Қадршиносии пахтакорони зафарманд

Ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ

24 октябри соли 2020 дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» маросими мутантани ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ дар соли равон байни шаҳру навоҳии пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин давра пахтакорони ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ ва Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолибият ба даст оварда, соҳиби мукофоти пулӣ гардиданд. Ҳамзамон, ба механизатор ва чинакчиёни беҳтарин, роҳбарони хоҷагиҳои пешқадам маблағи пулӣ ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Ба ифтихори ғолибони мусобиқа Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар вилоят ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ   бобати мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта чораҳои судманд роҳандозӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки пахтакорони вилоят соли равон тибқи дурнамо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол намуданианд. Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят то ба санаи 20 октябр ба хирман 94 ҳазору 262 тонна «тиллои сафед» рехта шуд, ки ба 72,8 фоизи дурнамо баробар мебошад.

Барои бунёди ин хирман, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров саҳми бештар гузоштаанд. Онҳо ҳар рӯз ба ҳисоби миёна баробари 2,2 – 2,7 фоизи дурнамои солона пахта ҷамъ оварда, ба ҳосилғундорӣ суръат зам намуданд ва пешқадамони арсаи меҳнат мебошанд.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки дар ин давра деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонии «Элёр» - и ноҳияи Ашт, «Иҷоракор» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Озодҷон» - и ноҳияи Зафаробод, «Ҳоҷидеҳқонбой» - и ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Гули шодӣ» - и ноҳияи Мастчоҳ, «Зарбдор» - и шаҳри Конибодом ва «Турдиқул ҳоҷӣ» - и ноҳияи Спитамен ва дар маҷмӯъ дар миқёси вилоят 3648 хоҷагии кишоварзӣ нақшаи дурнамои пахтасупориро таъмин намудаанд.

Тибқи маълумоти фаврӣ ҳамарӯза дар ҷамъоварии пахта беш аз 53,3 ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён иштирок ва наздик 2 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда истодаанд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як чинакчӣ 35-36 килограммӣ рост меояд.

Раиси вилоят даъват ба амал овард, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳашарчиёни ҳимматбаланд дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта фаъолона ширкат варзида, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ҳосили расида то пағаи охирин ҷамъ оварда шавад.

- Боварии комил дорам, ки кӯшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ғундоштани ҳосили пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба истиқболи солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати тоза ҷараён гирифта, онҳо соли 2020 - ро бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст менамоянд, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар маъракаи ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ, ҳамчунин  раиси ноҳияи Спитамен Теъмур Нӯъмонзода, раиси Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов Акмал Мансуров ва сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид» Додохони Эгамзод сухан ронда, бобати тавсеаи корҳои саҳроӣ, таъмини саривақтии дурнамои пахтасупорӣ ва ҳиммати баланди кишоварзони метнатқарин ҳарф заданд.

Мухтори Абдулло,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

Add comment


Security code
Refresh