Боздид аз вазъи парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи наздиҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов

Самаранок истифода бурдани замини қитъаҳои наздиҳавлигӣ барои беҳтар гаштани шароити рӯзгори ҳар як хонадон мусоидат менамояд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат имрӯзҳо сокинони деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмой иқдомҳои шоистаро амалӣ менамоянд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз қитъаи наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев - сокини деҳаи Заркор боздид намуд. Дар ҳавлии ӯ 4 гармхона сохта шуда, помидор ва лимӯ парвариш карда мешавад. Бинобар маълумоти Ғулом Тӯрабоев самара- нок истифодабарии қитъаи наздиҳавлигӣ ба ӯ имконият дод, ки рӯзгори худро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин намуда, аз ҷиҳати иқтисодӣ низ фоидаи хуб ба даст орад. Дар натиҷаи оқилона муносибат намудан ба замин имрӯз оилаи ӯ аз ҳеҷ чиз танқисӣ надорад. Ғайр аз гармхона дар майдони ҳавлӣ кар- тошкаи барвақтӣ ва поле- зии тарбузу харбуза кишт намудааст, ки ҳоло нашъунамои хуб доранд. Дарахтони олуча бошад, ҳосили фаровон ба бор овардаанд, ки алҳол занҳои хонадон бо омода кардани афшура машғуланд.

Дар ҳавлӣ боз фермаи хурди чорводорӣ низ мавҷуд буда, 14 сар моли ширдеҳ парвариш карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар як шабонарӯз зиёда аз 100 литр шир ба корхонаҳои коркарди шири шаҳри Хуҷанд дастрас мегардад.

Раиси вилоят ба фаъ- олияти босамари аҳли хонавода баҳои баланд дода, ба сарвари оилаи намунавӣ қолин туҳфа кард. Зикр карда шуд, ки бояд ҳар як сокини вилоят аз чунин оилаҳои намунавӣ ибрат гирифта, қитъаҳои замини наздиҳавлигиро пурсамар истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh