Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил»

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Далёни боло бо фаъолияти аъзои хоҷагии деҳқонии «Шердил» шинос гардид.

Хоҷагии деҳқонии «Шердил» дорои 8,50 га замин буда, дар он 9 нафар саҳмдор фаъолият доранд. Дар хоҷагии мазкур 2,5 га боғи интенсивӣ ташкил гардида, навъҳои гуногуни себ, гелос, шафтолу ва сиёҳолу парвариш карда мешавад. Инчунин дар 1,40 га чормағзи туркӣ нигоҳубин карда шуда, дар байни қатори боғот пиёз, помидор, лаблабу, сабзӣ, бодиринг, қаланфуру картошка кишт шудааст.

Аъзои хочагӣ ҳамзамон ба кишти картошка низ таваҷҷуҳи хос дошта, имсол дар 3,70 га анвои серҳосили картошкаро кишт кардаанд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзон иброз дошт, ки ҳар як деҳқон бояд заминро самаранок истифода бурда, бо назардошти иқлими минтақа зироатҳои кишоварзиро кишту парвариш намояд. Зеро таъмини амнияти озуқавории кишвар аз фаъолияти деҳқонон вобастагӣ дошта, бидуни истифодаи оқилонаи замин наметавон ба ҳадафи стратегӣ расид.

Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки ғалла дар заминҳои лалмӣ кишт карда шуда, заминҳои обӣ барои истеҳсоли картошка истифода гардад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh