Фермаи моли калони шохдори ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

30 июни соли 2020 дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи моли калони шохдори ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ширкат варзиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати фермаи чорводории моли калони шохдори хоҷагӣ 8 гектар буда, он аз 5 оғилхона, 6 шипанги баҳорона, анбор барои захираи хӯроки чорво, ошхона ва бинои маъмурӣ иборат мебошад. Соли ҷорӣ бинои оғилхонаи 1 ва 2, шипанги баҳоронаи 1 ва 2, анбор, бинои маъмурӣ, ошхона аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Тибқи иттилои масъулини бахши кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саршумори умумии моли калони шохдори фермаи ҷамъият 377 сарро ташкил дода, аз он модагов  147 сар мебошад. Дар ферма чорвои калони шохдори зоти сиёҳалои типи тоҷикӣ парвариш карда мешавад.

Соли 2019-ум мувофиқи фермаи чорводории хоҷагӣ 2320 тонна шир истеҳсол шудааст. Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз як сар модагов ба 1982 литр баробар аст.

Шумораи кормандони фермаи чорводорӣ 17 нафарро ташкил дода, аз он 7 нафар занҳо мебошанд. Музди миёнаи моҳонаи кормандони фермаи чорводорӣ 580 сомониро ташкил медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки масоҳати умумии замини ҶСШК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 17221 гектарро ташкил дода, аз он корами обӣ 2504 гектар, корами лалмӣ 274 гектар, 603 гектар боғот, 1717 гектар чарогоҳ ва дигар заминҳо 12123 гектар мебошад.

Шумораи умумии саҳмдорон 586 нафарро ташкил дода, аз он 280 нафар занҳо мебошанд.

Дар хоҷагии мазкур 2 фермаи чорводорӣ, парки тракторӣ ва автомобилӣ, 27 бошишгоҳи саҳроӣ, техникаю машинолотҳо мавҷуд мебошанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh