Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар 5800 гектар пахта кишт гардида, имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосил муташаккилона ҷараён дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳия рафти ҷамъоварии пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, дар ғуну чини ҳосил ба кишоварзон кӯмаки амалии худро расонид. Тавре зимни боздиди Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Элдор” иттилоъ дода шуд, дар ноҳия ҳамарӯза беш аз 300 тонна пахта чида шуда, то имрӯз 2660 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини суҳбат бо кишоварзону чинакчиён ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил дастур дода, ба пешқадамони маъракаи пахтачинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Таъкид карда шуд, ки барои ҳавасманд намудани чинакчиён бояд барои ҳар кило пахтаи чидашуда 70 дирамӣ пардохт карда шавад.

Аснои сафар Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунии "25-солагии Истиқлолият” ва “Органик Ян” шинос гардид. Чуноне мушоҳида карда шуд, дар корхонаҳои зикршуда барои қабули ҳосили имсолаи пахта шароит муҳайё карда шуда, коркарди он бо маром идома дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаҳо барои қабул ва коркарди пурраи пахта супоришҳо дода, барои баланд бардоштани маоши коргарон ва мунтазам ҳавасмандкунии онҳо супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh