Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент

13 июли соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар намуда, бо рафти корҳои саҳроӣ ва ҷараёни бунёдкориҳо ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос гардид.

Дароғози сафар Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Вору бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигии шаҳрванд Ҷамшед Қурбонов мароқ зоҳир намуд.

Оилаи Қурбоновҳо чун дигар сокинони меҳнатқарини Панҷакент заминҳои корамро самаранок истифода бурда, бо меҳнати шабонарӯзӣ ҳосили фаровон ба даст меоранд. Аҳли заҳмати ин оила дар замини назди ҳавлии хеш маҳсулоти гуногуни кишоварзиро кишту парвариш намуда, ҳосили аввалро ҷамъоварӣ ва барои кишти дуюм омодагӣ мебинанд.

Зимни боздид ба таҷрибаи бойи ин оила дар самти мақсаднок истифода намудани замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят ҳолати мелиоративии заминҳои хоҷагиҳои инфиродии деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералиро мавриди назар қарор дод. Тибқи иттилои масъулин дар ин мавзеъ 660 хоҷагӣ дорои замин буда, дар садҳо гектар маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад. Дар гузашта бархе аз саҳмдорон бо сабаби набудани оби полезӣ шикоят намуда буданд. Аммо масъулини Раёсати беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Панҷакент, Раёсати кишоварзӣ ба Раиси вилоят маълумот доданд, ки дар ин самт мушкилӣ ба назар намерасад. Ягона мушкилӣ пардохт нашудани 600 ҳазор сомонӣ ҳақи истифодаи об аз тарафи ассотсиатсияи истифодабарандагони оби полезии ин мавзеъ аст.

Раиси вилоят супориш дод, ки масъулини идораи замин ва Раёсати бехдошти замин ва обёрӣ масъаларо баррасӣ намоянд ва дар сурати ошкор шудани мушкилот дар мавриди норасоии оби полезӣ ва бо ин сабаб холӣ мондани заминҳои корам нисбати шахсони масъул чораандешӣ карда мешавад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ҷамъоварии картошка бо маром идома дорад. Раиси вилоят аснои шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагии деҳқонии “Дашти Малла” бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбат намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити куҳсори Тоҷикистон истифодаи мақсадноки ҳар порча замин амри зарурӣ мебошад. Ба хусус, дар шароити имрӯза, ки хуруҷи бемории сироятии коронавирус мардуми сайёраро ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ намудааст, пурсамар меҳнат намудан дар замин ва руёнидани ҳосили фаровон хеле муҳим мебошад.

Пасон Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Тӯраев” боздид намуда, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани кишти такрорӣ тавсияҳои муфид дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh