Дасти ёрӣ ба марди деҳқон

Ҷамъоварии «тиллои сафед» дар вилоят бомаром ҷараён дорад. Барои бе талаф ҷамъ намудани он имрӯз масъулини хоҷагиҳои кишоварзӣ кӯшиш доранд, то меъёри муқарраршударо таъмин созанд.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта кормандони идораву ташкилотҳои гуногуни вилоят барои кӯмак ба марди деҳқон ба ҳашари умумии пахтачинӣ ба бригадаи №13 – уми ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Fафуров баромаданд.

Кормандони идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» низ ба чиниши пахта ҳамроҳ шуданд. Мухбирони рӯзнома И.Кӯчиев, М.Ҳомидов ва Н.Мухторов дар ғунучини пахта ғайратмандӣ зоҳир намуданд. То нисфирӯзӣ ду бордони трактор аз пахта пур шуда, ба корхонаҳои коркард фиристода шуд.

Айни ҳол дар саҳро пахта шукуфон буда, интизори чидан аст. Аз маъракаи ғунучини он дар саҳифаҳои минбаъда маълумоти бештар хоҳем дод.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh