НИЯТИ НЕК

Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Энаҷон Бойматова, ки дар замони шӯравӣ бо номи колхози «Москва» машҳур буд, имрӯз чӣ рӯзгоре дорад? Барои посух ёфтан ба ин савол мо роҳ сӯи ин шаҳри қадима гирифтем. Бо риояи одоби ҷурналистӣ ба қабули шаҳрдор Абдусалом Тӯхтасунзода даромада, аз мақсадамон огаҳ ва иҷозати «соҳиби хона»-ро гирифтем.

‐Идораи хоҷагиро медонед‐а? ‐пурсид раиси шаҳр.

 ‐Ҳа, дар маҳаллаи «Пӯлодон».

‐Не, идора ба дигар ҷой кӯчидааст,‐гуфт раис,‐ман супориш медиҳам, Шуморо роҳбаладӣ мекунанд, сарсон нашавед.

Дере нагузашта ба қабулгоҳи раиси шаҳр ҷавоне омада, аз ёрдамчии раиси шаҳр Ҷамшед пурсид:

‐Маро раиси хоҷагӣ барои меҳмонон фиристоданд.

‐Марҳамат, ана онҳо,‐посух дод Ҷамшед….

Ба идораи нави хоҷагӣ, ки он дар бошишгоҳи бригадаи №9 ҷойгир шуда будааст, ба зудӣ расидем. Лекин то омадан даҳҳо савол нисбат ба тақдири ин хоҷагӣ пайдо шуд, ки посухашро мехостем ҳарчи зудтар гирифта бошем.

‐Ана, идораи навамон,гуфт роҳбалад ва моро ба утоқи кории раис ҳидоят кард.

Идораи навро басо ободу зебо ва сарсабз дидем. Маълум, ки раёсати хоҷагӣ бошишгоҳро аз таъмири хуб бароварда, нисбати ободонӣ заҳмати зиёд ба харҷ додааст. Саҳни ҳавлӣ ва атрофи он гулу гулзор ва бо як дид табъи касро болида месохт. ‐

Раис ҳозир меоянд, марҳамат дар утоқи кориашон шишта истед,‐гуфт сармуҳосиб Расул Асомаддинов…

Аммо, мо катчаи назди идораро, ки дар паҳлӯи сарҳавзи бошишгоҳ гузошта шуда буд, зери бедҳои куҳансоли сояашон ҳузури ҷон интихоб кардем:

‐Инаш барои мо беҳтар аст,‐гуфтем ба ӯбе ҳамин ҳам ҳамарӯза дар утоқи корӣ мешинем.

Дере нагузашта раис ҳам омада расид. Аз ивазшавии роҳбарияти раёсати хоҷагӣ мо бехабар монда будем. Гумон кардем, ки раис Абдураҳим. Аммо, нафари дигарро дидему бо як дид шинохтем, ки писари собиқ раиси хоҷагӣ зиндаёд Набиҷон Иномов‐Фарҳодҷон будааст. Бо падари раҳматиаш як себи дукафонро мемонад.

Бо як ишораи раис дар як муддати кӯтоҳ дастархони болои катчаро нозу неъмати баҳор‐харбузаву ангур, шафтолую анҷир ва ду нони гарму як чойник чойи кабуди талх зеб дод. ‐Фарҳодҷон, аввал ин ки шуморо бо таъин шуданатон ба вазифаи масъул табрик, бигзор рӯҳи поки модарбузурги Конибодом Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Энаҷон Бойматова ва пири кор Набиҷон Иномов дастгиру муттако бошанд,‐ба сухан оғоз кардем,‐бигӯед, ки имрӯз хоҷагии як замон маъруфу машҳури вилоят чӣ ҳол дорад?

 ‐Маро моҳи феврали ин сол раиси раёсат интихоб карданд. Аммо, иқрор мешавам, ки хоҷагиамон имрӯз на он ҳолеро дорад, ки 20 сол муқаддам дошт. Албатта, ин насибаи тақдир аст. Ниятам ҳамин, ки мекӯшам зимнан шӯҳрати пешинаи хоҷагиро барқарор созам. Аввалин коре, ки мекунам, соли оянда пахтакориро дар худи хоҷагӣ ба роҳ мемонам, зеро ин кор назар ба усули иҷора фоидааш бештар аст. Боғдориро низ чунин хоҳам кард. Бояд сафи 1500 нафар саҳмдоронро як маротиба дида баромад, ки киҳо соҳиби замин шудаанд?!

Зимни сӯҳбат бо сарагрономи хоҷагӣ Қобилҷон Шокиров дарёфтем, ки соли равон аз 724 гектар замин ба 354 гектараш пахта киштаанд, ки нашъунамои хуб дорад.

‐Мо ба сарчин кардани ниҳоли пахта оғоз кардем,гуфт Қобилҷон,рости гап, норасоии об каме ба ташвиш андохт. Як миқдор майдони пахта «теппагул» ҳам шуд. Лекин ҳозир хуб. Тасмим гирифтаем, соли равон 1400 тонна «тиллои сафед» рӯёнем. Ба майдони 115 гектар ғалладонагиҳо, 40 гектар хӯроки чорво, 40 гектар полезӣ ва ба 100 гектар чун кишти такрорӣ лӯбиёгӣ киштем, ки самараи хуб дод. Дар ин радиф 10 гектар боғи нав бунёд кардем.

Яке аз омилҳои фаровонҳосилӣ интихоби тухмии хушсифати ҳосилнокиаш баланд аст. Бино ба гуфти сарагрономи хоҷагӣ, пахтазорони хоҷагиро асосан тухмии «Ориёӣ» ташкил медиҳад, ки баромади нахи он 35‐36 фисад, чигит бошад то 56‐58 фисадро ташкил медиҳад.

‐Ин тухмии олимони худӣ таҳти роҳбарии мутахассиси варзидаи соҳаи пахтакорӣ Карим Ҷӯраев кор карда баромада шудааст,‐гуфт сарагроном,‐агар хато накунам, дар миқёси вилоят аз ин намуди тухмӣ дар майдони 6000 гектар кишт шудааст.

Дар хоҷагиҳои шаҳр бошад, 3000 гектарро ташкил медиҳад. Зеро ин намуд хеле хуб ноҳиябандӣ шудааст…. Чун аз вазъи иқтисодии хоҷагӣ пурсон шудем, раис гуфт, ки «беҳтараш аз муҳосибот пурсед».

‐Рости гап, хоҷагӣ то моҳи феврали соли равон дар вазъи вазнини иқтисодӣ қарор дошт,‐гуфт сармуҳосиб Расул Асомаддинов,то имрӯз ба андоз 448 ҳазор, истифодаи қувваи барқ 32 ҳазор ва хизматрасонии миробҳо 54 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд.

Ҳамаи қарзҳо ҳисобӣ шуданд. Имрӯз бошад, 18 нафар кормандони раёсати хоҷагӣ маошамонро, ки ҳармоҳааш то 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сари вақт мегирем. ‐Раҳматии падарам «қарз зиллат аст» мегуфтанд,мегӯяд раиси раёсати хоҷагӣ Фарҳодҷон Иномов, насиҳат мекарданд, ки «кӯшиш кун ба қарздорӣ роҳ надеҳ. Мабодо роҳбар шавӣ, ҳамеша дар хазинаи идора 5‐6 ҳазор сомонӣ пули нақдро нигаҳ дор. Дар ҳолати тангдастӣ ҳатто аз маблағҳои хонаат ҳам бурда мон, ки зарур шуда мемонад.

Ҳамзамон, мегуфтанд, ки «мабодо роҳбар шуда монӣ, аз нафсоният эхтиёт шав, ба пули давлат хиёнат накун, забонро ҳамеша нигаҳ дор, ки забони сурх сари сабзро барбод медиҳад». Ман ин панди падарро бекаму кост ба ҷо оварда истодаам… Фарҳодҷон аз дигар ниятҳои некаш дар самти ободонӣ гуфт:

–Мехоҳам то Наврӯзи соли оянда дар саҳни идора нимпайкараи поягузор ва раиси номдори хоҷагӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Энаҷон Бойматоваро гузорам. Дар рӯ ба рӯи идораи хоҷагӣ бошад, боғе бунёд карда, ба номи шогирди вафодори он кас Набиҷон Иномов гузорам, ки ахирон беш аз 40 сол дар хоҷагӣ чун иқтисоддону сармуҳосиб ва 16 соли охир раиси раёсати хоҷагӣ шуда фаъолият бурдаанд. Дар ин маврид собиқ сарагрономи хоҷагӣ Абдуваҳҳоб Абдуразоқов, ки дар сӯҳбат ҳузур дошт, гуфт:

‐Ҳарду ҳам ба ин арзандаанд. Хуб дар ёд дорам, ки раисхола ба Набиҷон‐акаам гуфта буданд, ки «Набиҷон, ту зани колхозу ман шавҳараш. Ҳар ду аробаи онро баробар мекашем». Бале, онҳо тавре аробаро баробар кашиданд, ки колхози «Москва» номдори номдорҳо гардид. Меҳнати шоёни онҳо бошад, сазовори қадршиносӣ шудааст. Энаҷон‐апа ҳанӯз соли 1961 ба муносибати Рӯзи байналмилалии бонувон ба унвони олӣ‐Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз шуданду раҳматии Набиҷон Иномов бошанд, соли 1996 бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, хабарнигори «Садои мардум» дар вилояти Суғд,

Ҷовиди АШТӢ, хабарнигори «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд

 махсус барои «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh