариш меёбанд. Кишоварзони ноҳияи Деваштич картошкапарвариро яке аз бахшҳои муҳим ҳисобида, баҳри пешбурди рӯзгори худ ва таъмини бозорҳои маҳалливу ҷумҳурӣ дар саҳро машғули кор ҳастанд. Деҳқонон дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии деҳқониву инфиродии худ ба парвариши ин намуди зироат машғуланд. Аксарияти сокинони ноҳия зиндагии худро аз ҳисоби ин навъи зироат пеш мебаранд.

Кишоварзони ноҳия аз ҳисоби заминҳои дар ихтиёри худдошта тухмиҳои хушсифати маҳсулоти кишоварзиро кишт намуда, имрӯз дар саҳро аз пайи ҷамъоварии ҳосил ҳастанд. Бино ба иттилои масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия, масоҳати умумии заминҳои ноҳия 36569 гектар мебошад. Соли 2021 деҳқонон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 6061,6 гектар кишти картошкаро ба роҳ монда буданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 860,8 гектар зиёд мебошад. Имсол кишоварзон кишти картошкаро аз сабаби боришоти зиёди борон сари вақт ба роҳ монда натавонистанд. Аз ин лиҳоз, ҷамъоварии ҳосили онро баъзе аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дар охирҳои моҳи сентябр оғоз менамоянд. Миқдори истеҳсол ва майдони кишти картошка дар ноҳия сол аз сол зиёд мегардад.

Масалан, соли 2014 кишоварзони ноҳия дар майдони 2288 гектар кишти картошка гузаронида, аз ҳар гектар 276 сентнер ҳосил рӯёниданд. Соли 2015 бошад, майдони кишти картошка 150 гектар зиёд шуд. Бино ба иттилои масъулин имсол дар ноҳия истеҳсоли картошкаро аз 93 800 тоннаи соли 2015 ба 180 – 200 ҳазор тонна расониданианд. Соли равон деҳқонони ноҳия аз ҳар гектар аз 280 то 350 сентнерӣ ва аз ин ҳам зиёд ҳосил умед доранд. Абдумалик Ҳодиев дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи бой дорад. Худ сокини ноҳияи мазкур буда, дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияти назаррас намудааст. Аснои сӯҳбат зикр намуд, ки имрӯз сокинони деҳаҳое, ки дар доманакӯҳ ҷой гирифтаанд, барои истеҳсоли картошкаи аз ҷиҳати экологӣ тоза машғуланд. Зеро иқлими ин минтақаҳо мӯътадил буда, ба парвариши ин намуди зироат мусоид аст. Картошкаи истеҳсолнамудаашон асосан бозорҳои кишварро дар фасли зимистон ва аввали баҳор бо маҳсулоти хушсифат таъмин менамояд. Зеро то аввали баҳор онро дар анборҳо ва таҳхонаҳои махсус нигоҳдорӣ мекунанд.

Ба андешаи Абдумалик Ҳодиев, имрӯз бояд ниҳодҳое, ки барои захираи маҳсулоти кишварзӣ машғуланд, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома баста, маҳсулоти кишоварзиро аз дасти аввал, яъне аз худи деҳқон харидорӣ намуда, захира намоянд ва дар ҳолатҳои лозима барои таъмини бозорҳои дохила онро ба бозор бароранд. Бино ба иттилои мавсуф, кишоварзони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Муҷун, Росровут ва Ваҳдат дар самти нигоҳдории картошка таҷрибаи зиёд доранд. Онҳо, ҳатто, бо усули бобоӣ яъне дар «ӯра» низ маҳсулоти кишоварзии худро нигоҳ медоранд. Ин усул барои хуб нигоҳ доштан ва талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка мусоид аст. Барои нигоҳдории картошкаи ҷамъоварда моро лозим аст, ки онро ба навъҳо ҷудо намоем ва пасон дар таҳхона нигоҳ дорем, мегӯяд сокини деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич Амирбек Соҳибов.

 Аз гуфтаи ин нафар маълум мегардад, ки нигоҳдории картошка дар ин деҳа усули ба худ хосро дорад. Таҳхонаҳо дар фасли сармо барои осеб наёфтани картошка мувофиқанд. Зеро пас аз ворид намудани картошка ба таҳхона, то муддати муайян дари онро боз намекунем. Зеро ҳавои хунуки воридшуда метавонад, дар сардиҳои зимистон ба ин маҳсулот зарар расонад. Амирбек чандин сол аст, ки ҳамроҳи аҳли оилаи хеш ба картошкапарварӣ машғул аст. Ӯ имсол дар 1,5 гектар замини дар ихтиёрдоштаи худ картошкаи навъҳои серҳосилро кишт намуда, ният дорад, ки ҳосили хуб ба даст орад. Сокинони деҳаи Овчӣ дар самти кишту парвариши картошкаи хушсифат шуҳратёр гаштаанд. Зеро иқлим ва оби тозаи чашмасорон барои истеҳсоли картошкаи хушсифат боис мегардад. Имсол барои обёрӣ намудани заминҳои мавзеи «Дукчӣ», «Наволӣ» ва мавзеи поёнтари он бо қувваи аҳолӣ дар масофаи 3,4 километр ҷӯйбор кандаанд, ки аз он мушкили деҳқонон осон гардид. Дар ин мавзеъ оби аз ҳисоби барф омада то охири моҳи август заминҳоро шодоб менамуду халос.

Пас аз обёрӣ деҳқонон тавонистанд, замини худро то нимаи моҳи сентябр бо об таъмин намоянд. Ин амал барои зиёд намудани ҳосили картошкаи имсола мусоидат менамояд. Зеро аз лундаҳои ин навъи зироат мушоҳида кардан мумкин аст, ки назар ба соли пеш хубтару беҳтар инкишоф ёфтааст, мегӯяд Амирбек Соҳибов. Қайд кардан лозим аст, ки яке аз сабабҳои дигари истеҳсоли зиёди картошка дар ноҳия ин ба анҷом расонидани лоиҳаи сохтмони хатти обгузари Даҳкатсой – Даҳанасой мебошад. Оғози амалишавии ин лоиҳа ба моҳи октябри соли 2015 ҳангоми сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия рост меояд. Лоиҳаи мазкур барои обёрии 12 ҳазор гектар замини лалмӣ ва чарогоҳ пешбинӣ гардидааст.

 Дар баробари амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб боло меравад. Махсусан заминҳои кишти картошка зиёд ва истеҳсоли он то ба беш аз 300 ҳазор тонна баробар мегардад, мегӯяд Абдумалик Ҳодиев. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ноҳияи Деваштич се хоҷагии тухмипарвар, аз ҷумла Кооперативии истеҳсолии «Овчӣ Ғончӣ», «Ҳотам Қурбонов» ва «Ҳӯҷаҳо» фаъолият менамоянд. Аксари ноҳияҳои картошкапарвар тухмиҳои хушсифати кишоварзони ноҳияро харидорӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар самти нигоҳдории тухмии картошка барои кишт аз анборҳои алоҳида истифода менамоянд. Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон бошанд, баҳри истеҳсоли картошкаи хушсифат аз хоҷагиҳои тухмипарвари ноҳияи Деваштич тухмиҳои хушсифатро харид намуда, дар заминҳояшон кишт менамоянд. Аз ин лиҳоз, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2100 гектар кишти картошка гузаронида буданд, ки айни ҳол ҷамъоварии он оғоз гардидааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар солҳои охир, мувофиқи афзалиятҳои барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои калонҳаҷми ноҳияи Шаҳристон аз нав таҷдид гардида, дар асоси он хоҷагиҳои хурди инфиродӣ ва оилавӣ таъсис ёфта истодаанд. Алҳол дар ноҳия 2330 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Дар ин ноҳия ҷиҳати афзун намудани майдони кишти картошка ва зиёд намудани истеҳсоли он тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон, деҳқонон соли гузашта 43504 тонна картошка истеҳол намудаанд. Имсол бошад, аз рӯи нақшаи пешбинишуда истеҳсоли картошкаро ба 50 ҳазор тонна расонидаанд. Аз рӯи ҳосилғундории имсола гуфтан мумкин аст, ки ҳосилнокии картошка нисбат ба соли гузашта зиёд буда, ба ҳисоби миёна аз 250 сентнерии соли гузашта ба 290 сентнер расидааст. Айни ҳол то ба санаи 1 – уми сентябр дар ноҳия беш аз 10,5 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Тибқи таҳлилҳо ва санҷишҳои кормандони раёсати кишоварзии ноҳия, истеҳсоли барзиёди картошка аз тухмии хушсифат вобаста аст. Тухмиҳои навъҳои «Аҳлиддин», «Пикассо», «Овчӣ», «Шукрона» ва ғайраҳо, ки аз ноҳияи Деваштич ворид гардидаанд, ҳосили хуб медиҳанд. Имрӯз бештар Хоҷагиҳои деҳқонии «Юсуфбобо» ва «Толибҷон 2» дар самти кишту парвариши картошка пешсаф буда, аз ҳисоби кишт намудани тухмиҳои хушсифати номбурда саҳмдоронаш ҳосили хуб ба даст меоранд, иброз дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон Хуршед Расулбердиев.

Дар ҳақиқат, кишоварзони ноҳияҳои номбурда имрӯз дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар саҳро машғули коранд. Онҳо моҳияти мақоли мардумии «Замин зар деҳқон заргар» ро хуб дарк намудаанд. Аз ин лиҳоз, баҳри ба даст овардани зар ба замин муносибати хуб намуда, бо умеди нек дона мепошанд ва бо амалӣ намудани корҳои агротехникӣ ҳосили хубро интизоранд. Алҳол мавсими ҳосилғундории картошкаи киштшуда оғоз гардидааст ва деҳқонон аз ҳавои мусоид истифода намуда, баҳри ба даст овардани ҳосили дастранҷи худ кӯшиш доранд.

Истамҷони Наҷмиддин, «Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh