Боздиди Раиси вилоят аз майдони шолӣ ва боғоти ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов

30 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо рафти ҷамъоварии шолӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ошно шуд.

Тавре маълум аст, дар вилояти Суғд ба кишту парвариши шолӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, дар шаҳру навоҳии Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов бештар кишти шолӣ ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои масъулини соҳаи кишоварзии вилоят соли равон дар 9200,3 гектар парвариши шолӣ ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 208 гектар зиёд мебошад.

Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосил оғоз ёфта, хоҷагидорон бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ба ғунучини ҳосил машғуланд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов ва соҳаи кишоварзии вилоят баҳри пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосил, ҷалби бештари даравгарон ба кор ва захираи биринҷ, ки аз маҳсулоти серхаридори соҳаи кишоварзӣ мебошад, дастуру супоришҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят аз боғи хурмои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуда, бо боғдорон суҳбат орост. Таъкид карда шуд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1404 гектар боғҳои гуногун, аз ҷумла 40 гектар боғи хурмо мавҷуд аст. Боғпарварон бо меҳнати шабонарӯзии худ даромади хуб ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро беҳтар мегардонанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат изҳор дошт, ки имрӯзҳо кишоварзони вилоят бо оғози фасли тирамоҳ ба ҷамъоварии анвои гуногуни зироату меваҷот саргарм буда, самараи ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи хешро дида истодаанд.

-Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамод, - иброз дошт, Раиси вилоят ва афзуд, ки заҳмату талош ва меҳнати шабонарӯзии кишоварзон шоистаи таҳсин аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh