НИҲОЛРО КАЙ ВА ЧӢ ТАВР БОЯД ШИНОНИД?

Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва фарогирии мардуми деҳот бо ҷойи корӣ мусоидатгар аст. Вобаста ба ин имрӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ ҷиҳати ташкили боғҳои наву замонавӣ диққати махсус равона карда мешавад. Аз ин лиҳоз, ҷавоби саволҳои муҳлати хуби шинонидани ниҳол кай аст? Чӣ бояд кард, ки сабзиши ниҳолҳо хуб ба роҳ монда шавад? – ро аз Дадоҷон Каримов пурсон шудем.

Номбурда гарчанде маълумоти олӣ надошта бошад ҳам, лекин дар боғдорӣ ва парваришӣ он ҳамто надорад. Ин нафарро ҳамаи сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб мешиносанд. Зеро доир ба шинонидани ниҳолҳои ҳосилдеҳ аз ӯ маслиҳат мегиранд ё ӯро барои шинонидан ва ба шакл даровардани ниҳолҳои боғоти хеш даъват мекунанд.

Мавсуф аз ӯҳдаи ҳамаи корҳои агротехникӣ ба монанди башаклдарорӣ, буридан ва коркарди кимиёвӣ бар зидди касалиҳо, ҳашаротҳои зараррасон ба хубӣ мебарояд. Зеро ӯ аксарияти маълумоти заруриро аз профессори соҳаи мазкур Саидалӣ Гулов дастрас намуда, барои таҷрибаи ғанӣ пайдо намудан ҳамкории хуб дорад. Бино ба гуфти номбурда, бояд ҳангоми шинонидани ниҳол пеш аз ҳама навъҳои ниҳоли пайвандшавандаро интихоб кардан лозим аст, ки ба намуди хок ва қитъа мувофиқат кунад.

Бояд бештар ниҳолҳои дусоларо шинонид, зеро ки онҳо тезтар ва хубтар инкишоф меёбанд. Агар ниҳоли зардолу шинониданӣ шавем, пеш аз ҳама ҳаминро бояд ба инобат гирем, ки он дарахти тезсабзанда буда, аввал тагпайвандро интихоб карда, пас реҷаи шинониданро муайян кард. Агар ниҳолҳои шинонидашаванда серреша бошад, андозаи ҷуқуриаш 60-60 сантиметрро ташкил медиҳад. Тақрибан 30 сантиметри ҷуқурии кофташуда хоки бегонаи серғизоро рехтан мумкин аст.

Ҳамчунин, ба миқдори муайян поруи сӯхта бо хок омехта, рехта мешавад. Ниҳолро бояд аз моҳи декабр cap карда, то охири моҳи феврал шинонид. Ҳангоми шинонидан баъзе аз решаҳоро буридан лозим аст. Баъд аз тайёр кардани замин шинонидани ниҳол бояд оҳиста ҷараён гирад, то ки решаҳои буридашуда ҳаво накашанд. Инчунин, сараввал хоки болоии серғизоро поён андохта, болои он хоки поёниро мерезанд ва бо пой зер карда, хуб ҷобаҷо карда, ба чуқурӣ 8-10 литр об рехтан лозим аст.

Барои ҳосили хуби баланд гирифтан аз ниҳолҳои шинонидашуда бояд ба тарзи буриши шохҳои он аҳамият дод. Зеро шохҳое ҳастанд, ки ҳосил намедиҳанд ва барои дигар шохҳои ҳосилдеҳ монеа эҷод менамояд. Бинобар ҳамин чунин шохҳоро тарзе бурид, ки ба хушкшавии дарахт оварда нарасонад. Дар соли дуюми нашъунамои ниҳол дар мавсими зимистон зарур аст, ки шохаҳои калонро бурида, дарозии навдаҳои нав 25-30 сантиметр монда шавад, ки ин барои инкишофи шохаҳои нав ба самти горизонталӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин шохҳои дар байни ниҳол бударо низ қисмаи буридан лозим аст, то он инкишоф ёбад. Мавсуф қайд намуд, ки бояд ба ҷойҳои буридашуда оҳак молида шавад. Зеро он аз ҳашаротҳои зараррасон муҳофизат мекунад. Имрӯзҳо баъзе аз нафарон ба ҷойи буридашуда хок ва лой мемоланд, ки ин қатъиян манъ аст. Агар ба ҷойҳои буридашуда оҳак намолем, он хушк шуда, макони ҳашароти зараррасон мегардад.

Барои нашъунамои хуб ёфтани ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан мумкин аст. Масалан, зери дарахти зардолуи ҳосилдор ҳангоми сахт шудани донак ба миқдори 300 - 400 грамм селитра ва ё мочевина рехтан лозим аст, зеро ин амал барои ҳосили хуб мусоидат мекунад. Агар ҳосили ниҳоли зардолу нимпаз бошад, пас аз он об мондан лозим нест. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ба боғ бояд дар моҳҳои декабр ва январ яхоб монда шавад. Зеро ин амал бино ба ақидаи мавсуф ниҳолро карахт нигоҳ медорад ва аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад.

Инчунин, ба нарм намудани зери ҳар як бех ниҳол аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зараре нарасад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh