Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Нури Спитамен” ва “Исломбой саркор”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен аз хоҷагиҳои деҳқонии “Нури Спитамен” ва “Исломбой саркор”-и Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Андарсой” боздид намуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Нури Спитамен” соли 2006 ташкил шуда, дар он 111 нафар саҳмдор фаъолият намуда истодаанд. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 210 гектар замин буда, аз он 115 гектар заминҳои корами обиро ташкил медиҳад.

Дар хоҷагии деҳқонии “Нури Спитамен” дар 60 гектар гандум, 14 гектар пахтаи навъи “Хуҷанд-67”, 10 гектар нахӯд ва 30 гектар ҷав кишт шудааст.

Аъзои хоҷагӣ пас аз дарави ғалла кишти такрории зироатҳоро гузаронида, тасмим доранд, ки ҳосили хуб ба даст оваранд.

Хоҷагии деҳқонии “Исломбой саркор” бошад дорои 17 гектар замин буда, дар он 15 саҳмдор фаъолият доранд. Хоҷагидорон дар заминҳои худ боғ ташкил намуда, ҳамзамон маккадон, пиёз ва 12 гектар пахтаи навъи туркӣ кишт кардаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз майдони пахтаи хоҷагӣ барои гузаронидани коркарди агротехникӣ ва химиявӣ ҷиҳати пешгирии таъсири ҳашароти зараррасон ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh