ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН БА ДАСТАРХОНИ СОКИНОН

Ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 24 - уми октябри соли 2020 дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ярмарка аз ҷониби намояндагони навоҳии кишоварзии вилоят анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои аз 20 то 30 фоиз аз бозор арзонтар пешниҳоди сокинон шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти ярмарка боздид намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровонтар намудани номгӯи маҳсулот супориш дода, таъкид дошт, ки бояд нархи маҳсулот аз бозор арзон бошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ярмарка асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, карам, гӯшт, биринҷ, орд, маҳсулоти шириву қаннодӣ пешкаши сокинон гардонида шуд. Нархи як халта орд 210 сомонӣ, як кило гӯшти гов 40 сомонӣ, гушти гӯсфанд 50 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ, картошка аз 2,70 то 3 сомонӣ, пиёз 1,40 сомонӣ, 5 литр равған 70 сомонӣ, биринҷ 9,50 сомонӣ ва мош 10 сомонӣ арзиш доштанд. Дар ярмарка кишоварзону хоҷагидорони вилоят маҳсулоти зиёди кишоварзиро пешниҳоди харидорон намуданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh