Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23 сентябри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта ва рафти қабули он аз ҷониби корхонаҳои коркард ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод.

Тавре маълум аст, имрӯзҳо дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд ҷамъоварии пахта идома дошта, тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят то имрӯз 16 ҳазору 429 тонна “тиллои сафед” ба хирман рехта шудааст.

Раиси вилоят аснои сафар ба бригадаи №2-и Кооперативи тиҷоратии ба номи Турсунбой Қушатови Ҷамоати деҳоти Исмоил ташриф оварда, бо пахтакорон суҳбат орост. Қайд карда шуд, ки бо назардошти ашёи муҳим будани пахта майдони кишти он сол аз сол зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли он низ зиёд гардида истодааст.

Бо мақсади таъмини корхонаҳои коркарди пахта ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти аз пахта тайёршуда соли равон дар вилояти Суғд дар майдони 58177 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, аз тарафи олимону мутахассисони соҳа якҷо бо масъулини шаҳру ноҳияҳо рафти парвариши зироат тибқи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла шудгори тирамоҳии замин, ворид намудани нуриҳои минераливу органикӣ, сари вақт таъмин намудани оби полезӣ ва нобуд кардани ҳашароти зараррасон зери назорати доимӣ қарор гирифт.

Чуноне зимни суҳбат ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Турсунбой Қушатов 830 гектар пахта кишт карда шудааст ва ин нишондод нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Дар умум заминҳои кооператив 1123 гектарро дар бар гирифта, бештар аз ҳазор гектари онро боғу токзор ташкил медиҳад.

Кишоварзон тасмим доранд, ки соли равон 2400 тонна пахта истеҳсол намоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон бар ба бари чинакчиён истода, дар ҷамъоварии ҳосили имсола ба марди деҳқон кӯмаки худро расонид. Инчунин ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят тақдим карда шуд.

Дар мавсими нави ғунучини пахта ба фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, дар вилоят 42 корхонаи коркади пахта фаъолият доранд. Яке аз чунин корхонаҳо ҶДММ “Хуҷандагро-2018” аст, ки аснои сафар Раиси вилоят бо фаъолияти он шинос шуд.

Корхонаи мазкур дар масоҳати 6 гектар бунёд гардида, солҳо инҷониб фаъолияти назаррас дорад. Бо назардошти оғози мавсим дар корхона то 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Раиси вилоят зимни боздид аз ин корхона дастур дод, ки ҳамаи чигити истеҳсолгардида барои истеҳсоли равған истифода карда шавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh