Нашъунамои пахта: вазъ чӣ гуна аст?

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар пешрафти соҳаи саноати сабуки кишвар нақши асосиро дорост. Бобати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат баҳри мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии он, инчунин бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук дар вилоят як силсила тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

Бино ба иттилои намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуҳаким Қаландаров, соли 2020 бояд кишоварзони вилоят тибқи дурнамои пешбинигардида дар майдони 60 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронанд. Ба санаи 4 – уми июни соли равон дар майдони 59600 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ин 99,3 фоизи дурнамои кишти пахтаро ташкил медиҳад. Кишти пунбадона алҳол дар ноҳияи Зафаробод бомаром ҷараён дорад. Кишоварзони ноҳия то имрӯз дар майдони 14284 гектар кишт гузарониданд, ки 97,2 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Бо номусоид омадани обу ҳавои имсола дар ин ноҳия кишти пунбадона ба таъхир гузошта шуда буд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳамин давраи соли гузашта дар майдони 58815 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда буд, ки 98 фоизи нақшаи пешбинамударо дарбар мегирифт. Бино ба маълумоти масъулини соҳа, имсол дар майдони 3330 гектар кишти дубораи пунбадона гузаронида шуд. Аз ҳамин лиҳоз то ҳол дар 2447 гектари киштшуда пахта насабзидааст.

Асосан кишоварзони пахтакори вилоят навъи серҳосили чигити маҳаллию хориҷӣ, ба монанди “Флория”, “Флеш”, “АДН -123”, “Чуансу”, “Синзиян”, “Ориёӣ”, “Неъмат”, “Сорбон”, “Хуҷанд - 67”, “Деҳқонбобо”, “Зуҳал”, “Тезпур” кишт намудаанд.

Имрӯз майдонҳои пахтазор сабзишу нашъунамои хуб дошта, дар он корҳои агротехникӣ мувофиқи талабот хуб ба роҳ монда шудааст. Дар заминҳое, ки имрӯз пахта пурра сабзидааст, майдони 11090 гектар дар ҳолати аз 1 то 2 - барга, 19380 гектар дар ҳолати аз 3 то 4 - барга, 17635 га дар ҳолати 5-6 - барга ва майдони 8739 гектар дар ҳолати шонабандӣ қарор доранд. Кишоварзон бо риояи корҳои агротехникӣ дар майдони 71963 гектар коркарди байни қаторҳо, 43331 гектар ягонакунӣ ва дар майдони 31893 гектар озуқадиҳӣ гузарониданд.

Пахтакорони вилоят кӯшиш доранд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо кишти тухмиҳои хушсифати пахта ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Инчунин, аз обу ҳавои муносиб истифода бурда, ҳарчӣ барвақт кишти пунбадонаро ба итмом расонида, ният доранд, ки бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва вазъи мусоид истеҳсоли ашёи саноатиро нисбат ба соли гузашта зиёд намоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh