Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ҳолати кунунии пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Таъмини кишоварзон бо оби полезӣ гарави фаровонҳосилӣ буда, барои сари вақт омода кардани пойгоҳҳои обкашӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад.

Барои пойгоҳи обкашии “Дилварзин-1” низ соли равон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Маблағи ҷудошуда барои харидории таҷҳизоту муҳаррикҳои нав сарф шуд ва мушкили норасоии оби полезӣ бартараф карда шуд.

Кишоварзони ноҳия бо истифода аз оби ҳаётбахш зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт карда, бо меҳнати шабонарӯзии хеш дар амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ мебошад,  саҳм гузошта истодаанд.

Ба гуфти кишоварзону масъулини соҳа айни замон барои таъминоти саривақтии заминҳои корами ҳудуди ноҳия мушкилӣ надоранд ва ҳар порча замини хоҷагиҳои деҳқониву ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh