Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара ҷараёни корҳои саҳроиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Тухмипарварии Чоркӯҳ» ва Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» шинос гардид.

Чуноне аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, дар Кооперативи тиҷоратии «Тухмипарварии Чоркӯҳ» 262 гектар замини корами обӣ ва 411 гектар боғ, аз он 346 гектар боғи зардолу мебошад. Ин кооператив ба қатори хоҷагиҳои беҳтарин дохил шуда, дар самти истеҳсоли ғалла яке аз пешқадамҳо маҳсуб меёбад.

Кооператив асосан ба истеҳсоли ғалла, картошка, сабзавот машғул мебошад. Соли гузашта дар кооператив дар майдони 80,8 гектар кишти гандум гузаронида шуда, 518 тонна ҳосил гирифта шудааст, ки ҳосилнокии миёнаи он зиёда аз 64 сентнерро ташкил медиҳад. Имсол бошад дар 107 гектар кишти тирамоҳии гандум гузаронида шудааст ва кишоварзон нақша доранд аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна зиёда аз 65 сентнерӣ ҳосили гандум ҷамъоварӣ намоянд. Деҳқонони кооператив инчунин 127 гектар картошка, 74,7 гектар шолӣ, 28 гектар сабзавот кишт карда, ба чорводорӣ низ машғуланд. Ба иттилои масъулин дар Кооперативи тиҷоратии «Тухмипарварии Чоркӯҳ» 185 сар моли калон, аз он 70 сар модагов парвариш карда мешавад.

Дар Кооперати витиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» бошад 271,03 гектар замини корами обӣ ва 629,91 гектар боғ мавҷуд аст. Хоҷагидорони кооператив ба ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд.

Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» ба шабакаи хоҷагиҳои зотпарвар шомил карда шуда, дар ин хоҷагӣ 425 сар чорвои хушзоти сиёҳ–алои типи тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Сол то сол дар ин хоҷагӣ саршумори чорвои хушзот ва маҳсулнокии модаговҳо зиёд шуда истодааст. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ ба санаи 01.07.2020 дар хоҷагӣ 425 сар моли калон, аз он модагов 140 сар буда, истеҳсоли шир - 261,5 тонна ва гӯсолагирӣ 86 сарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи ҳисоботи оморӣ кишоварзони хоҷагӣ соли ҷорӣ дар майдони 241,13 гектар кишти баҳорӣ гузаронидаанд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, самаранок истифода бурдани замин, эҷоди навъҳои серҳосили гандум ва дар маҷмуъ беҳтар намудани нишондиҳандаҳо тавсияҳои муфид дод.

Ёдовар бояд шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории Исфара 125,8 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 101,6% таъмин гардид.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1931 тонна гӯшт, 14165 тонна шир, 2117 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 19,7 тонна, 218,3 тонна ва 268 ҳазор дона зиёд мебошад.

Саршумори моли калон 44677 сар, аз он модагов 28635 сар, моли майда 47004 сар, асп 378 сар ва парранда 70044 сарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ кишти зироатҳои баҳорӣ дар сектори ҷамъиятӣ дар майдони 4425,4 га гузаронида шудааст, ки аз он зироати картошка – 1075,4 гектар, шолӣ – 252 гектар, ҷуворимакка (барои дон) – 603,7 га, офтобпараст – 559,7 га, карам – 20,4 га, сабзӣ – 61,1 га, помидор – 387,5 га, дигар сабзавотҳо – 18,8 га, полезиҳо – 29,4 га ва зироатҳои хӯроки чорво 1493,5 гектарро ташкил медиҳад.

Кишоварзон ба ғунучини маҳсулоти кишоварзӣ шурӯъ намуда, то ҳол 2029 тонна картошка, 515,5 тонна сабзавотиҳо, аз ҷумла 119 тонна карам, 139 тонна бодиринг, 111,5 тонна сабзӣ, 76 тонна помидор ва 9147,2 тонна меваҷот ҷамъоварӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh