ШУДГОРИ САРИВАҚТӢ - ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Сари вақту хушсифат шудгор намудани замин омили ба даст овардани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми шудгор кардан хок дуруст майда монда, пору ва алафҳои бегона зери хок шуда ба пору табдил меёбанд. Шудгор дар ҳавои сард тухми ҳама намуди алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасонро, ки ба афзоиши зироатҳои кишоварзӣ халал ворид менамояд, пурра нест месозад.

Ҷараёни шудгори замин имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома дорад. Дар вилоят то ба санаи 24 – уми ноябри соли равон дар 50167 гектар замин шудгор гузаронида шудааст.

Хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят тасмим гирифтанд, ки аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, ба ҷараёни шудгори замин вусъат бахшанд. Масалан, кишоварзони шаҳри Конибодом то ин дам бо 12 техника 1445 гектар замини кишоварзиро шудгор намудаанд.

 Тавре сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Фахриддин Қодиров зикр дошт, шудгори замин дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бомаром ҷараён дорад. Барои ҳосили баланд гирифтан моро лозим аст, шудгори хушсифатро ба роҳ монда, қабати ҳосилхези заминро аз ҳама гуна ҳашароти зараровар тоза намоем. Ба гуфти мутахассисон, пас аз шудгор, агар замин ях бандад, ҳама гуна ҳашарот нобуд хоҳад шуд.

- Агар мо дар моҳи декабр шудгорро ба анҷом расонем, замин пурқувват ва аз нури офтоб баҳраманд гардида, хусусиятҳои биологии он зиёд ва барои баланд шудани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд. Хоҷагидорони ноҳия нақша доранд, то ях бастани замин шудгори тирамоҳиро пурра ба анҷом расонанд, - мегӯяд номбурда.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh