Кишоварзӣ рушд меёбад

Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Шаҳристон дар майдони беш аз ду ҳазор гектар бо риояи қоидаҳои пешрафтаи агротехникӣ ва истифода аз тухмиҳои серҳосил кишти картошка гузаронида шудааст. Дар ноҳия рӯзҳои гарм каму намнокӣ ва сардӣ зиёд буда, гузаронидани кишти такрорӣ ғайриимкон мебошад, лек коргарону иҷоракорони Кооперативи истеҳсолии тиҷоратии ба номи Умар Сулаймонов ва саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ, оилавии деҳаи Себзори Ҷамоати деҳоти Бунҷикат картошкаи барвақтиро ҷамъоварӣ намуда, ба гузаронидани кишти зироатҳои кишоварзӣ омодагӣ мегиранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар кооперативи мазкур 22 гектар кишти барвақтии картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 гектар зиёд мебошад. Кишоварзон дар 12 гектар замини аз ҳосил холигардида кишти такрории ҷуворимакка, арзану шалғам, сабзию дигар зироатҳои давраи нашъунамояшон кӯтоҳро ба хотири захираи фасли зимистон коштаву парвариш намуда истодаанд. Шаҳристон бо вуҷуди ноҳияи наздикӯҳӣ маҳсуб ёфтан заминҳои лалмию чарогоҳҳояш ҳазорҳо гектарро ташкил медиҳад. Бинобар мусоиду сербориш омадани аввали баҳори соли равон дар чарогоҳҳо алаф хуб сабзид. Имрӯз кишоварзон бо истифода аз ҳосили дилхоҳ тавассути техникаҳои мухталифи кишоварзӣ алафҳои табииро ҷамъоварӣ ва захира намуда истодаанд. Ин амал дар зиёда аз 4 ҳазор гектар чарогоҳҳои Кооперативи истеҳсолии тиҷоратии ба номи Умар Сулаймонов ва хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Себзори Ҷамоати деҳоти Бунҷикат густурда роҳандозӣ гардида, 564 нафар саҳмдору 240 адад хоҷагии деҳқонии инфиродию оилавӣ ва коргарону иҷоракорони Кооперативи ба номи Умар Сулаймонов ҳамарӯза тавассути тракторҳои даравкунанда алафҳои табииро даравидаю хушконида, ҷиҳати зимистонгузаронии чорвои ҷамъиятӣ захира намуда истодаанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh