ШАҲРИСТОН: ДУРНАМО ИСТЕҲСОЛИ ЗИЁДА АЗ 60 ҲАЗОР ТОННА КАРТОШКА

Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими нархи картошка дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ, дар мавсими имсола нисбат ба васеъ намудани масоҳати кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дурнамои кишти картошка ба 15900 гектар пешбинӣ гардид.

Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзии вилоят дар ин бахш дар майдони 15632 гектар кишти картошка ҷойгир намуданд, ки 97,3 фоизи нишондоди пешбинишударо дарбар гирифта, нисбат ба соли сипаришуда 437 гектар кам мебошад. Дар натиҷа дар давраи ҳисоботӣ паст рафтани ҳаҷми истеҳсоли картошка, ба ҳолати санаи 1-уми августи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 77 ҳазору 10 тонна картошка истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 916 тонна кам мебошад. Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бошад тибқи маълумоти оморӣ 53 ҳазору 399 тонна картошка истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли гузашта 7 ҳазору 212 тонна кам шудааст.

Кишоварзони ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Шаҳристон тавонистанд, ки дар ду ҳазору як гектар кишти босифати картошка доир намоянд. Ин нишондиҳанда ҳарчанд аз ҳамин давраи соли гузашта ҳазор гектар зиёд аст, лекин аз дурнамои кишти соли равон 653 гектар кам мебошад. Нисбат ба дурнамо кам шинонида шудани тухмии картошка кишоварзонро заррае ҳарос ва яъсу ноумедӣ нагузошт. Картошкапарварон имрӯз азми зиёд гардонидани ҳосилнокии майдонҳои картошка кишткардаро дар замир мепарваранд ва бо мақсади амалисозии паймони хеш каландию обёрӣ ва озуқадиҳии мазраъҳоро бо азми дучанд роҳандозӣ намуданд. Дар ин маврид хоҷагидорон бештар аз маслиҳатҳои судманди олимони соҳаи картошкапарварӣ, пирони кор ва мутахассисони раёсати кишоварзии ноҳия баҳравар мегарданд. Гузашта аз ин бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, олимону мутахассисони бахши суғдии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо картошкапарварон ҳамкории дутарафаи хуб доранд.

Бояд гуфт, ки имрӯз нашъунамои картошка дар 2 ҳазору 300 хоҷагии деҳқонию инфиродию оилавӣ, 13 кооперативи истеҳсолию тиҷоратии ҷамоату деҳоти Шаҳристон ва Бунҷикат, хоҷагиҳои давлатии тухмипарварию ниҳолпарварӣ, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, хоҷагиҳои ёрирасони шуъбаи марориф ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ густурда ба назар мерасад.

Кооперативи истеҳсолию тиҷоратии ба номи Мардонқул Шукурови ноҳия соли равон дар 30 гектар замин кишти картошка гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 гектар зиёд мебошад.

Картошкапарварони ноҳияи Шаҳристон соли равон аз ду ҳазору як гектар майдони картошка, рӯёнидани зиёда аз 60 ҳазор тонна картошкаи аз ҷиҳати эколлогӣ тозаро дурнамо интихоб намуда, ба ин васила ният доранд, ки бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳуриро таъмин намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh