Нишондиҳанда ва бурду бохти чор сохтори муҳим

Дар толори Кумитаи идораи замини вилоят нишасти матбуотии чор сохтор, аз ҷумла Кумитаи идораи замини вилоят, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят доир гардид.

Дар оғоз Ҷамшед Умарзода, раиси Кумитаи идораи замини вилоят доир ба натиҷаҳои фаъолияти кумита дар шаш моҳи соли ҷорӣ маълумот дод. Номбурда гуфт, ки дар ин давра аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 ҳазору 742 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 1562,51 гектар муайян карда шуда, ба ҳамаи онҳо оид ба бартарафкунии қонуншиканиҳо дастур дода шудаанд.

Нисбат ба 2 ҳазору 638 адад қонуншикании ҷойдошта протокол ва қарорҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 1 миллиону 210 ҳазору 326 сомонӣ ҷарима ҳисоб карда шуд, ки аз он 925 ҳазору 803 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо пардохт шуд.

Лозим ба қайд аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришудаи 2019 маблағи ҷаримаҳои басташуда 118 ҳазору 76 сомонӣ ва воридоти он 30 ҳазору 688 сомонӣ зиёд мебошад.

Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят зимни баромади худ зикр намуд, ки ҷиҳати сари вақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят 4,2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки аз он ноҳияҳои Зафаробод - 1,9 миллион сомонӣ, Мастчоҳ - 300 ҳазор сомонӣ, Ашт - 1 миллион сомонӣ, Ҷаббор Расулов - 300 ҳазор сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров - 500 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳавӣ дар мавзеи Рухак 200 ҳазор сомонӣ дастрас шуд.

Маблағҳои воридшуда барои омода намудани пойгоҳҳои обкашии «Деҳмой – 4» ва «Родник – 2» - и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва пойгоҳҳои обкашии «Рухак – 1» - и ба номи Исмоил Қоҳиров, «Рухак – 2», «Фарҳод -3», «Юбилейнқй – 1» ва «Юбилейнқй – 2» равона шуд, ки ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов мусоидат менамояд.

Дар ноҳияи Ашт маблағҳои ҷудошуда барои аз лойқа тоза намудани ҳавзҳои пойгоҳҳои обкашии АНС-1, АНС-3, АНС-4 ва харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ барои таъмири дастгоҳҳои обкашии ноҳия равона шудааст. Инчунин, барои бартараф намудани садамаи дар пойгоҳи обкашии АНС-1, ки санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо қатъ гардидани барқ боиси зери об мондани дастгоҳҳои обкашии пуриқтидор гардид, сарф шуд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ маблағи ҷудошуда барои харидорӣ наму- дани қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ барои таъмири дастгоҳҳои обкашии пойгоҳҳои обкашии «Дилварзин-1», «Дилварзин-2», «Дилварзин-3» ва силсилаи пойгоҳҳои обкашии «Янтоқ»-и ноҳия равона шудааст, ки барои таъминоти оби полезии ноҳия мусоидат менамояд. Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ, ки бо дастгирии ташкилоти «Хелвитас», «Ҳамкории Олмон» ва «Актед» дар ҳавзаи дарёи Сир амалӣ гардида, дар таъминоти минтақа бо оби полезӣ мусоидат намуда истодааст.

Тибқи ин лоиҳа, дар пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ду дастгоҳи фарсудашуда ба дастгоҳҳои нави обкашӣ бо муҳаррикҳои барқии каммасрафи самаранокиашон баланд аст бо маблағгузории лоиҳа иваз шуд, ки барои таъминоти оби полезии минтақаи Деҳмой мусоидат намуд.

Инчунин, Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят зимни баромади худ қайд намуд, ки раёсат ва шуъбаю бахшҳои зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешбурди назорати давлатӣ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» бо мақсади таъмини назорати давлатӣ дар самти ҷамъоварӣ, безараргардонӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор корҳои муаянеро иҷро намуданд. Дар ин давра 69 санҷиши соҳавию амалиёт гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргашта ба роҳбарони корхонаю муассисаҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандон 82 пешниҳоди хаттӣ дода, то айни замон бо назардошти пешниҳодҳои қаблӣ 78 ададаш иҷро гашт. Нисбат ба 14 нафар қонунвайронкунанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 2146 сомонӣ ҷаримабандӣ намуда, аз он то ин дам 1450 сомонӣ ситонида шуд.

Доир ба фаъолияти шашмоҳаи соҳаи кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода, сардори шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ҳисобот дода, зикр дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми июли соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят наздик ба 2,1 миллиард сомонӣ расид, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,5 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 999 миллион сомонӣ ё 104,5 фоиз ва соҳаи чорводорӣ 1,1 миллиард сомонӣ ё 112,4 фоиз таъмин шуд.

Сипас, намояндагони васоити ахбори ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ба пурсишҳои худ вобаста ба бурду бохти фаъолияти чор сохтори муҳими вилоятӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh