Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 30-юми майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Деҳмой -1» шинос шуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифодабарии замин, рӯёнидини ду - се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бо ташаббуси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ду адад агрегати пуриқтидори пойгоҳи обкашӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ворид карда шуд.

Дар пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» алҳол васлкунии агрегатҳои пуриқтидори муосир ҷараён дорад. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки ин дастгоҳҳои пуриқтидор барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии зиёда аз 3000 гектар заминҳои кишоварзӣ истифода бурда мешавад. Заминҳои кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов бинобар фарсуда шудани дастгоҳҳои обкашӣ солҳои охир аз таъминот бо оби полезӣ танқисӣ доштанд. Дар ноҳия тавассути панҷ пойгоҳи обкашӣ 12 500 гектар замин обёрӣ мешавад.

Ин иқдоми Раиси вилоят саривақтӣ буда, дар мавсими имсола танқисии оби полезиро аз байн мебардорад ва барои рӯёнидани ҳосили фаровон мусоидат менамояд.

Дар минтақаи Рухак дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз нав барқарор шуда истодааст.

То имрӯз зиёда аз 400 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, дар он кишти полезӣ, лӯбиёгӣ, ғалладонагӣ, боғу токзори нав бунёд гардид, ки бо насб шудани дастгоҳҳои муосир, обёрии ин минтақа боз ҳам беҳтар мегардад ва барои барқарорсозии заминҳои нав замина мегузорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, то дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин корҳои васлу насби дастгоҳи обкаширо ба итмом расонида, таъминот бо оби полезиро мунтазам ба роҳ монанд. Ҳамчунин, бинои пойгоҳи обкаширо таъмири капиталӣ намуда, корҳои ободониро ба иҷро расонанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh